Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири ҳамаи самтҳои гуногуни ҷомеа буда, дар он масъалаҳои гуногуни ҳаёти кишвар мавриди таваҷҷуҳ ва таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, дурнамои рушди ҷомеа ва масъалаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муҳимми стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Албатта, барои ҳар як давлату миллат рушди иқтисодиву иқтимоӣ он яке аз масъалаҳои марказӣ дониста шуда, барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо истифода мебаранд. Хусусан таваҷҷуҳ ба ин равандҳо дар партави мураккабшавии вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар сартосари кишварҳои ҷаҳон ва тағйирёбии бесобиқаи иқлим  яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, навобаста аз вазъияти ногувори сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, тавонист бо сиёсати дурбинонаву оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати расидан ба дастовардҳои муҳимми ҷомеа ва  низоми рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро  таъмин намояд. Тасдиқи ин нуқтаро мо метавонем ба якчанд нишондиҳандаи асосие, ки дар Паёми Президенти кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта буданд нишон диҳем. Аз ҷумла:

Суръати рушди иқтисоди миллӣ

Дар шароити ҳассосу пуртаззоди ҷаҳони муосир таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар мураккаб гардида, коҳиши дараҷаи рушди иқтисодии аксари кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад. Навобаста аз мушкилотҳои иқтисодии ҷаҳонӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар робита ба ин, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 2022 8,3 дарсад зиёд гардида, аз 115 миллиард сомонии соли 2022 ба беш аз 130 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд. Бешубҳа, суръати рушди иқтисодии кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб фарқкунанда буда, суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 дарсадро ташкил дод, ки ин рақам соли 2022 7,3 дарсадро ташкил медод. Боиси тазаккур аст, ки навобаста аз болроравии арзиши маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ соли 2023 сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, дар ҳаҷми 3,8 дарсад нигоҳ дошта шуд ва ин рақам соли 2022 4,2 дарсадро ташкил медод. Ҳамзамон, соли 2023 даромади пулии аҳолӣ  112,7 миллиард сомониро ташкил дода, ин рақам соли 2022 ба 87 миллиард сомонӣ баробар буд.

Саноат

Бо татбиқу барномаҳои қабулгардида ва таваҷҷуҳу дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар дар самти рушди саноати истеҳсолӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, тақвият бахшидани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда амалӣ гардонида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои Паёми навбатиашон таъкид доштанд, ки “…дар зарфи 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Танҳо дар ду соли охир дар кишвар 1200 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 75-соли замони гузашта (яъне то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт”. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023 ба 46 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2022 3 миллиард зиёд мебошад. Аммо ин нишондиҳандаҳо бо дар назардошти тамоми иқтидору захираҳои мавуҷадаи кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, захираҳои меҳнатӣ ва “энергияи сабз” ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо яъне саноатикунонии босуръати кишвар ҳануз нокифоя буда, ҳукумати мамлакат пайваста барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ва афзоиши ҷойҳои корӣ саъю талош меварзад. Масалан, корхонаи сементбарории “Тоҷиксемент”, ки соли 1942 сохта шуда буд соли 2023 азнавсозӣ карда шуда, иқтидори истеҳсолаш дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои сементбарорӣ 15 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 5 адад, вилояти Суғд 6 адад, Ноҳияҳои Тобеи Ҷумҳурӣ  3 ва дар шаҳри Душанбе 1 адад мебошад. Дар робита ба ин, мебояд гуфт, ки то соли 2014 дар кишвар ҳамагӣ 300 ҳазор тонна семент истеҳсол мегардид. Баъди бунёди корхонаҳои сементбарории мазкур, ки бо таҷҳизоти муосир васл гардидаанд,  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он бамаротиб зиёд гардидааст. Зарфияти корхонаҳои сементбарории ҷумҳурӣ дар умум 5,5 млн тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамасола зиёда аз 4,3 млн тонна семент истеҳсол гардида, дар баробари ин ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содирот низ мегардад. Аз рӯйи маълумоти оморӣ талаботи ҷумҳурӣ ба семент дар як сол 3,0 млн тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми содиротӣ 33,0 дарсад сементи истеҳсолшударо ташкил медиҳад. Ҳамзамон, тибқи маълумоти оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли семент соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,4 млн тонна истеҳсол гардида, нисбат ба соли 2022-юм 102,4 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамин тавр, Хукумати кишвар дар солҳои охир чунин корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолиро бунёд карда, дар заминаи он коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар ва рушди иқтисоди миллиро таъмин менамояд. Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин соҳаҳои асосии саноат арзи вуҷуд доранд:

Коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва филизоти қимиатбаҳо;

Истеҳсоли ангишт (кони ангишти Шӯроб, Фон-Яғноб ва Назарайлоқ;

Истеҳсоли газ ва нафт (дар водии Вахш, Ҳисор, Хоҷа Сартез дар Кӯлоб ва вилояти Суғд);

Истеҳсоли филизот ранга (арзиз, тилло, нуқра, сурб, руҳ, висмут, симоб, волфрам, молибден);

Саноати сабук (асосан коркарди пахта ва хӯрокворӣ);

Саноати кимиё (Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи нуриҳои азотии Вахш);

Саноати масолеҳи сохтумонӣ;

Саноати мошинсозӣ;

Саноати пилла.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва ба кишвари содиркунанда табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери таваҷҷуҳи доимии худ қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани он Пешвои миллат зимни ҳар як сафарашон ба минтақаҳои кишвар бунёду азнавсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои гуногуни истеҳсолиро ба роҳ монда, ба масъулини соҳа дастур медиҳанд, ки маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба роҳ монда, ҷиҳати пешбурди соҳа мутахассисони ватаниро  омода ва ҷалб намоянд. Бинобар ин, боло бурдани сатҳи зиндагии ҷомеа пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар қарор дошта, сол то сол сатҳи камбизоатӣ коҳиш дода мешавад. Аз ҷумла, сатҳи камбизоатӣ дар соли 2023 ба 21,2 дарсад расонида шуд, ки дар соли 2017 ин нишондиҳанда 29,5 дарсадро ташкил медод.

Энергетика

Имрӯз сердаромадтарин соҳа ва барои ғанӣ гардонидани иқтисоди тамоми кишварҳо маҳз соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, дар заминаи ин даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Бо дарназардошти афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стартегии кишвар муайян гардида, солҳои охир ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати мамлакат бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва маблағгузориҳои буҷетӣ неругоҳҳои хурду бузург дар ҷумҳурӣ бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гашта  истодааст. Масалан, агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҳамагӣ 25 неругоҳи хурду бузурги обӣ бо иқтидори 4,4 ҳазор мегаватт фаъолият менамуд, имрӯз бошад, дар кишвар 287 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ бо иқтидори 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ бошад, 22 миллиард киловатт соат фаъолият карда истодааст.

Гуфтан бамаврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳад. Танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети мамлакат 5 миллиард сомонӣ барои бунёди ин неругоҳ ҷудо гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди неругоҳҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ боз имконияти бунёди неругоҳҳои барқии офтобиро доро мебошад. Дар робита ба ин, санаи 16-уми августи соли 2023 зимни сафари Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқии офтобиро мавриди истифода қарор доданд. Неругоҳи мазкур бо иқтидори 600 киловатт ва бо насби таҷҳизоти захиракунандаи энергия бо иқтидори 1200 киловатт фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо неругоҳҳои барқии обии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,3 мегаватт талаботи маркази ноҳияи Мурғоб ва баъзе аз деҳаҳои онро бо барқи доимӣ таъмин менамояд. Бояд қайд кард, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти неруи барқ ва таъмини он ба сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоб Ҳукумати кишвар бо харҷи беш аз 1 миллиону 379 ҳазор доллар барои васл намудани 1060 панели офтобӣ дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинобар ин, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз нигоҳи шароити  иқлими кишвар имконияти насбу васли чунин неругоҳҳои офтобию бодӣ имконпазир буда, дар заминаи он ҳам корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд мегарданд ва ҳам барои содироти қувваи барқ замина хоҳад гузошт.

Роҳу нақлиёт

Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, дар даврони истиқлол сохтани роҳҳои мошингард ва нақбҳо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидори боркашонии он яке аз марҳалаҳои муҳимми ҳадафҳои рушди кишвар пазируфта шудааст. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд карданд: “Дар робита ба ин, имрӯз дар кишвар бо 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ шуда истода, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, бунёду таҷдиди 41 пул ба анҷом расидааст”.

Барои рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар аз буҷети мамлакат ҳамасола маблағҳои барзиёд ҷудо карда мешавад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 35,3 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки  нисбат ба соли 2023 ба андозаи 6.4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқтараш дар шаҳри Душанбе ду эстакада сохта ба истифода дода шудаанд, ки яке онҳо соли 2018 дар маҳаллаи 82-юми хиёбони Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров ва дигаре соли 2020 дар маҳаллаи Қарияи Боло мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ротибита ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: “Дар давоми се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои автомобилгард бо 7 эстакада бо арзиши умумии беш аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд”. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, тибқи нақшаҳои Ҳукумати кишвар дар назар аст, ки эстакадаи сеюм дар майдони Ғалаба ва эстакадаи чорум бошад, дар назди Сирки давлатӣ сохта ба истифода дода шавад. Мақсади бунёди чунин роҳҳои замонавӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ нигаронидашуда дар он зоҳир меёбад, ки ҷиҳати танбашавии нақлиёт, зебо кардани ҳусни Душанбешаҳр, ва ба кишвари рушдёфта табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Ҳамзамон, дар назар дошта шудааст, ки то соли 2030 дар шаҳри Душанбе наздики 20 эстакадаи нав бунёд ва мавриди истифода қарор дода шаванд.

Кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна қариб чоряки маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар дониста шуда, баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин, ҳифзи захираҳои табиӣ барои такрористеҳсолкунӣ замина мусоид мегузорад. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон қайд карданд “Дар замони сохти гузашта ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид”. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло имрӯзҳо дастовардҳои иқтисодии кишвар дар соҳаи кишоварзӣ хеле назаррас мебошанд. Хушбахтона, бо пиёда сохтани афзалиятҳо дар ин самт бештари аз маҳсулоти истеъмолиро дар кишвар истеҳсол карда на танҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки барои содирот ба кишварҳои хориҷ нигаронида шудаанд. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзи дар соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 63028,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 9 дарсад зиёд мебошад.

Боиси хушнудист, ки бо ибтикору хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати имтиёз додан ба кишоварзону деқонони кишвар баҳри рушду истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти гӯшт аз хориҷи мамлакат сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст. Имрузҳо бошад, талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир, картошка, сабзавот, пиёз, сабзӣ, полезӣ,  пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин мешавад.  Боиси тазаккур аст, ки имтиёз ва дастгириҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ нигаронидашуда имкон фароҳам овард, ки соҳаи парандапарварӣ рушд ёфта, шумораи корхонаҳои мазкур 3,3 баробар  ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёбад. Бо назардошти пешрафтҳои соҳаи кишоварзӣ дар соли сипаришуда, ҳоло ҳам захираву имкониятҳо ба пуррагӣ истифода намегарданд. Доир ба ин матлаб, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ҷаласаи вазеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баён доштанд, ки  “Бо вуҷуди он ки соли 2023 соҳаи кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, вале имконоти мавҷуда ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд. Аз ҷумла, соли 2023 истеҳсоли пахта нисбат ба соли 2022  15 фоиз, гандум 8, ангур 39 ва пилла 43 фоиз кам гардида, дурнамои кишти пахта 12 фоиз ва картошка 23 фоиз таъмин нагардидааст”

Дар асоси гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ваҷаб заминҳои корамро бояд самаранок истифода бурда, тамоми иқтидору зарфиятҳои мавҷударо дуруст ба роҳ монем. Барои афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва ба содирот табдил додани онҳо, пеш аз ҳама, бояд аз техналогияҳои муосири каммасраф ва ҷалби мутахассисони касбӣ рӯй оварда, дар ин ҳолат метавонем ба комёбиҳои назаррас ноил гардем.

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сайёҳӣ ҳамчун як соҳаи сердаромад ва мустақил дар замони муосир барои иқтисоди давлатҳо ба ҳисоб рафта, барои рушди соҳаҳои иҷтисоди миллӣ, сохтмон, нақлиёт, инфрасохтор замина фароҳам меоварад. Соҳаи сайёҳӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна имкон фароҳам оварда, дар бештари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ дорои аҳаммияти стратегӣ дорад, зеро соҳаи камхарҷу сердаромад буда, ба буҷети давлат ҳамчун манбаи иловагӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои ғании сайёҳӣ буда, барои рушд бахшидани соҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои ҳамаҷониба андешида мешавад. Бояд гуфт, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, барои беҳтар намудани низоми соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо шудаас. Ҳамзамон, дар кишвар 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расид. Матлаби мазкурро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Ҳамин тавр, аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеояд, ки он ҳамчун санади ояндасоз ва дорои усулҳои барномавӣ дар раванди татбиқи ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати мамлакат асос ёфта, барои ҳар як сокини кишвар ва аҳли ҷомеа аҳаммияти калон дорад.

Иқдомҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди иқтисодии кишвар:

– дар ҳафт соли минбаъда мақсад гузошта шуд, ки сатҳи камбизоатӣ то ба 10 дарсад паст карда шавад;

– соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 дарсад бо энергияи «сабз» таъмин мегардад;

– Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба мамлакати «сабз» табдил меёбад;

– дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед