Вазъи ҷаҳони муосир ҳамоно мураккаб ва печида боқӣ мемонад. Раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёдро барои ҷавонон ба миён овардааст. Тамоми кишварҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи худро ба масъалаи ҷавонон равона карда истодаанд, чунки ояндаи ҳар як кишвар ба ҷавонон вобастагии ногусастанӣ дорад. Зеро ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбаранда ба ҳисоб мераванд. Имрӯз ҳам дида мешавад, ки манфиатҷӯёни байналмилалӣ ва баъзе аз кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани ақли ҷавонони кишварҳои рӯ ба рушд барномаҳои гуногуни таблиғотиро ба роҳ монда истодаанд. Аз  ин рӯ, дилхоҳ кишвар талош дорад ҷавонони худро аз ҳама гуна хатару таҳдид ва мағзшӯии беруна эмин нигоҳ дорад.

Қобили зикр аст, ки ба масъалаи ҷавонон натанҳо кишварҳои рӯ ба рушд, балки кишварҳои абарқудрат низ таваҷҷуҳ доранд ва барои тарбияи ҷавонон тамоми имкониятҳои худро истифода менамоянд. Мисоли инро мо дар кишварҳои Чин, Русия, Амрико ва дигар мамлакатҳои пешрафта дида метавонем.

Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2017 дар таърихи навини худ нақшаи мухтасари рушди кутоҳмуддат ва дарозмуддати ҷавонони Чин барои солҳои 2016 – 2025-ро интишор кард. Дар он аввал ба масъалаи идеология ва ахлоқи ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Инчунин, Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2022 дар асоси лоиҳаи “Мубодилаи ҷавонони чинӣ ва ҷавонони хориҷӣ” конфронси байналмилалии мубодилаи ҷавононро баргузор намуд.

Дар қонуни сиёсати давлатии ҷавонони Федератсияи Русия бошад, таваҷҷуҳ ба мафҳумҳои ҷавонон, оилаи ҷавон ва  иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонон равона шудааст. Аҳолии Русия аз ҷиҳати демографӣ рӯ ба камшавӣ дорад, барои ҳамин ҳукумати кишвари мазкур дар доираи сиёсати ҷавонон ба оилаҳои ҷавон то соли 2025 авлавият додааст. Мушкилоти ҷавонони Русия ин бекорӣ, вазъи бади саломатӣ, оиладорӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва амсоли инҳо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ба масъалаи ҷавонон натанҳо дар шароити муосир, балки дар даврони қадим ва асрҳои миёна ҳам олимону донишмандон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Аз ҷумла, Аристотел, Макиавели, Гоббс, Монтеске, Руссо ва дигарон. Арасту доир ба ҷавонон чунин гуфта: “Ҳама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ новобаста аз вазъи мураккаби кишвар таваҷҷуҳи махсус нисбат ба ҷавонон дорад. Масалан, ба вазъи душвори ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, Роҳбари давлат бо ҷавонон вохӯрӣ баргузор менамуд ва сиёсати давлатии ҷавонон дар авлавияти кории Ҳукумат қарор дошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҷавонон ва тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар суханрониҳои худ пайваста чунин таъкид месозад: “Мақсади сиёсати давлатии мо дар соҳаи кор бо ҷавонон аз тарбияи кадрҳои маданию маълумотдор ва мутахассисону наслҳои дараҷаи дониши васеъдошта ва ватандӯст иборат аст. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дуруст тарбия намудани насли наврас мутобиқи талаботи замон мебошад, ки моҳияти миллии сиёсати давлатии моро дар соҳаи кору тарбия бо ҷавонон ифода менамояд”.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат ба соҳаи маориф, ки тарбиятгари насли наврас мебошад, диққати ҷиддӣ медиҳад. Имрӯз бо дастгирии ҳукумату давлат беш аз 40 ҳазор нафар дар хориҷи кишвар таҳсили илм менамоянд. Ҳамзамон, барои кишфи истеъдодҳои нав, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамасола баргузор гашта истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазирӣ ҷомеа ба  ҳисоб рафта, барои худшиносию боло бурдани ҳисси ватанпарастии онҳо бояд корҳои таблиғотиро ҷоннок намуд. Барои ҳамин,  масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва сиёсиву идеологии ҷавонон дар авлавияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷавонони худогоҳ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ бояд саҳми боризи худро  гузоранд.

Тоҷикистон барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” қабул намуд. Инчунин, барои устувор намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон як қатор консепсия, стратегия ва қонунҳоро “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” ва “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳо қабул намудааст.

Дар маҷмуъ, ҷавонон неруи бузурги бунёдгару созандаи кишвар мебошанд ва ояндаи давлату миллат низ ба онҳо вобастагӣ дорад. Биинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед