Рӯзи 29 майи соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ–амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он», баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии вазъи кунуни тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, дастрасии онҳо аз имтиёзҳою грантҳо ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва дар ин замина пешниҳоду тавсияҳо барои рушди соҳибкории занон дар шароити имрӯза аст.
Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви АМИТ Усмонзода Хайриддин Усмон ифтитоҳ карда, зикр намуданд, ки дар баробари чорабиниҳои гуногуни тавонбахшии рушди иқтисоди мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Амалисозии ислоҳот тавассути ба роҳ мондани тадбирҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди имтиёзҳо ба шаклҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ, баланд бардоштани имкониятҳои сармоягузорӣ ба кишвар, баланд бардоштани шаффофият дар санҷиши фаъолияти иқтисодии корхонаю шаҳрвандон, мукаммалгардонии низоми ҷалби сармоя барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, баландбардории малакаҳои касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва ғайра татбиқ мегардад.
Аз ҷумла, дастгирии рушди соҳибкориро Президенти мамлакат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 барои таъмини рушди иқтисоди мамлакат хеле муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд: “Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи милли рушд барои давраи то соли 2030” ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд”.
Мавсуф қайд намуданд, ки татбиқи чунин амалҳо тайи солҳои охир имконияти таъмини бозори истеъмолию хизматрасонӣ, афзудани иқтидори содиротии мамлакат, эҷоди ҷойҳои нави кориро васеъ намуданд. Дар ин самт нақши соҳибкории занон ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.
Таъкид намуданд, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои мушаххас шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар пайваста тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2023-юм беш аз 356 ҳазор, аз ҷумла занҳои соҳибкор зиёда аз 85 ҳазор ададро ташкил намуда, нисбат ба панҷсоли қаблӣ тақрибан аз 5 то ба 10 дарсад зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз итминони комил дорам, ки масъалаҳои таҳлилу баррасишудаи мутахассисону коршиносон, ки имрӯз дар конфронси мазкур ироа мегарданд, ба рушди минбаъди соҳаи мазкур аз манфиат орӣ набуда, барои ҳалли мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар таъмини рушди соҳибкории занон мусоидат хоҳад кард.
Сипас мушовири Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Абдурауф Ҷӯраев дар мавзуи “Ислоҳот дар самти соҳибкории занон ва татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини директори Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, Фирӯзмуҳаммад Саидов дар мавзуи “Масъалаҳои рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Маҳмудов дар мавзуи “Фаъолияти соҳибкории занон ҳамчун омили рушди соҳаҳои иқтисодии иҷтимоии кишвар”, муовини Департаменти қарздиҳии КВД бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Шаҳноз Исмоилова дар мавзуи “ Саҳмгузории КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар рушди соҳибкории занон”, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқова Аниса дар мавзуи “ Рушди соҳибкории занон: вазъ,мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” зимни суханрониҳояшон ба масъалаҳои арзёбии вазъ ва тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, арзёбии сатҳи бархӯрдории занҳои соҳибкор аз имтиёзу сабукиҳои ҷойдошта ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар самти таъмини рушди соҳибкории занон ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар суханрониҳо зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи пайвастаи ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиии ҷомеа, бахусус соҳибкориро яке аз омилҳои пешбарандаи рушди босубот ва амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар медонад. Дар робита ба ин, муосидат ба рушди соҳибкории занон низ яке аз ҳадафҳои рушди иқтисодии мамлакат дониста шуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муфид роҳандозӣ мешаванд. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат соҳаи мазкурро дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус, тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занонро муайян кардааст.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинии мазкур иштирокчиён ба музокира баромада, доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру андеша ва таклифу тавсияҳои худро вобаста ба вазъи кунунии фаъолияти соҳибкории занон, масъалаҳои ҳалталаб ва баъзе роҳҳои имконпазири ҳаллу фасли масоили ҷойдоштаро дар рушд ва тақвияти самти соҳибкории занон дар соҳаҳои гуногуни мамлакат баён намуданд.
Дар интиҳо конфронсро директори Марказ Хайриддин Усмонзода, ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъол изҳори сипос намуданд.
Ҳамоиш дар фазои якдигарфаҳмӣ ва самимият баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон