Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) чорабинии ҳарсолае мебошад, ки дар он пешвоёни сиёсати ҷаҳонӣ, тиҷорат, ташкилотҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ барои муҳокимаи масъалаҳои мубрам ва муҳимтарини замони муосир ҷамъ меоянд. Форуми мазкур аз рӯйи анъана дар шаҳри Давоси Швейтсария баргузор мегардад. Имсол низ Форуми 54-ум таҳти шиори “Барқарор намудани эътимод” аз санаи 15 то 19 январи соли 2024 баргузор гардида, дар он масъалаҳои ноил шудан ба амният ва ҳамкорӣ дар ҷаҳони тақсимшуда, ташаккули рушд ва шуғл барои давраи нав, зеҳни сунъӣ (AI) ҳамчун қувваи пешбари иқтисод ва ҷомеа ва стратегияи дарозмуддат дар соҳаи иқлим, табиат ва энергетика баррасӣ шуданд.Форумро Президенти Швейтсария Виола Амхерд ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки масъулияти равандҳои манфии ҷойдошта асосан ба элитаи ҷаҳонӣ вобаста аст, ки ҳисси воқеиятро аз даст додаанд. Ҳамчунин, Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш иброз намуд, ки “ихтилофоти геополитикӣ онҳоро аз муттаҳид шудан барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ боз медорад. Ҷонибҳои муноқиша ҳуқуқи байналмилалиро нодида мегиранд, конвенсияҳои Женева ва ҳатто Оинномаи СММ-ро вайрон мекунанд. Тааҷҷубовар нест, ки одамон дар ҳама ҷо эътимодро ба ҳукуматҳо, муассисаҳо ва низомҳои молиявӣ ва иқтисодӣ гум мекунанд”.Коршиносон дар атрофи масъалаҳои тартиботи нави ҷаҳонӣ, муқаррар кардани қоидаҳои нави бозӣ мубодилаи афкор намуданд. Намояндаи ИМА изҳор дошт, ки ИМА дар ин рақобат нақши пешбарро хоҳад дошт: “Имрӯз мо солҳои аввали давраи навро аз сар мегузаронем. Қудратҳои бузург нисбат ба ҳар марҳалаи ҷанги сард ба ҳамдигар вобастагии бештар доранд. Аммо мо барои намуди ҷаҳоне, ки мехоҳем бунёд кунем, рақобати шадид мебарем”. Дар робита ба ин масъала, сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян дар суханронии худ дар ФҶИ даъват кард, ки вобастагии афзояндаи ҷаҳони муосирро ҳамчун далели дигар ба манфиати ҳамкорӣ баррасӣ кунанд, на рақобат, ки ба муқовимат оварда мерасонад: “Имрӯз робитаи иқтисодӣ дар ҷаҳон хеле бузург аст, таъсири манфии сиёсати макроиқтисодии кишварҳо боз ҳам намоёнтар аст. Агар дар шароити буҳронҳои ҷаҳонӣ ҳама аз ҳам ҷудо шаванд, агар ҳама муборизаҳои худро пеш баранд, иқтисоди ҷаҳонӣ боз ҳам “нозуктар” хоҳад шуд”.Намояндаи ИМА Энтони Блинкен доир ба муносибати ИМА ва Чин иброз дошт, ки “мо ба эътидол овардани муносибатҳо бо Чинро хеле муҳим мешуморем, то вазъи рақобате, ки мо дар он ҳастем, ба низоъ табдил наёбад”. Ҳамзамон, доир ба масъалаи Украина Э.Блинкен ва вазири корҳои хориҷии Олмон А.Бербок изҳор намуданд, ки ҳоло имкони гуфтушунидҳо барои муқаррар намудани сулҳи дарозмуддат дар Украина вуҷуд надорад. Инчунин, коршиносон қайд намуданд, ки вохӯрӣ аз рӯйи “формулаи сулҳ”-и Украина бидуни ягон “нақшаи дақиқ” ба анҷом расид ва ҷониби онҳо натавонистанд дастгирии нақшаи сулҳи худро дар байни кишварҳо ба даст оранд, қайд гардид, ки ҳеҷ натиҷае нахоҳад буд, зеро барои гуфтушунид дар бораи сулҳ ҳузури ҳарду ҷониб дар сари миз зарур аст.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳониро дар Форум мавзуи “бемории X”, ки эҳтимолан хатарнок мебошад, ба худ ҷалб намуд. Ба гуфтаи коршиносон, он метавонад аз пандемияи коронавирус бист маротиба марговар бошад, дар айни замон ягон “бемории Х” вуҷуд надорад, сухан танҳо дар бораи таҳдиди фарзиявӣ меравад.

Доир ба масъалаи рушди зеҳни сунъӣ коршиносон қайд намуданд, ки ин технология дорои иқтидори бузург барои рушди устувор мебошад, аммо дар айни замон он метавонад мушкилоти нав эҷод кунад. Масалан, дипфейкҳо – онҳо метавонанд ба раванди демократӣ таъсир расонанд. Он технологияи худтанзимкунанда мебошад ва инсон метавонад назоратро аз болои вай гум кунад.

Қобили қайд аст, ки дар арафаи баргузор гардидани Форуми мазкур муҳаққиқон Ҳисоботи хатарҳои ҷаҳониро (The Global Risk Report) нашр намуданд. Дар ҳисобот қайд гардидааст, ки фавт вобаста ба низоъҳои ҷангӣ дар тули ду сол аз 2020 то 2022 тақрибан чор маротиба афзоиш ёфтааст ва муаллифони “низоъи мусаллаҳонаи байнидавлатӣ”-ро ҳамчун омили нави хатари иқтисодии ҷаҳонӣ дохил карданд. Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки “Нуқтаҳои мушаххаси низоӣ метавонанд таваҷҷуҳро ба худ ҷалб созанд ва захираҳои давлатҳои бузургро дар тули ду соли оянда тақсим кунанд, ки ин метавонад амнияти ҷаҳонро халалдор намояд ва низоми молиявии ҷаҳонӣ ва занҷирҳои таъминотро ноором созад”.

Ҳамчунин, муаллифони ҳисобот қайд менамоянд, ки “Дар тули ду соли оянда, таваҷҷуҳ ва захираҳои қудратҳои ҷаҳонӣ эҳтимолан ба се нуқта равона гардад: низоъи низомӣ дар Украина, низоъ байни Исроил ва Ғазза ва ташаннуҷ дар атрофи Тайван” ва ин ҳолат метавонад занҷирҳои ҷаҳонии таъминотро халалдор кунад.

Боиси қайд аст, ки муаллифон хатари пешниҳоди маълумоти нодурустро (бардурӯғ), ки рушди зеҳни сунъӣ ба миён мегузорад, ҳамчун хатари аввалиндараҷа номбар намуданд. Тавре дар таҳқиқот омадааст, истифодаи маводи гуногуни маълумоти бардурӯғ дар асоси зеҳни сунъӣ боиси “таркиши иттилооти қалбакӣ” шудааст. Маълумоти бардурӯғро барои ноил шудан ба ҳадафҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст: аз фаъолнокӣ дар самти иқлим то авҷ гирифтани низоъҳо – гуфта мешавад дар ҳисобот. Боз як омили муҳимми хавф, ки дар ҳисоботи мазкур таъкид шудааст ин коҳиши эътимод ба ниҳоди интихоботӣ меравад, зеро истифодаи зеҳни сунъӣ дар интихобот метавонад   Муносибати манфии шаҳрвандон ба интихобот метавонад ба иқтисодиёт ва сиёсат таъсир расонад, аз ҷумла, ба амал омадани муқовимати шаҳрвандӣ, низоъҳои дохилӣ, терроризм, хатари коҳиши тиҷорати ҷаҳонӣ ва бозорҳои молиявӣ ва фурӯпошии давлат.

Ҳамчунин, яке аз масъалаҳое, ки ҳам дар Форум ва ҳам дар ҳисоботи ФҶИ “Суръатбахшии гузариши одилона: асосҳои баробарии иқтисодӣ” баррасӣ шуд суръати гузариши энергетикӣ буда, дар он қайд гардидааст, ки мубориза бо “осебпазирии иқлим” ва набудани он нобаробарии иқтисодиро ҳам дар байни кишварҳо ва ҳам дар дохили онҳо афзоиш медиҳад. Таҷриба нишон медиҳад, ки бо мурури замон давлатҳои тараққикарда ва рӯ ба инкишоф ба истифодаи бештари сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия рӯ меоваранд. Аммо хароҷоти назаррасе, ки дар ин самт ба миён меоянд, барои кишварҳои рӯ ба инкишоф метавонанд мушкилии сармоягузории (бозомӯзии кормандон, суръати гузариши давлатҳо нобаробар) ин гузариш эҷод намоянд.

Ҳамин тариқ, иштирокчиёни Форуми Давос 2024 хулосабарорӣ намуданд, ки иқтисодиёти ҷаҳон ба марҳалаи мувозинати ноустувор ворид гардида истодааст: афзоиши таваррум дар минтақаи Аврупо ва берун аз он дар соли 2024 суст гардида, афзоиши тиҷорати ҷаҳонӣ суръат мегирад, аммо мувозинати иқтисоди ҷаҳонӣ, ки соли 2024 ба даст хоҳад омад, солҳои оянда хеле ноустувор боқӣ хоҳад монд, кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ ба “муқаррарии нав” мутобиқ хоҳанд шуд.

Бояд қайд кард, ки имсол иштирокчиёни ҷаласаи ниҳоии Форум амалан мушкилоти парокандагии иқтисоди ҷаҳонро муҳокима накарданд, танҳо мавзуи афзоиши тиҷорат бо кишварҳои дӯстона ва коҳиш додани он бо кишварҳои “аз ҷиҳати сиёсӣ дур” дар атрофи муносибатҳои иқтисодии Чин ва ИМА баррасӣ намуданд. Хулосаи асосии ҷаласаи ниҳоии Форум дар он буд, ки дар ҳоле ки ҳама метавонанд дер ё зуд ба “муқаррарии нав” мутобиқ шаванд, аммо захираҳое, ки барои дар оянда нигоҳ доштани рушди устувор ва босифат лозиманд, метавонанд кофӣ набошанд.

Вазифаи асосии форум бештар мусоидат намудан ба муколама ва мубодилаи ғояҳо мебошад. Коршиносон ба кишварҳо тавсияҳои мушаххас намедиҳанд, бо ишора ба он, ки тавсифи мушкилот ва муҳокимаи онҳо дар Форум танҳо оғози маъракаи бузурги ҳалли масъала аст.

Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ

 

Чоп кунед