Дар шароити кунунӣ, таъмини рушди иқтисодиёти кишвар аз бисёр ҷиҳат ба низоми устувори бонкӣ, яъне ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда, вобаста мебошад. Зеро ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда, агар яз як тараф ба таъмини дастрасии бахши хусусӣ ва соҳибкорн бо захираҳои қарзӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, дар самти ҳавасмангардонии ҷалби сармоя, удоракунии анбӯҳи воситаҳои қарзӣ-молиявӣ ва дар маҷмуъ, устувории низоми молиявӣ ва иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозад.
Тибқи таҳлилҳо ҳоло дар кишвар амалан соҳае вуҷуд надорад, ки фаъолияти он бо муассисаҳои бонкӣ алоқаманд набошад. Ҳар як ташкилоту муассиса ба хидматрасониҳои бонкӣ ниёз дорад ва наметавонад фаъолияти худро бидуни амалиётҳои бонкӣ анҷом диҳад.
Бо дарназардошти нақши муҳим доштани низоми молияиву бонкӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва ҳаллу фасли дигар мақсаду вазифаҳои афзалиятнок, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дар баробари дигар соҳаҳо ба рушди низоми бонкии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт як зумра ислоҳоти муҳим ва зарурӣ амалӣ карда шуд.
Дар ин ҷода, аз 80 то ба 50 миллион сомонӣ коҳиш додани ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис ва дар ин замина таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба низоми бонкии кишвар, инчунин, қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилоти маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ва таъсиси низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумлаи дастоварҳои муҳими низоми бонкии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади ҷорӣ намудани танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ, таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва талаботи Кумитаи базелӣ вобаста ба кифоятии сармоя, гурӯҳбандии дороиҳо, идоракунии корпоративӣ, идоракунии хавфҳо ва раванди баҳодиҳии назоратӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба инобат гирифта шуда, шаффофияти ҳисоботи ташкилоти қарзии молиявӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таъмин карда шуд.
Чунин тадбирадешиҳо имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати дастрасии аҳолӣ, бахусус минтақаҳои дурдаст ба захираҳои қарзӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, инчунин, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими эътимоднокии мардум ба ташкилоти қарзии кишвар васеъ намудани доираи хизматрасониҳои молиявӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар ва инкишоф ёбад.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи мунтазам амалӣ намудани ислоҳоти фарогир ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар низоми бонкии кишвар тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба амал омад. Масалан, агар дар соли 1992 дар мамлакат ҳамагӣ 10 ташкилоти қарзӣ бо шумули 8 бонк ва 2 ҷамъияти қарздиҳӣ амал мекард, ҳоло дар низоми бонкии мамлакат 64 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонк, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 25 фонди қарзии хурд амал мекунанд.
Дар ин давра, ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ додашуда аз 1,5 милион сомонии соли 1991 тақрибан ба 13,3 миллард сомонӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 баробар гардида, нисбат ба соли 1991 ба андозаи 8,8 маротиба зиёд мебошад.Танҳо соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, ба 39,6 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра, ҳаҷми қарзгузориҳои низоми бонкӣ кишвар нисбат бо соли гузашта бошад 31,1 фоиз афзоиш ёфта, 18,5 миллиард сомониро ташкил намудааст.
Дар соли сипаригардида ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ 32 фоиз ва қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодгардида 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Низоми устувори молияву бонкии кишвар шароит фароҳам овард, ки 7 охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000–ум то 130 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ва даромади буҷети давлатӣ 1,6 маротиба расонида шуд. Дар ин давра ба кишвар дар ҳаҷми беш аз 95 миллиард сомонӣ, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонии сармояи мустақими хориҷӣ, ворид гардидааст.
Бо вуҷуди мушоҳида гардидани тамоюлҳои мусбат дар низоми бонкии кишвар, бахусус дар самти қарзгузориҳо ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо ҳанӯз баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад. Яъне то кунун фоизи нисбатан баланди қарз яке аз омилҳои боздорандаи дастрасии соҳибкории истеҳсолӣ ба воситаҳои молиявӣ мебошад. Аз сабаби баланд будани меъёри фоизҳои қарзӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, мушкилоти норасоии воситаҳои гардон ҳанӯз ҳам ҷой дорад.
Қобил ба зикри хос аст, ки дар шарои кунунӣ, таъмини рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонкӣ вобаста мебошад. Илова бар ин, низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.
Доир ба ҳаллу фасли масосили ҷойдошта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии мамлакат Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро вазифадор намуданд, ки дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст, инчунин, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Илова бар ин, масъулини соҳаи мазкуро дастур додан, ки пешниҳоди қарзҳои хурди имтиёзнокро барои рушди ҳунармандиву косибӣ васеъ ба роҳ монанд.
Низоми молияву бонкии кишвар чун омили муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар бояд ба афзалиятҳои малакат ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд гардонидани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд.
Ҳамзамон, дар шароти кунунӣ ташкилу фаъол гардонидани низоми мониторинг ва суботи молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, назорати суғуртавӣ, низоми пардохт ва рушди бонкдории исломӣ ва дар маҷмуъ, ворид мунтазам ворид намудани навовариҳои низоми бонкдории ҷаҳонӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим дониста мешавад.
Дар маҷмуъ, ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан қарздиҳӣ, бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад.
Низоми бонкӣ дар таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозад. Бинобар ин, ҳар қадаре, ки сатҳи дастрасии аҳолӣ, бахши хусусӣ, ва соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ беҳтару зиёд гардад, ҳамон андоза, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъмин ва баланд хоҳад шуд.
Наҷмуддинов М.С.,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ