22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди футбол дар мамлакат, дастгирии давлатии соҳа, оммавигардонии футбол ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳар чи бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва бо дастовардҳои арзанда парчами мамлакатро дар арсаи олам баланд бардоранд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё иштирок менамояд.
То имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки дар гурӯҳи «А» шомил аст, дар доираи Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳои Чин ва Қатар рақобат намуд.
Шоми рӯзи 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Давҳа дар доираи Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи мунтахаби Лубнон рақобат менамояд.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу намуданд.