Субҳи имрӯз аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Хайридин зимни баргузории ҷаласаи корӣ дар шароити тантанавӣ ба сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ – Маъруф Абдуҷабборов шаҳодатномаи «профессори Мактаби сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Институти тадқиқоти Осиёи Марказии Донишгоҳи Ланзоу» ва шаҳодатномаи «профессори Маркази таҳқиқоти “Як камарбанд – як роҳ”-и Донишгоҳи Ланзоу» тақдим гардид.
Директор Усмонзода Хайридин таъкид намуд, ки “тамоми муваффақиятҳои кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ, пеш аз ҳама муваффақияти худи Марказ мебошад. Аз ҷумла, аз ҷониби ҳамтоёни чинӣ тақдим шудани ин ду шаҳодатнома ба намояндаи Марказро мо дастоварди ниҳоди таҳқиқотии худ мешуморем”.
Ёдовар мешавем, ки санаи 18 апрели соли 2024 дар шаҳри Ланзоу бо ташаббуси Институти тадқиқоти Осиёи Марказии Донишгоҳи Ланзоу конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Муносибати Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ҳамкории минтақавӣ: равандҳо ва дурнамо» баргузор шуд.
Дар конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ – Маъруф Абдуҷабборов ширкат варзида дар мавзуи «Тоҷикистон ва Чин: афзалиятҳо ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар пасманзари авзои тағйирёбандаи ҷаҳон» суханронӣ кард.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Институт ба намояндаи Маркази тадқиқоти стратегӣ – Маъруф Абдуҷабборов шаҳодатномаи «профессори Мактаби сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Институти тадқиқоти Осиёи Марказии донишгоҳи Ланзоу» ва шаҳодатномаи “профессори Маркази таҳқиқоти “Як камарбанд – як роҳ”-и Донишгоҳи Ланзоу” тақдим гардид.
*****
Бояд зикр намуд, ки Институти тадқиқоти Осиёи Марказии донишгоҳи Ланзоу яке аз муассисаҳои бонуфузи илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии мардумии Чин буда, ба омӯзиши масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ тахассус дода шудааст.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон