(дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон)

Масъалаи коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат, рушди неруи барқароршаванда ва табдил ба кишвари сабз ҳамеша мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Хусусан, зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: «бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд»

Боиси хушнудӣ аст, ки  Сарвари давлат барои таъмини кори муътадили соҳаи саноати хоҷагии кишоварзӣ, самаранокӣ он, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин ва дигар захираю имконияти зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноат, ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар, истеҳсоли ҳарчи бештари неруи барқароршаванда пайваста ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, ба фаъолони ҷомеа вохӯриҳои судманд доир менамоянд.

Бо дарназардошти ин, санаи 24-25 –уми майи соли равон вохӯрии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо сокинон баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо Сарвари кишвар таъкид намуданд: “шиддат гирифтани вазъиятҳои буҳронӣ дар ҷаҳони муосир, аз ҷумла даргириҳои мухталифи минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодию тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии давомдор моро водор месозад, ки тамоми захираҳои мавҷударо ба таври муассир истифода барем, то иқтисоди Тоҷикистон тобовар гардида аз таъсири манфии омилҳои беруна амнияти иқтисодӣ ва амнияти озуқавории кишварармонро ҳифз намоем.”

Ҳамзамон, дар ин сафари пурбарори худ Сарвари кишвар якчанд иншоотҳои муҳимми аҳаммияти иқтисодию иҷтимоидоштаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, барои дар сатҳи баланду сифатнок, иншоотҳоро сохта ба истифода супоридани масъулин маслиҳатҳо доданд. Аз ҷумла, Маркази такмили ихтисос дар ҷамоати деҳоти Корез, оғози бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, маркази бисёрсоҳаи тандурустӣ дар ноҳия, бинои мактаб-интернат дар деҳаи Корез, сехи истеҳсоли маводҳои шустушӯйи «Мушки Модар», корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Усто Файзалӣ», боғи ҷамъиятӣ ва Майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳаи Ғарғара, ифтитоҳи маркази табобату ташхисӣ дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара аз ҷумлаи ин иншоотҳо ба ҳисоб мераванд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Насими диёр» диданро оғоз намуда, аз рафти сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази ноҳияи Данғара боздид ба амал овардаанд.

Инчунин дар мулоқотҳояшон Президенти мамлакат бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қайд карданд, ки дар чор моҳи соли 2024 дар кишвар ба маблағи 5 миллиарду 158 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 дарсад зиёд мебошад. Тибқи маълумоти моҳҳои январ-апрели соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 2 миллиарду 350 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 8 дарсад зиёд мебошад.

Албатта ин пешравиҳо хурсандиовар мебошад, аммо ҳоло ҳам бо назардошти ҳадафҳои стратегӣ ва имкониятҳои минтақа ин моро қонеъ гардонида наметавонад. Дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли зироатҳо дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла: дар Норак — 56 дарсад, Темурмалик — 29, Данғара — 11, Кӯшониён — 9, Панҷ — 6 дарсад, маҳсулоти чорво кам шуд. Дар ноҳияи Ёвон — бештар аз 7 дарсадро ташкил мекунад, зикр намуданд Президенти кишвар.

Бо дарназардошти пешравиҳои назаррас ҳоло ҳам мушкилот дида мешавад, аз ҷумла:

  • дар вилоят барои партовгоҳ миқдори зиёди замин мавҷуд буда, майдони онҳо 16 ҳазор гектар, аз ҷумла заминҳои обӣ — бештар аз 14 ҳазор гектарро ташкил медиҳад;
  • дар ин шароит 18 стансияи насосӣ кор намекунад, ки ин боиси хушк шудани зиёда аз 5 ҳазор гектар замин гардид;
  • дар соли 2023 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сабаби ғайриқаноатбахш будани корҳои иқтисодӣ, қариб 900 гектар замини корами обӣ аз истифодабарии кишоварзӣ мондааст.
  • Таъкидҳои Сарвари давлат бештар дар он асос буданд, ки ҳарчи зиёдтар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ беҳтар карда шавад. Ҳамзамон, Сарвари давлат иброз намуданд, ки то 17 май дар вилоят қариб 200 ҳазор гектар ё худ дар 97 дарсади заминҳои пешбинишуда, кишти баҳорӣ анҷом дода шуда бошад ҳам, иҷрои дурнамои кишти картошка, ҳамагӣ 80 дарсад, зироатҳои полизӣ 93 дарсад ва зироатҳои хӯроки чорво — 87 дарсад айни замон ташкил медиҳад
  • Аз ҷумла, кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон: дар Муъминобод – ҳамагӣ 16 дарсад, Шамсиддини Шоҳин – 25, Ховалинг – 38, Бохтар – 49 ва Балҷувон – 66 дарсадро ташкил дод. Иҷрои дурнамои кишти картошка дар Роғун ҳамагӣ – 5 дарсад, Варзоб – 8, Файзобод – 21, Рашт – 30, Тоҷикобод – 33, Лахша – 58, Нуробод – 45, Сангвор – 55, Ҳисор – 59 ва Рӯдакӣ – 70 дарсадро ташкил додааст.
  • Илова бар ин, дурнамои кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳо пурра таъмин нашудааст: Масалан, дар ноҳияи Ваҳдат – ҳамагӣ 17 дарсад, Рӯдакӣ – 57 дарсад, Шаҳринав – 60 дарсад ва Ҳисор – 71 дарсад, ки ин нишондиҳандаҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Мушкилоти дигар ин вазъияти истеҳсоли гӯшти парранда дар кишвар мебошад, ки таасуфовар аст. Истеҳсоли гӯшти парранда дар кишвар дар моҳҳои январ-апрели соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад кам шуда, ҳамагӣ 12,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон истеҳсоли гӯшти парранда 2,8 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 ҳазор тонна ё 31 дарсад кам шудааст.
  • Як қатор корхонаҳои мурғпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ истеҳсоли тухмро кам кардаанд. Аз ҷумла, истеҳсоли гӯшти парранда дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби корхонаҳои мурғпарварии «Бекҳамто» 927 тонна, ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «Мурғи Оби» 59 тонна ва “Муҳаммад Амин” 23 тонна, дар ноҳияи Вахш 68 тонна кам истеҳсол шудааст. Кӯлоб — 31 тонна ноҳияи Кушониён — 66 тонна тухм дар ин сол истеҳсол шудааст. Дар ноҳияи Панҷ 1 миллиону 900 ҳазор дона, дар шаҳри Сарбанд 118 ҳазор дона ва дар ноҳияи Ёвон 132 ҳазор дона кам шудани истеҳсоли тухм ба назар мерасад.
  • Пешвои муаззами миллат, таъкид намуданд, ки тамоми супоришҳои қаблан додашуда, ва тамоми камбудиҳои мавҷударо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ бартараф намуда ва оҷилан бартараф карда шавад.
  • Мусаллам аст, ки вилояти Хатлон яке аз вилояти сераҳолитарини кишвар буда, дар ҳолати самаранок истифода бурдани иқтидорҳо, он метавонад 70 дарсади озуқавории кишварро таъмин намояд. Ин ҳам бошад, тавассути интенсивӣ ва инноватсионӣ афзоиш додани сатҳи ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Яке аз роҳҳои асосии беҳтар гардидани сатҳи ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ дар ин вилоят ин пеш аз ҳама тариқи обмонии қатрагӣ мебошад. Барои беҳтар гардидани ин самт пеш аз ҳама зарурат пеш меояд, ки истеҳсоли воситаҳои обмонии қатрагиро дар ин вилоят маҳсусан, дар ноҳияи Данғара афзоиш дода шавад.
  • Ногуфта намонад, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд буда, он воситаҳои обмонии қатрагие, ки дар соҳаи кишоварзӣ мавҷуданд ба таври кофӣ истеҳсолоти онро ба роҳ монда метавонад. Маҳсулоти хомашро бошад аз партовҳои пластикии вилоят ё шаҳру ноҳияҳои он ба роҳ мондан самарабахш мебошад. Дар вилояти Хатлон ҳазорҳо тонна партобҳои пластикӣ мавҷуданд, ки ин яке аз мушкилоти авалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва ба роҳ мондани коркарди авалиндараҷаи он (махусан, истеҳсоли воситаҳои обмонии қатрагӣ) метавон се мушкилотро бартараф намуд; (афзоиш додани воситаҳои обмонии қатрагӣ, бартараф кардани мушкилоти партовҳо ва коҳиш додани майдонҳо барои партоб.

Албатта, ҳар чӣ қадар зарфияти мавҷудбудаи ноҳияро ба таври зарурӣ истифода намоем тамоми мушкилоти ҷойдошта бартарафшаванда аст. Бо дарназардошти он, ки иқлими ноҳияи Данғара нисбатан гарм мебошад нигоҳдории маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мушкил мебошад.Тибқи оморҳо накамтар аз 17 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ ҳар сол ба бозор нарасида талаф меёбад. Аз ин хотир, барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ сохтумони сардхонаҳоро зарур медонем. Дар ин самт мушкилот ҷой дошта метавонад (ба монанди мушкилоти неруи барқ, ки арзиши аслии маҳсулотро баланд мегардонад), аммо бо истифода аз неруи барқароршаванда метавонад ин кор ҳалли худро ёбад. Ҳар як сардхона тавассути панелҳои офтобӣ метавонад аз манбаъҳои барқароршаванда дар фасли гармо бе неруи барқ кор карда маҳсулоти заруриро дар он нигоҳ дорад. Дар ин маврид арзиши асли на он қадар баланд гардида самаранокии сардхонаҳо зиёд мегарданд.

Сарвари давлат  ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қайд намуданд: “Барои таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо молҳои зарурӣ, ба қадри кифоя истеҳсол кардани он, роҳ надодан ба баланд шудани нархҳои беасос, ба роҳ мондани кори бефосилаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳар як роҳбарону масъулон бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд”.

Бо истифодаи чунин мақсадҳои нек, Пешвои миллат дар доираи фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар қисмати ғарбии минтақаи озоди иқтисодии Данғара, барои бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ, 22 гектар замин ҷудо намуданд, ки оғози корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа марҳилаи аввал моҳи июли соли ҷорӣ ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти ширкат ба бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ нигаронида шудааст, ки ҳаҷми сармоягузорӣ дар чор марҳила 2 миллиард доллари ИМА ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии ин лоиҳаи муосири корхонаи саноатӣ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа моҳи марти соли 2025 марҳалаи аввалинаш ба анҷом расида, дар натиҷа истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ бо иқтидори 5 ҳазор мегаватт истеҳсол карда мешавад.

Ҳамин тавр, ташкили истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар ин корхона барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди сабз тавассути бунёди неругоҳҳои барқӣ бо истифода аз манобеи барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ҷорӣ намудани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин раванд имкон медиҳад, ки истифодаи неруи офтоб, махсусан дар фасли тобистон самаранокии бештар медиҳад. Чунин иқтидоре, ки аз панелҳои офтобӣ мегирем, имконияти аз 500 ҳазор то ба 1 млн хоҷагиро бо неруи барқ таъмин намуда метавонад. Ҳамзамон, зарфияти ҳазорҳо сардхонаро бо неруи барқароршаванда имконияти таъмин намуданро дорад. Аз ин лиҳоз, барои боз ҳам самаранок ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти босубот, пеш аз иҷроиши таъкиду супоришҳои Президенти мамлакат кишвар ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад.

  н.и.и Рустамҷони С.Қ.
Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқотии стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед