Тошкент, Узбекистон. Имрӯз (24 май) дар Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ (ИБОМ-МИЦА) Конфронси коршиносӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо: рӯзномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи амният» баргузор гардид. Ҳамоишро ИБОМ ба таври муштарак бо Иттиҳоди Аврупо баргузор намуд. Дар кори ҳамоиш беш аз 100 нафар намояндагони вазорату идораҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва таҳқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат намуданд.

Ҷониби Аврупоро Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала, ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо Бартян Вегтер, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон Шарлотта Адриан, Раиси Гуруҳи кории Шурои Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм, инчунин ҳамоҳангсозони барномаҳо ва роҳбарони лоиҳаҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣшаванда ва дигар коршиносони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, ки дар формати Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ кор мекунанд, намояндагӣ намуданд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамоиши мазкур коршиносони ниҳодҳои таҳлилӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Инчунин аз Тоҷикистон дар ҳамоиши муштараки Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо сардори Раёсати омӯзиши масъаъаҳои амнияти минтақавӣ Шарифзода Саидҳомид Сафар ва сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ораз ширкат варзиданд.

Дар рафти ҳамоиш Шарифзода Саидҳомид дар мавзуи “Ҳамкории Осиёи Миёна – Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бар зидди хавф ва таҳдидҳои амниятӣ: нигоҳе аз Тоҷикистон” баромад намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ яке аз кишварҳои ташаббускор ба ҳисоб рафта, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба мубориза ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, маблағгузории терроризм ва мудирияти сарҳад, инчунин эътирофи “Раванди Душанбе” ба сифати платформаи муҳими таҳлилу баррасии масоили амниятӣ, инъикосгари саҳми бузурги Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти амнияти байналмилалӣ мебошад.

Инчунин, дар рафти суханронӣ оид ба таҳдиду чолишҳои замони муосир ба монанди рушди ноустувор ва нобаробари иқтисодӣ, вусъати терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи нашъадор ва силоҳ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, густариши ифротгароии сиёсию мазҳабӣ, инчунин тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ ибрози андеша гардид.

Ҳамзамон, Шарифзода Саидҳомид иброз намуд, ки дар баробари хатару чолишҳои мазкур, ҳамчунин омилҳое вуҷуд доранд, ки ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон таҳдид менамоянд, ки он ҳам наздикии Тоҷикистон ба минтақаҳои хушунатбор, манбаъҳои зуҳури терроризм, ифротгароӣ ва маҳалҳои тавлиди воситаҳои нашъадор, инчунин тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар минтақа маҳсуб мешаванд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар доираи манфиатҳои мутақобилан судманд баён менамояд. Дар робита бо ин гуфта шуд, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, яке аз шарикони муҳими худ мешуморад ва талош хоҳад кард, ки бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судмандии мутақобил густаришу инкишоф диҳад.

Таъкид шуд, ки ҳоло Тоҷикистон ҳамкории гуногунсамтаро бо ниҳодҳои гуногуни Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Шурои Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва созмону сохторҳои дигар ба роҳ мондааст. Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба соҳаи амниятро дар доираи чунин барномаҳо, ба монанди БОМКА, КАДАП ва ЛЕЙКА мунтазам баррасӣ менамоянд.

Инчунин, Муртазозода Ораз дар мавзӯи “Дастгирии бозори меҳнат ҳамчун авлавияти рушди иқтисодии Тоҷикистон” баромад намуда, иброз дошт, ки дастгирии бозори меҳнат омили муҳими рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар робита ба ин ҳар сол дар соҳаҳои кишоварзӣ, хизматрасонӣ, маориф ва дигар соҳаҳо ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд.

Бар замми ин, дар давраи ҷаҳонишавӣ раванди муҳоҷират бо дониши амиқ ба суръати рушди иқтисодиёти кишварҳо созгор буда, дар саросари ҷаҳон афзоиши суръати он яке аз тамоюлҳои асосии системаи муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Муҳоҷират яке аз навъҳои ҳаракати ҷаҳонии асри 21 ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, бо татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар фазои орому осуда ва суботи сиёсӣ масъалаи вусъат додани шуғли пурмаҳсул дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардида, Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани зиндагии осоишта бо усулҳои инноватсионӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Иброз гардид, ки тамоюли муҳоҷират натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ хос аст. Аз ин рӯ, густариши ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо аз Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тақозо мекунад, ки равобити дӯстонаи худро дар самти муҳоҷират таҳким бахшанд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед