28 январи соли 2024, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.

Ниёгони ориёитабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.

Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд.

Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басо деринаи мардуми мо мебошад.

Дар муҳити зиндагии ориёиёни қадим тақвимҳои мардумӣ шакл гирифта, гузаштагони мо аксари маросиму ҷашнҳоро дар асоси онҳо таҷлил мекардаанд.

Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол ойину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд.

Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.

Мувофиқи тақвими чиллашуморӣ аз 22-юми декабр чиллаи калон шурӯъ мешавад ва шаби даромадани чилларо ниёгони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд.

Баъд аз анҷоми чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро баргузор мекарданд.

Яъне ба ҳисоби мардум чиллаи калон давраи авҷи сардиҳо мебошад.

Аз ин хотир, дар аввалу охири он шабнишинӣ ва шодию нишот барпо карда, орзуи осоишу оромии рӯзгор ва файзу баракати корҳои кишоварзиро мекарданд.

Сада рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад.

Ин аст, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломативу тандурустиву рӯйсурхӣ кардан мебошад, ки то кунун дар байни мардуми мо чун маросими «аловпарак» маъмул аст.

То фарорасии ҷашни Сада кишоварзон ҷӯйбору заҳкашҳоро ба тартиб дароварда, яхобмонии боғу токзорҳо ва обшӯйкунии заминҳоро анҷом медоданд.

Бахусус, дар ин давра тартиби кандани ниҳолҳо барои бунёди боғҳои нав аз ҷониби пирони рӯзгордида, маросими идонаи дарахтбурӣ, шаклдиҳии дарахтони мевадиҳанда ва тоза кардани атрофи дарахтони сояафкан ба амал меомад.

Пас аз таҷлили ҷашни Сада деҳқонон аз фароғати зимистона берун омада, дар андешаи мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ мешуданд.

Зеро маҳз дар ин айём дар қишри Замин бедорӣ оғоз мегардад, ки замину замону табиатро барои эҳё омода месозад.

Яъне ҷашни Сада паёмовари ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, омодагӣ ба ин ойини бузурги ориёӣ мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ – Наврӯз фаро мерасад.

Дигар рукни муҳимми Сада ишора ба гардиши замонӣ барои оғози корҳои мавсими нави кишоварзӣ, яъне омода кардани олоти меҳнат, техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ва тухмиҳои беҳтарини зироатҳо ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, дар раванди баргузории ҷашни Сада ташкил кардани намоиш ва фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ амали бисёр муҳим ба шумор меравад.

Деҳқонону боғдорони мо бояд рӯзҳои таҷлили ин ҷашнро самаранок истифода бурда, ниҳолҳои беҳтарини дарахтону буттаҳо, гулҳо ва тухмиҳои хушсифатро ба харидорон пешкаш намоянд ва барои кабудизоркунии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд, ки амалӣ намудани онро мо то соли 2040 ҳадафи худ қарор додаем.

Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.

Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад.

Ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд.

Дар шароити бисёр мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, замину обро самараноку оқилона истифода барем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва барои амалисозии ҳадафи стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузорем.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро, ки ҷашнҳои миллӣ як ҷузъи муҳимми онҳо мебошанд, ҳифз карда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо мусоидат намоем.

Кинаҳоро аз қалбҳо дур кардан, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбону гулгаштҳо ва ободу зебо намудани маҳалли зист аз суннатҳои дерини ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Сада мебошанд.

Бовар дорам, ки мардуми мо ин анъанаи некро ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободии Ватани маҳбубамон ҳамарӯза ва дар тамоми қаламрави мамлакат ба таври васеъ истифода мекунанд.

Бори дигар кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистон тандурустӣ, бахту саодат ва иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

khovar.tj

Чоп кунед