Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
(Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30.05.2024)
Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» рушди устувори минбаъдаи кишвар дар шакли «Индустриалию инноватсионӣ» пешбинӣ гардидааст. Дар ин замина, ҳаллу фасли вазифаҳои зерин ҳамчун, самтҳои афзалиятноки расидан ба ҳадафи гузошташуда муайян гардидаанд:
- Инкишофи равандҳои фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ;
- Рушди низоми дастгирии иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории инноватсионӣ;
- Навсозии инфрасохтори инноватсионӣ (паркҳои технологӣ, технополисҳо), бунёди инфрасохторе, ки барои пайдо шудани стартапҳо мусоидат мекунад;
- Тарғиб намудани бартариятҳо ва мазмуну мантиқи рушди соҳибкории инноватсионӣ;
- Ба манфиати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мутобиқ намудани мавзуъ (лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ);
- Ташаккули маданияти фарҳанги соҳибкории инноватсионӣ;
- Тақвияти дастгирии давлатии молиявию иқтисодии фаъоляти соҳибкории инноватсионӣ, бахусус тавассути андозбандии мувофиқ, пешниҳоди қарзу субсидияҳо, содагардонии тарифҳо ва боҷи давлатӣ, инчунин ҳавасмандӣ ба коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ҳадди ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда;
- Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ҷорӣ намудани хатҳои нави технологӣ ва баланд бардошани иқтидори содиротии кишвар, бахусус, дар заминаи афзоиши маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот нигаронидашуда;
- Фароҳам овардани замина ҷиҳати коҳиш додани арзиши хизматрасониҳои молиявӣ хароҷотҳои амалиётӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионии фаъолияти соҳибкорӣ.
Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ бешубҳа, баёнгари нақши муҳим доштани рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории инноватсионӣ дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои муайянгардида, бахусус гузариш ба модели «Индустриалию инноватсионӣ» мебошад.
Бо ин мақсад дар кишвар як зумра барномаву стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» мавриди татбиқ қарор дорад. Илова бар ин, Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоотӣ, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ Маркази инноватсионии соҳаи биология ва тиб, Маркази инноватсионии тиҷоратӣ РЕАК дар заминаи маблағгузории Барномаи тиҷорат ва инноватсияи Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир (FCDO), «Фонди рушди инноватсия ва саноат», КВД «Саноатсодиротбонк» ва МД «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» фаъолият менамояд, ки ин бешубҳа далели возеҳи мавҷуд будани замина ё инфрасохтори дарстгирии давлатии соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар мебошад.
Айни замон дар қонунгузории амалкунандаи кишвар ҷиаҳати таъмини рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ, эҷодкорӣ ва ворид намудани хатҳои нави технологӣ-инноватсионӣ, як силсила имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидааст, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:
- Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсионию технологӣ. Дар доираи низоми мазкур субъектҳое, ки ба фаъолияти инноватсионию технологӣ машғуланд, ба истиснои пардохти андози иҷтимоӣ, ки аз пардохти ҳама гуна андозҳо озод мебошанд, инчунин, воридоти таҷҳизоти инноватсионию технологӣ, ки бевосита барои эҳтиёҷоти худии чунин субъектҳо истифода карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда низ озод карда мешавад;
- Аз пардохти ААИ озод будани воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо, ки маҷмуи ягонаи технологиро ташкил медиҳанд.
- Ба муҳлати то 12 сол аз пардохти андоз ААИ, боҷи гумрукӣ, низоми содакардашудаи андозбандӣ ва пардохти андози молу мулки ғайриманқул озод будани корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд;
- Корхонаҳои навтаъсис, ки ба коркарди саноатии пӯст, пашм, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ ба маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, ба муҳлати то 5 сол аз пардохти андози зикргардида озод карда мешаванд;
- Агар ҳаҷми сармоягузориҳо дар корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда ба чунин меъёрҳо баробар бошад, ба муҳлатҳои зерин аз пардохти андоз аз фоида озоданд:
- аз 200 ҳазор то 500 ҳазор доллари ИМА, ба муҳлати 2 сол;
- аз 500 ҳазор то 2 миллион доллари ИМА, ба муҳлати 3 сол;
- аз 2 то 5 миллион доллари ИМА, ба муҳлати 4 сол;
- зиёда аз 5 миллион доллари ИМА, ба муҳлати 5 сол.
Аммо, бо вуҷуди он, ки дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ мунтазам тамоюлҳои мусбат ба назар расад ҳам, вале сифати рушди он, аз ҷумла тавассути ҷалби ҳарчи бештари бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ бо дарназардошти икониятҳои мавҷуда ҳанӯз қонеъкунанда набуда, дар ин самт ҳоло ҳам як қатор мушкилоту масъала ва монеаҳои ҳалталаб ҷой дорад, ки муҳимтарини онҳоро дар маҷмуъ, чунин хулоса намудан мумкин аст:
- Сатҳи зарурӣ фаъолият накардани паркҳои илмӣ–инноватсионӣ–истеҳсолӣ–техникӣ–таҷрибавии дар назди муассисаҳои илмию тадқиқоти қарордошта. Тибқи маълумот, ҳоло дар назди донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тақрибан 24 адад Паркҳои технологӣ амал мекунанд. Аммо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла камчинии мутахассисони варзида, сатҳи нокифояи маблағгузорӣ, худмаблағгузор будани онҳо, куҳнаву фарсуда гардидани техникаю таҷҳизот, набудани талабот, бахусус фармоишгар ба маҳсулоти истеҳсолгарида, паркҳои илмӣ–техникӣ–таҷрибавӣ дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи замон фаъолият надоранд. Ҳол он, ки дар ин самт санадҳои меъёриу ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» амал мекунанд.
- Тибқи таҳлилҳо ҳоло дар кишвар зарфияти хуби рушди соҳибкории инноватсионӣ вуҷуд дорад. Дар ин самт ширкатҳое ҳастанд, ки босуръати баланд рушд намуда, ҳаҷми капитализатсияашон дар як сол ба то 20 дарсад арзёбӣ мегардад, вале шумораи онҳо бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашудаи ба содирот нигаронидашуда қонеъкунанда нест.
- Ҳарчанд, ки дар кишвар давра ба давра шумораи коргоҳу корхонаҳои аҳаммияти истеҳсоливу хизматрасонидошта мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дошта бошанд, ҳам вале маълумоти омории инъикоскунандаи натанҳо ҳаҷми маҳсулоти тавассути инноватсия истеҳсолшуда, балки шумораи корхонаву соҳибкорони дар ин самт фаъолияткунанда ба таври алоҳида чандон дастрас нест. Яъне ҳиссаи коргоҳу корхонаҳои инноватсионӣ, дар шумораи умумии корхонаҳо, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда, инчунин, ҳиссаи маҳсулоти инноватсионӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли молу маҳсулот, кор ва хизматрасонииро метавон зикр намуд. Ҳол он, ки дар кишвар чунин марказу корхонаҳо фаъолият доранд.
- Суръати нисбатан пасти ташаккулёбии низоми муосири тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамбастагии шарикии давлат бо бахши хусусӣ, бахусус, дар заминаи инкишофи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.
- Сармоягузории нокифоя ба рушди НИОКР. Ба андешаи мо баъзе аз сабабҳои асосии чунин вазъ, ба таъсири омилҳои зерин вобаста мебошад, аз ҷумла ҳавасманд набудани соҳибкорон ва сармоягузон ба татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ–техникии аз ҷониби олимони ватанӣ таҳиягардида дар фаъолияти худ. Ҳоло дар кишвар ба ғайр аз маблағузории давлатӣ сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, аз ҷумла бахши хусусӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон мавҷуд нест. Илова бар ин, қариб дар ҳамаи корҳои илмӣ–таҳкиқотӣ ҳиссаи хароҷоти таҷҳизот хеле кам аст, ки ин барои мустаҳкам ва устувор намудани базаи моддию техникӣ кифоя нест.
- Норасоии сатҳи маблағгузории аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ин самт. Тибқи маълумот ҳоло ҳаҷми маблағгузории ба рушди илм дар кишвар ҳамагӣ 0,1 дарсади ММД–ро ташкил медиҳад. Ҳарчанд, ки ҳаҷми мабалғгагузорӣ ба рушди соҳаи илм аз 58 ҳазор сомонии соли 1992 то ба 225 миллион сомонӣ дар соли 2024-ум баробар гардида бошад, ҳам вале ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ин нишондиҳанда дар кишварҳои Туркманистон мутаносибан ба 3–3,5, Ӯзбекистон 2,0 Федератсияи Русия 1,1, Қазоқистон 0,13, ва Қирғизистон 0,6–0,9 дарсадро дар бар мегирад.
- Тибқи таҳлилҳо, алҳол тадбирҳои аввалиндараҷаи сиёсати пешгирифтаи кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта, аслан, ба дастгирии рушди инноватсия, бахусус тавассути кумакпулиҳо равона карда шудаанд. Масалан, дар ИМА ҳаҷми кумакпулиҳо ба дастгирӣ ва рушду инкишофи фаъолияти инноватсионӣ равонагардида солона ба ҳисоби миёна 2,8–3 дарсади ММД кишварро ташкил медиҳад. Дар ин мамлакат ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин самт ба 36,2 дарсади ММД баробар аст. Аммо ин вазъ натанҳо дар кишвари мо, балки дар дигар кишварҳои ҳамсоя низ чандон назар нест.
- Сатҳи пасти ҳавасмандӣ ба ташкили корхонаҳои хурди инноватсионӣ, мавҷуд набудани фармоишгар, бахусус, аз ҷониби бахши хусусӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон ба натиҷаҳои иҷрои корҳои илмӣ–таҳқиқотии воқеан, амалишавандаи хусусияти инноватсионӣ дошта, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникӣ дар истеҳсолот, инчунин, тиҷоратикунонии сусти коркардҳои илмию техникӣ. Ҳол он, ки дар ин самт аз соли 2022-ум инҷониб Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» дар кишвар амал менамояд.
- Сатҳи нокифояи ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, робитаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот тибқи талаботи замони муосир.
- Тибқи таҳлилҳо, ҳоло дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ҳиссаи корхонаҳои хурди инноватсионӣ дар шумораи умумии корхонҳои хурд ва саноат (80%), бахусус, саноати коркард (15%), инчунин ҳаҷми навигариҳои ба вуҷуд овардашуда (30%), корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ (20%) ва таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (60%)-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо натанҳо дар кишвар мо, балки дар тамоми кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Русия низ чандон назарас нест. Масалан, Русия, ки дорои имкониятҳои васеи иқтисодиву молиявӣ мебошад, ин рақамҳо мутаносибан 5–6, 5-2, 2-3 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба кишварҳои Ғарб аслан муқоисанашаванда мебошад.
- Ҳарчанд, ки ҳоло ҳиссаи саноати коркард дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар тақрибан 60 дарсадро ташкил диҳад, ҳам вале дарёфти нишондиҳандаҳо натанҳо саҳми корхонаҳои хурду миёнаи инноватсионӣ дар маҳсулоти истеҳсолгардида, балки ҳаҷми хароҷоти онҳо ба НИОКР низ чандон мавҷуд нест ё дар сатҳи хеле паст қарор дорад.
Дар фарҷом, бо дарназардошти факту рақамҳои баён гардида, хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳоло сатҳи натиҷаҳои иҷрои корҳои илмӣ–таҳқиқотии хусусияти инноватсионӣ дошта ва татбиқи васеи натиҷаҳои илмӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникӣ дар истеҳсолот, инчунин, масъалаҳои тиҷоратикунонии он ва дар маҷмуъ, фаъолияти инноватсионӣ, бахусус, дар бахшҳои истеҳсолӣ бо сабабу омилҳои зикргардида ҳанӯз ҳам дар марҳалаи рушд қарор дошта, мисли пештара чун масъалаи ҳалношуда боқӣ мемонад.
Ба андешаи мо, чунин омилҳои манфӣ ва дигар сабабҳои ҷойдошта имкон намедиҳанд, ки тиҷорати хурди инноватсионӣ ва корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ ва конструкторӣ дар кишвар ба таври муассир рушд намуда, раванди робитаи устувори илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқи дастовардҳои олимону ихтироъкорон дар истеҳсолот мутобиқ ба талаби замон таъмин карда шавад.
Одиназода А.И.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон