Саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва барномаҳои дарозмуддати кишвар буда, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мавқеи корхонаҳои саноатӣ дар таъмини истиқлоли энергетикӣ ва озуқавории мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Рамзист, ки дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолии кишвар садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бо маблағгузории дохилию хориҷӣ азнавсозӣ, бунёд ва ҷойҳои корӣ барқарор карда шуд. Имрӯз бошад, Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар маркази бузурги нируҳои зеҳнию фикрии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, ба маркази бузурги саноати рақобатпазири иқтисоди ҷаҳон табдил ёфтааст. Дар ин замина, шаҳри Душанбе бо таъмини рушди инноватсионии низоми саноатӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, ҳамчун пешоҳанг дар татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии кишвар дониста мешавад.
Мусаллам аст, ки рушди саноати ватанӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, пешрафти соҳаи мазкур бо дарки баланди ватандорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ заминагузор мебошад. Воқеан ҳам, бо шарофати хиради стратегӣ ва сиёсатҳои созандаю бунёдгузорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар рушди низоми саноати ватанӣ қадамҳои устувор мегузорад, ки ба дурнамои рушди минбаъдаи кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Албатта, бо кушода шудани силсилакорхонаи саноатӣ барои коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ ва татбиқи фаъолияти инноватсионӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар тамоми имкониятҳо ҷой доранд.
Агар ба таври мухтасар назар намоем, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 32 соли соҳибистиқлолӣ барои иҷрои нақшаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ роҳи хеле вазнину мураккаби иқтисодиётро сипарӣ намуд. Албатта, ки пас аз солҳои тулонӣ ва интизориҳои зиёд, хусусан аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол қабл қадамҳои устувори роҳбарияти олии кишвар барои эҳёи иқтисод ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ гузошта шуд. Дар Паёми навбатии Сарвари давлат азҷумла қайд гардид, ки дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Дарвоқеъ, иқтидори ииноватсинонӣ ва азнавсозии техникиву технологии корхонаҳои бузурги саноатии кишвар асоси ташаккулёбии низоми саноати миллиро ташкил намуда, танҳо соли 2023-юм дар шаҳри Душанбе, мавриди истифода қарор гирифттанӣ 181 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 7447 адад ҷойҳои нави корӣ, боиси сарбаландии хурду бузурги кишвар ва сокинони пойтахти азизамон мебошад. Дар асоси маълумотҳои расмӣ соли 1992-юм шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр 91 ададро ташкил намуда, имрӯзҳо рушди саноати ватанӣ масъалаи меҳвариро бо татбиқи ҳадафҳои олӣ беш аз пеш афзалият ва эътибори аввалиндараҷаро касб менамояд.
Рақамҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида ва иқдомҳои шоистаи Сарвари давлат беш аз пеш нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида, бо талошҳои зиёд ба рушди иқтисоди миллӣ суръат бахшида истодаем. Дар ин росто, таъмини корхонаҳои саноатии маъдани кишвар бо ашёи хоми ватанӣ ва захираҳо яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи иқтисодиёти кишвар буда, соли 2023-юм дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 751 корхонаи саноатии пойтахт новобаста аз шакли моликият 4,2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 729 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Ҳол он, ки соли 2000-ум ҳаҷми маҳсулоти саноатии пойтахт 11,7 млн. сомониро ташкил медод. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, ки 93 дарсади ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дорои афзалиятҳо ва захираҳои ғании маъданиву ғайримаъданӣ, амсоли филизоти сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт, намак, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра мебошад.
Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим ислоҳоти куллӣ босуръат идома дорад. Бахусус, дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои миллӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат аз сохтмон ва бунёди 71 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, 42 адад корхона бо таъсиси беш аз 3,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2023-юм мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Албатта, cамти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии саноати ватанӣ муайян буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва пойафзол мунтазам меафзояд.
Дар ин радиф, раванди гуногунсамтии саноатикунонии босуръати кишварро ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда боз ҳам ҷоннок намуда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва саломатии шаҳрвандони пойтахт корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, ғизои кӯдакона ва дигар маҳсулоти нав бо дарназардошти талабот ва эҳтиёҷоти аҳолӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Зимнан, имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ молҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тамғаи “Made in Tajikistan” беш аз пеш доман паҳн карда, шаҳри Душанбе имрўз муаррифгари дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ кишвар дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи барномаи истеҳсол ва истифодаи энергияи “сабз” дар қалби Тоҷикистони азиз – шаҳри Душанбе яке аз ҳадафҳои калидӣ ва стратегии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб ёфта,
ба хотири рушди устувор ва ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани Душанбе қадамҳо устувор гузошта мешаванд. Бахусус, зимни сафари Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Чин байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар шаҳри Душанбе бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол ба имзо расид. Зимнан, раванди татбиқи барномаҳои саноатӣ дар пойтахт заминагузор буда, корхонаи истеҳсолии мазкур солҳои наздик дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ҳол он, ки тайи солҳои охир дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат низоми саноатии пойтахт бозсозии амиқ гардида, ин раванд то имрӯз пайгирона татбиқ шуда истодааст.
Ногуфта намонад, ки ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии мамлакат бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ муайян буда, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар бомаром идома дорад. Вобаста ба ин, захираю имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифату рақобатпазири саноатӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва пайдо намудани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ бениҳоят зиёд мебошад.
Дар умум, ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД сол аз сол зиёд гардида, тибқи пешбиниҳо то амалишавии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бояд 22-23%-ро ташкил намояд. Дар ин замина, шаҳри Душанбе бо роҳбарии Раиси ҷавону созанда Рустами Эмомалӣ дар амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳиссагузор мебошад. Ҳамин тавр, бо шарофати сиёсати комили Пешвои муаззами миллат дигаргуниҳои куллии тамоми самтҳои иқтисоди миллии мамлакат ба чашм расида, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои шоистаи Сарвари давлат мақому нуфузи худро дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол боз ҳам боло бурда истодааст.
ОРАЗ Муртазозода,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди
соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон