Дар замони истиқлолият дар ҷумҳурии мо барои ноил шудан ба сатҳу сифати баланд ва ба талаботи замон мувофиқ намудани соҳаи илму маориф тадбирҳои муҳими давлатӣ амалӣ карда мешаванд ва масъалаи мазкур дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифро “пояи асосии рушд ва амнияти кишвар” номидаанд.
Ҳамчунин, дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» таъкид шудааст, ки “хароб гардидани сифати таълим ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мешавад”. Маҳз бо назардошти чунин зарурат маориф дар сиёсати давлатӣ (моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф») соҳаи афзалиятнок эълон шудааст.
Вобаста ба ин, маблағгузорӣ дар ин самт ҳамасола афзоиш меёбад. Дар соли 2023 барои соҳаи маориф 7 миллиарду 210 миллиону 355 ҳазор сомонӣ мабалағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 906 миллиону 330 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 12,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳамасола маблағгузорӣ барои соҳаи маориф тақрибан 6 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба дигар кишварҳо нишондоди баланд ҳисоб мешавад.
Масалан, сатҳи маблағгузорӣ ба соҳаи маориф дар ҷумҳурии мо тақрибан ба кишварҳои пешқадами дунё – Дания (8,4 %), Шветсия (7,8%), ШМА (6,6 %), Япония (4,9%), Юнон (4,4%) баробар аст. Агар омили асосии рушди илму маориф маблағгузории он маҳсуб шавад, пас маблағгузории соҳаи маорифи Тоҷикистон ба мамлакатҳои дар ин самт лидер тақрибан дар як саф меистад.
Воқеан, агар мо аз ҳисоботу гузоришҳои сохторҳои марбута натиҷагирӣ кунем, чунин хулосае бармеояд, ки илму маорифи Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дошта, дар ин самт мушкиле вуҷуд надорад. Лекин, таҳлилҳо собит месозанд, ки воқеияти ҳолати илм ва маориф дар ҷумҳурӣ на дар он шакле қарор дорад, ки дар ҳисоботҳою гузоришҳо инъикос ёфтааанд.
Президенти мамлакат бо дарки баланд ва хеле воқеъбинона соҳаи илму маорифро чун “пояи асосии рушд ва амнияти кишвар” арзёбӣ намуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» – хароб гардидани сифати таълим ва нерӯи зеҳнии мамлакатро ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ намудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи ниҳоят зиёд ба соҳаи мазкур дарак медиҳад. Лекин таҳлилҳо собит намуданд, ки мутаассифона, илму маориф имрӯз на пояи асосии рушд ва амнияти кишвар, балки баръакас, ба омили бесуботию хатарҳо ва ақибмонии ҳаёти моддию маънавии кишвар табдил ёфтаанд.
Сатҳи пасти дониш ва касбияти кормандони давлатӣ, табибон, ҳарбиён, муҳандисону саноатчиён, афзудани дингароию хурофот (хусусан, дар байни хизматчиёни давлатӣ), гаравидан ба созмонҳои террористӣ, густариши коррупсия, вайроншавии оилаҳо ва ғайраҳо, ки имрӯз дар ҷомеаи мо мушоҳида мешаванд ба таври мустақим аз таълиму тарбия ва мактабу маориф вобастагӣ доранд.
Саволе пеш меояд, ки чаро тадбирҳои муҳимму зарурии андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мазкур натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд ва илму маорифи тоҷик дар чунин ҳолати ногувор қарор дорад?
Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар тамоми самтҳои фаъолияти соҳаи илм ва маорифи ҷумҳурӣ нишондодҳо қонеъкунанда нестанд ва масъулини соҳа тӯли ин солҳо вазъи воқеии соҳаро ба таври мақсаднок пӯшонда, ба ҷои андешидани тадбирҳои зарурӣ ва аз ҳолати буҳронӣ раҳо намудан, баръакас ҳолати онро мушкилтару мураккабтар намуданд.
Ин аст, ки дар кишварҳои дигар илму маориф бо ҷӯшу хуруш рушду нумуъ намуда, ҳамқадами замон аст, вале дар мо бошад, илм ва маорифамон аз сатҳи ҷаҳонӣ фарсахҳо қафо меистад.
Бояд зикр намуд, ки рушд ва пешрафти ҳар як соҳа тавассути қабул ва амалӣ намудани барномаю консепсияҳо, стратегияҳо ва дигар санадҳои расмии давлатӣ таъмин мегардад. Иҷрои нақшаи чорабиниҳои санадҳои давлатӣ зери назорати сохторҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, иҷрокунандагон давра ба давра доир ба фаъолият ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда ҳисоботу гузоришҳо пешниҳод менамоянд. Вале тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, тайи чанд соли охир тақрибан аксари санадҳои муҳимми давлатӣ, ки доир ба соҳаи мазкур қабул гардидаанд, дар сатҳ ва сифати зарурӣ иҷро нашудаанд.
Якум, барномаҳои компютеркунонии мактабҳои асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007 ва марҳилаи дуюм барои солҳои 2011-2015. Бояд гуфт, ки нақшаи бо компютер таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Ҳукумат пурра иҷро гардид. Вале таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимон ва ба роҳ мондани таълими фанни мазкур, ки вазифаи ҷонии Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад, то имрӯз иҷро нагардидааст. Бо ин сабаб, дар аксари кулли мактабҳои ҷумҳурӣ компютерҳо мавриди истифодаи хонандагон қарор нагирифта, бекор хоб рафтаанд.
Дуюм, барномаҳои давлатии такмили тадрис ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои се марҳила: солҳои 2004-2014, 2015-2020 ва 2021-2030. Таҳлилҳо собит месозанд, ки ду марҳилаи аввал ягон натиҷа надода, баръакс сифати таълим ва сатҳи забоназхудкунии хонандагон бадтар шуду беҳтар не. Марҳилаи сеюм шуруъ гардидаст, вале дар ин самт амали назаррасе ба чашм намерасад ва вазъият чун пештара ташвишовар боқӣ мондааст.
Сеюм, тавре ки медонем, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои ин пешниҳоди муҳимму арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳо ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла:
– «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040;
-Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030;
-Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”. Дар маҷмуъ Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои ин санадҳо 155 бандро дар бар мегиранд.
Вале тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, таҳия ва пешниҳоди санадҳои гуногун дар соҳаи мазкур, аз ҷумла стратегияву барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва Академияи илмҳо чандон натиҷаи дилхоҳ надода истодаанд.
Бояд гуфт, ки шарти аввали амалишавии муваффақонаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ин таъмини муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти лабораторӣ мебошад. Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори соҳа бояд сарфаҳм раванд, ки бе таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ” дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз 01.08.2006, №366 иҷрои тамоми 155 банди чорабиниҳои дар боло овардашуда комилан ғайриимкон мегардад. Зеро ки иҷрои тамоми бандҳои чорабиниҳои зикркардида хоҳ нохоҳ аз таъмин будани озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ вобастагии ҷиддӣ доранд.
Бояд таъкид кард, ки дар тамоми тӯли мавҷудияташ (17 сол) аз ҷониби ин Марказ ба ҷумҳурӣ маводи зарурӣ ворид карда нашудааст. Вобаста ба ин, айни замон дар ягон мактаби миёна, мактаби олӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ ягон озмоишгоҳи замонавӣ вуҷуд надорад. Вобаста ба ин саволе пеш меояд, ки дар чунин ҳолат пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва кафедараҳои мактабҳои олӣ дар бораи кадом тадқиқотҳо ва натиҷагириҳои илмӣ ҳарф мезада бошанд?
Дар хусуси бефаъолиятии ин Марказ зимни мулоқот бо аҳли илми ҷумҳурӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эродҳои ҷиддӣ садо доданд. Инчунин, тибқи банди 8 “Нақшаи чорабиниҳо” бояд Академияи миллии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм барои таъмини фаъолияти Марказ ва бартараф намудани камбудиҳо дар давоми соли 2020 чораҳои зарурӣ меандешиданд. Ҳоло соли сеюм сипарӣ мешавад, вале аз ҷониби масъулин то имрӯз дар ин самт иҷрои ягон амали муфиде ба чашм намерасад.
Бояд зикр кард, ки бо мақсади таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» ба тасвиб расида буд, ки мебоист тайи 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 740 адад кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида мешуд. Ҷиҳати баррасии вазъи иҷрои қарори мазкури Ҳукумати ҷумҳурӣ 23-юми апрели соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазъи соҳаи моариф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Доир ба иҷрои барномаи болозикр қайд гардид, ки ба ҳолати моҳи январи соли 2021 163 адад кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки 22% нақшаи барномаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, доир ба физика – 46, химия – 34, биология – 39, технологияи информатсионӣ – 23 кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Вобаста ба шаҳру ноҳияҳо бошад, Бохтар 69,2%, Норак 50%, Восеъ 49%, Данғара 33,3%, Ҳамадонӣ 31,2%, Ш.Шоҳин 30%, Вахш 30% ва ғ. иҷро гардидааст.
Боиси тааҷуб аст, ки дар давраи пешбинишудаи барномаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ ягон муассиса ба ворид намудани таҷҳизоти лабораторӣ ва реактивҳои химиявӣ машғул набуд ва бинобар ин, чунин таҷҳизот ворид нагардидааст. Иҷрои барнома бо чунин нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки зимни иҷрои барномаҳои давлатӣ аз ҷониби вазорат ва сохторҳои поёнии он изофанависӣ кори муқаррарӣ буда, дар бораи на танҳо корҳои умуман иҷронашуда, балки корҳои иҷронашаванда ҳам ҳисобот медиҳанд.
Шарти дувуми иҷрои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ин таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ бо омӯзгорони соҳибтаҷрибаи фанҳои табиатшиносӣ мебошад. Яне дар баробари имкониятҳои моддию техникӣ дар ин раванд нақши омили инсонӣ набояд сарфи назар карда шавад. Айни ҳол нарасидани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию дақиқ барои тамоми муассисаҳои таълимӣ (олӣ ва миёна) ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бо чунин муносибати Вазорати маориф дар 20 соли барои рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ пешбинишуда на танҳо ҳадафҳои асосии рушди илмҳои мазкур амалӣ намешванд, балки тақрибан баъди 8-10 сол дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба ангуштшумор хоҳанд монд. Аз рӯйи таҳлил ва мушоҳидаҳо имрӯз таъмини мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёна бо омӯзгорони соҳибтаҷрибаи дорои сатҳи зарурии дониш тақрибан 15-20 фоизро ташкил медиҳад. Тадқиқоти моҳи январи соли ҷорӣ гузаронидаи мо собит намуд, ки аксари кулли насли ҷавон ва миёнасоли омӯзгорони фанҳои табиатшиносии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ дар бораи таҷрибаи лабораторӣ ҳатто тасаввуроти дуруст надоранд.
Бояд зикр намуд, ки мушкилоти мавҷударо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барвақттар эҳсос намуда, зимни суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш ҳанӯз 1 сентябри соли 2019 дар ин хусус таъкид намуда буданд: – “Ҳоло омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳангоми анҷом додани озмоишҳо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардидаанд. Бо ин сабаб хонандагон мактаби миёнаро бе андӯхтани чунин таҷриба хатм карда, ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд ва ба иллати мавҷуд будани чунин камбудӣ дар макотиби олӣ ин муассисаҳоро низ бе анҷом додани таҷриба дар озмоишгоҳҳо ба итмом расонида, соҳиби дипломи таҳсилоти олии касбӣ мегарданд.” Албатта, омӯзгори камдонишу бетаҷриба наметавонад омили болоравии сатҳи дониши мактаббача ё донишҷӯ гардад. Хонандаи болаёқат ба омӯзгори донишманду болаёқат ниёз дорад.
Омӯзиши ҳолати таълими фанҳои табиатшиносию дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ нишон медиҳад, ки барои барқарор намудани талафоте, ки дар ин самт пеш омадааст, муҳлати на камтар аз 10 сол зарур аст. Аз ин рӯ, дар сурати амалӣ нашудани тадбирҳои зарурӣ ва фарогир доир ба масъалаи мазкур дар ояндаи наздик таъмини муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ бо олимон ва омӯзгорони соҳаи фанҳои атбиатшиносӣ ва дақиқ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил хоҳад ёфт. Имрӯз аллакай соли сеюми “Бистсола” сипарӣ мешавад, вале дар ин самт ягон амали назаррас мушоҳида намешавад.
Тавре ки мебинем, бар хилофи бандҳои Нақшаи чорабиниҳо имрӯзҳо дар мактабҳои олии кишвар, хусусан, доир ба фанҳои табиатшиносию дақиқ кам гардидани теъдоди донишҷӯён, ихтисор гардидани кафедраҳо ва соатҳои фанҳои табиатшиносию дақиқ идома дошта, қабули донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантҳо нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду сол боз нақшаи қабул ба магистратура ҳамагӣ 30 фоизро ташкил медиҳад. Дар мактабҳои олии дигар бошад, вазъият боз ҳам мураккабтар аст.
Тавре ки медонем, чанд сол боз дар ҷумҳурӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Таҳлилҳо собит намуданд, ки озмуни мазкур барои рушди адабиёт ва назму наср мусоидаткарда бошад ҳам, дар шароити мушкилии таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ҷалби хонандагони болаёқатро ба ин самт халалдор намуд. Бояд зикр намуд, ки бо иштирок дар ин озмун, ки, қабл аз ҳама, ҳавасмандии мактаббачагонро бештар бедор намуд, зеҳнҳои беҳтарин ба хонадани адабиёти бадеӣ ва азёд кардани шеър майл намуданд ва аз ин ҳисоб майли хонандагони аълочию боистеъдод ба фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ коҳиш ёфт. Тавассути ҷалби бештари хонандагони боистеъдод аз ҷониби оӯзгорон ва роҳбарони мактабҳо ба ин озмун, ба самти дигари муҳимми дорои аҳамияти стратегӣ – омӯзиш ва таълими фанҳои табиатшиносию дақиқ таъсири манфӣ расонда шуд.
Масалан, тибқи ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз субтести математика дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ ҳамагӣ 3,2 фоизи довталабон тавонистаанд, ки аз 24 то 40 холи имконпазирро соҳиб шаванд, ки ин нишондоди хеле паст ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки дар соли 2020 ин нишондод 6,2 фоизро ташкил медод. Бояд гуфт, ки 6,2 фоиз низ нишондоди баланд ҳисоб намешавад, вале дар муқоиса ба соли 2022 хубтар мебошад. Яъне ба адабиёт ва шеър ҷалб намудани бештари хонандагони болаёқат ба сатҳи бе ин ҳам пасти дониши хонандагон дар самти илмҳои табиатшиносию дақиқ нақши манфии худро гузошт.
Ҳамчунин, Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 25-уми октябр соли 2022 сатҳи дониши иштирокчиёнро ғайриқноатбахш арзёбӣ намуд. Дар номинатсияҳои «Физика ва астрономия», «Технологияи иттилоотӣ» ва «Математика» дар гурӯҳи донишҷӯён ишғоли ҷойи якум ба касе муяссар нашуд, зеро тибқи Низомномаи озмун иштирокчиёне, ки аз 70 фисади холҳои имконпазир камтар ба даст биёранд, ҷойи якум дода намешавад. Инчунин, аз ҷониби ҳакамони номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ихтирооте, ки муносиби Шоҳҷоиза бошад, дарёфт нагардид.
Ҳамчунин ҷамъбасти озмун нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, литсей ва гимназияҳо нисбат ба донишҷӯёну магистрантони макотиби олӣ хубтар баромад намуданд. Дар чунин маврид саволе пеш меояд, ки хатмкунандагони болаёқати мактабҳои миёна, гимназия ва литсейҳо баъди хатми ин муассисаҳо таҳсилро дар кадом мактабҳои олӣ идома медода бошанд? Ин хонандагони лаёқтманд куҷо мешаванд, ки дар ҳайати донишҷӯёну магистрантони мактабҳои олӣ дучор намешаванд? Чунин равандҳо бояд зери назорати ҷиддии масъулони соҳа қарор дошта, хонандагони лаёқатманди самти илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ чун захираи нодири зеҳнии мамлакат бояд нигоҳдорӣ ва ҳифз карда шаванд.
Бинобар ин, хуб мешуд, ки шартҳо ва доираи фарогирии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо назардошти ҳолати рӯҳию равонии иштирокчиён, хусусан, мактаббачагон бозбинӣ шуда, содатар карда шавад. Хусусан, бандҳои 3 ва 35-и Низомнома бозбиниро мехоҳанд, зеро ки дар асри ХХ1афзалият додан ба насри бадеию шеър ва барои хонадагон бо чунин шартҳо – “таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, 20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рӯбоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд, 5 ҳикоя, 2 эссе, 1 повест, 1 драма” баргузор намудани озмун ҳеҷ гуна зарурати воқеӣ вуҷуд надорад.
Дигар ин ки шеър ва насри бадеӣ дар алоҳидагӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад фурӯғи субҳи доноӣ бошанд. Зеро ки ин ҳар ду ба ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмии хонандагон мусоидат накарда, баръакс дар тафаккури онҳо мистикаю тахайюл, дарки ғайриилмии олами воқеиро ташаккул медиҳанд.
Умуман, дар оянда хуб мешуд, ки масъалаи муттаҳид намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва «Илм-фурӯғи маърифат» мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ғайр аз ин, таҷриба собит намуд, ки омодагӣ ва баргузории ду озмун бо чунин фарогирии васеи иштирокчиён дар миқёси ҷумҳурӣ дар фаъолияти мактабҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ мушкилиҳои зиёдро пеш меорад.
Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, масоили илм ва маориф ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, фақат дар паёмҳои 9 соли охир (2014-2022) аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили муҳимми илм ва маориф 46 маротиба эродҳои ҷиддӣ садо додаанд ва баҳри бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст. Таҳлили иҷрои Нақшаи тадбирҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз паёмҳои 9 соли охир бармеоянд, нишон дод, ки аз бандҳои ба соҳаи илму маориф дахлдор аксари онҳо онҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидаанд. Агар ин эродҳо саривақт ва бо сифати зарурӣ иҷро мешуданд, соҳаи илм ва маорифи мо, албатта, ба чунин ҳолат дучор намешуд.
Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби Пешвои миллат зимни паёмҳояшон масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин самт супоришҳои мушаххас дода шудааст:
-масъалаи сифати таълим – 6 маротиб (2014, 2017, 2018, 2019, 2021, 2022);
-такмили ихтисоси омӯзгорону олимон – 3 маротиб (2016, 2018, 2021);
-омӯзиши забонҳои хориҷӣ – 5 маротиб (2016, 2017, 2018, 2021, 2021);
-оид ба омӯзгорони фанҳои дақиқ – 5 маротиб (2016, 2017, 2019, 2021, 2021);
-таъмини мактабҳо бо омӯзгорон – 4 маротиб (2015, 2016, 2017, 2018) ва ғайра.
Бояд гуфт, ки ин рақамҳо баёнгари таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва маориф мебошанд, ки зимни паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааанд. Илова бар ин, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, сафарҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ғайраҳо ҳамеша маслиҳатҳо ва дастуру супоришҳои барои ин соҳа муфид ва зарурӣ дода мешаванд, ки татбиқи саривақтии онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва Академияи илмҳо метавонист ба рушди соҳа ва бартараф намудани бисёр камбудиҳо мусоидат намоянд.
Ҳамин тавр, агар дар раванди таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи насли наврас ва ҳифзи арзишҳои ахлоқии барои ҷомеа зарур, аз ҷумла ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият барои сарнавишти кишвар заифии ҷомеаи кунунӣ ошкор гардад, пас қисмати бештари гуноҳ ба дӯши низоми маориф ва маорифчиён хоҳад буд. Бинобар ин, бояд низоми идораи илм ва маориф таҳким ёфта, бо дарназардошти рушд ва ҳифзи манфиатҳои соҳаи мазкур, ҳамчунин, таъмини фаъолияти самараноки муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар тадбирҳои муфид андешида шаванд.
Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ аз нигоҳи мо айни ҳол амалӣ намудани хулоса ва тавсияҳои зерин ба мақсад мувофиқ хоҳад буд:
1.Бо мақсади омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи воқеии илму маориф дар ҷумҳурӣ дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби муҳаққиқону коршиносони варзидаи соҳаи маориф ва илм, инчунин, маорифчиёни шинохтаю собиқадор, хусусан, ашхоси поквиҷдону ватандӯст гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шавад. Ба гурӯҳи корӣ супорида шавад, ки дар муҳлати як моҳ доир ба вазъи воқеии соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумотномаи муфассал, дақиқ ва хулосаҳои асоснок пешниҳод намояд.
2.Гурӯҳи корӣ дар муддати ду моҳ Барномаи мушаххаси аз ҳолати буҳрон ва таназзул раҳо намудани маориф ва илми ҷумҳуриро барои 10 соли оянда (иборат аз ду марҳила: 2024-2028, 2029-2033), бо назардошти ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми идораи илм ва маориф, ки рушди минбаъдаи соҳа ва ҳифзи манфиатҳои миллиро дар шароити муосир пурра ифода карда тавонанд, таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Абдураҳмон Қурбонов,
доктори илми фалсафа, сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон