Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллии халқи тоҷик чун сарвари оқилу хирадманд ва дурандеш ҳамеша барои рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум талош меварзанд. Вобаста ба ин, барои фарогирии мардум бо шуғл, ки яке аз роҳу василаҳо ва омили муҳими таъсир расондан ба зиндагии мардум маҳсуб мешавад, дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, соли 2018 дар кишвари мо эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” яке аз иқдомҳои муҳим ва саривақтии Президенти кишвар ба шумор меравад. Дар ин замина эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷиҳати тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.
Ин ташаббус солҳои минбаъда низ идома ёфта, Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд ва дар ин замина барои амалӣ сохтани ин ҳадафҳо давра ба давра чорабиниҳои мушаххас гузаронида шуданд. Соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ мебошанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд ва барои муаррифии фарҳангу таърихи куҳани халқи тоҷик, табиати биҳиштосо, обҳои мусаффои Тоҷикистон ба ҷаҳониён аҳамияти муҳим доранд. Ин аст, ки сайёҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвари мо рӯ оварда, маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ мекунанд, аз меҳмонхонаю тарабхонаҳо ва ҷойҳои таърихии кишварамон, ки бо кандакориҳои миллӣ оро дода шудаанд, истифода мебаранд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманд мебошанд. Ҳунарҳои мардумӣ ҳисси зебоипарастии ҳар халқу миллатро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони мардумӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад.
Ҳунар дар ҳама давру замонҳо рисолати созандагии халқияту миллатҳо ва рушду нумӯи соҳаҳоро иҷро менамояд. Таҷрибаҳои таърихӣ низ исбот менамоянд, ки бештари кишварҳои олам тавассути фарҳанг ва ҳунарҳои милливу мардумиашон худро ба оламиён шиносонидаанд. Хусусан, ҳунарҳои мардумӣ яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумиро ба миён овардааст.
Аз ин рӯ, мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, рушду тақвият бахшидани он, дар ин замина дарёфти ҳунармандони болаёқат яке аз масъалаҳои муҳим дар бахши фарҳанги кишвар буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси навбатии худ, заминаи бузурге барои рушди ҳунарҳои мардумӣ гузоштанд. Зеро чуноне, ки маълум аст, тоҷикон мардуми куҳанбунёду меҳнатдӯст буда, дар самти ҳунарҳои гуногуни мардумӣ таърихи куҳан доранд ва метавонанд ин анъанаҳои мероси миллии ниёгонамонро идома диҳанд. Ин раванд, бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳар миллату давлат хеле муҳим аст. Зеро ин раванд солҳои охир беш аз пеш вусъат ёфта, дар баробари арзишҳои маънавӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ аз марзи як кишвар фаротар рафта, мавриди истифодаи умум қарор гирифта истодаанд.
Вобаста ба ин, бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар расму оинҳои мардумӣ ба танзим дароварда шуда, беҳтарин анъанаву суннатҳои аҷдодӣ эҳё гардида истодаанд. Аз ин рӯ, дар кишвар давра ба давра ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият, яъне рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар навбати худ он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита, беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоии иқтисодии оилаҳо сабаб гардад.
Қайд кардан зарур аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар 47 муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода, дар давоми се моҳ аз рӯйи 50 намуд касбу ҳунарҳои миллӣ хоҳишмандон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шудааст. Инчунин, дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» 107 касбу ҳунари тоҷикон ба қайд гирифта шуда, алҳол шумораи онҳо, мутобиқи таҳқиқоти олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба 112 мерасад. Гулдӯзии чакан (соли 2018), кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим (соли 2022), атлас ва адрасбофӣ (соли 2023), зарҳалкорӣ (соли 2023) ба рўйхати репрезентативии ЮНЕСКО дохил гардидаанд.
Бо эълон гардидани соли 2019-2021 «Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» бисёре аз ҳунарҳои қадимаи мардуми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз нав эҳё гардид. Имрӯзҳо ҳунармандӣ дар ин ноҳия қариб дар ҳар як оила вуҷуд дорад ва дар вақтҳои холии худ аз машғулиятҳои асосӣ, аз ҷумла тоқидӯзӣ, ҷуроббофӣ, мӯҳрабофӣ, рӯймолчабофӣ, намадсозӣ, ресандагӣ, сабадбофӣ ва ғайраҳо ҳамагонро ба ҳайрат меоранд. Мардон низ ҳунарҳои махсуси худро ба монанди палосбофӣ, чубтарошӣ, сангтарошӣ, кулолгарӣ ва оҳангарӣ доранд. Зеро ҳунарҳои дастӣ бахше аз зиндагии онҳост. Дар он ҷо бисёр ҳунармандонро вохӯрдан мумкин аст, ки тамоми нозукиҳои ин шаклҳои санъатро медонанд ва ҳатто, корхонаҳои хурди бофандагию ресандагӣ кушодаанд ва ба шогирдон ҳунарҳои худро меомӯзанд. Дастдӯхти баъзе аз ҳунармандони ноҳияи мазкур то Амрикову Ҷопону Фаронса расидааст.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” соли 2019, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» соли 2003, қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва, инчунин, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” такони ҷиддӣ дар ин самт мебошад.
Ниҳоят тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024 №73 “Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026”, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз ҷудо гардидани гранти мазкур дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини занону духтарон бо ҷойҳои корӣ мебошад.
Аз гуфтаҳои боло хулосае бармеояд, ки имрӯз дар кишвари мо ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ гардида, он дар навбати худ метавонад ба ташкил ёфтани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоии иқтисодии оилаҳо мусоидат намояд.
Абдуллоева Султонбегим Набиевна,
сармутахассиси Раёсати таҳлили
масъалаҳои иҷтимоӣ