Муаммою зиддиятҳои экологӣ дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI яке аз сабабҳои баҳсҳои геополитикӣ дар ҷаҳони муосир гашта истодаанд. Ҳоло масъалаҳои ҳифзи муҳити зист тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонро фаро гирифта, ҳаллу фасли онҳо на танҳо дар доираи андешаҳои олимону мутахассисон, балки дар сатҳи роҳбарони кишварҳои олам низ мавриди арзёбӣ қарор меёбанд. Аз ин бармеояд, ки дар замони муосир масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи табиат ҷузъи ҷудонашавандаи давлату давлатдорӣ мансуб ёфта, паёмади онҳо ҷомеаи башариро водор менамоянд, то дар ҳалли ин масоил бетарафиро ихтиёр накунанд.
Тибқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии муҳити зист (ТБМЗ), айни замон аз чор як ҳиссаи микроорганизмҳои хок дар замин нест шудаанд ва агар ин тамоюл минбаъд идома ёбад, баъд аз 40 – 50 сол аллакай 50% миқдори микроорганизмҳои хок ба ҳадди нестӣ мерасад, ки ин ҳодисаи мудҳиштарини инқирози муҳити зист ба ҳисоб меравад. Тибқи андешаи олимону коршиносон, масъалаҳои экологӣ силсилаи ҳалқаи занҷиреро мемонанд, ки бо ҳам робитаи ногусастанӣ дошта, дар мавриди канда шудани яке аз занҷирҳо тамоми ҳалқа хароб мегардад. Алҳол аз таҳлилҳои аксҳои кайҳонӣ бармеояд, ки дар сатҳи замин зери таъсири омилҳои табиӣ – техногенӣ дигаргуншавии босуръати муҳити зист ва заифшавии системаҳои экологӣ мушоҳида мегардад. Чунончи таъсири инсон ба муҳити зист дар садаи ХХ ба он дараҷае расид, ки айни замон устувории биосфера зери таҳдид қарор дорад. Заифшавии системаҳои экологӣ, мунқаризшавии олами набототу ҳайвонот, баландшавии ҳарорати глобалии сайёра, биёбоншавӣ ва ғайра ба ин мисол шуда метавонанд.
Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин омилҳоро хеле нозукона эҳсос намуда, феълан дар арсаи байналмилалӣ сиёсати экологиро ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатдории тоҷикон ба роҳ мондааст. Айни замон ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро на танҳо бо қуллаҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, чашмаҳои мусаффо, ёдгориҳои таърихию табиати афсунгар, балки бо ташаббусҳои башардӯстона ва дорои аҳамияти ҷаҳонии Сарвари давлати тоҷикон – Соли оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», Соли ҳамкориҳо дар масоили об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» мешиносанд. Зуҳуроти муаммоҳои глобалӣ водор менамоянд, ки густариши иқтисодиёт ва арзишҳои соҳибистиқлолии кишварро аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла диди экологӣ на танҳо арзёбӣ, балки тарғибу ташвиқ намоем. Қазоват намоед: нахустин қонун оид ба муҳофизати табиат дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1959 қабул шуда, то давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ягон маротиба такмил наёфта буд.
Хушбахтона, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин ҷода зиёда аз 25 қонуни соҳавӣ қабул гардид ва аксари онҳо вобаста ба замон такмил дода шуданд. Барои амалигардонии ин қонунҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии соҳавӣ таҳия гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли қабули онҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Нақши муҳимро дар бартарафсозии мушкилоти экологӣ сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бори нахуст соли 1996 “Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010” ва 2 апрели соли 2015 “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020” – ро қабул намуд. Ин барномаҳо самтҳои ноил шудан ба рушди устуворро аз нигоҳи арзишҳои тамаддунию суннатӣ нишон медиҳанд. Хусусияти хос ва афзалиятноки ин барномаҳо, ба андешаи мо, дар он аст, ки ҳар як шарҳвандро барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус экологӣ, дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ омода месозанд. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари рӯзномаҳои даврӣ, инчунин, нашрияҳои соҳавӣ, назири «Наврӯзи Ватан», «Набзи табиат», «Табиат ва ҳаёт», «Ҳифзи табиат», «Табиат» арзи вуҷуд намуданд ва онҳо дар роҳи боло бурдани маърифати экологии мардум нақши муассири худро гузоштанд. Дар баробари ин, дастоварди дигари муҳим дар сохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани маркази ахбори экологӣ мебошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи муҳити зист – конвенсияҳои СММ «Дар бораи ҳифзи қабати озон» (1996), «Дар бораи гуногунии биологӣ» (1997), «Дар бораи мубориза алайҳи биёбоншавӣ» (1997), «Дар бораи тағйирёбии иқлим» (1998), «Дар бораи заминҳои обию ботлоқӣ» (2000), «Доир ба нигаҳдории намудҳои кӯчандаи ҳайвоноти ваҳшӣ» (2000), Конвенсияи Орхус «Дар бораи дастрасӣ ба маълумот, иштироки аҳли ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адлия дар масъалаҳои муҳити зист» (2001), Конвенсияи Стокголм «Дар бораи ифлоскунандаҳои устувори органикӣ (2002)», Конвенсияи СИТЕСГ «Дар бораи харидуфурӯши намудҳои ёбоии олами набототу ҳайвоноте, ки зери хатари нестшавӣ қарор доранд» (2017), Конвенсияи Базел «Оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» (2017) шомил шуд. Амалигардонии ин конвенсияҳо нақш ва мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таҷассум менамояд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон ба туфайли пайвастшавӣ ба ин конвенсияҳо дар сатҳи байналмилалӣ сиёсати экологии хешро роҳандозӣ мекунад.
Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ масъалаи пешгирии хатарҳои экологиро ба миён гузошта, баҳри ҳалли онҳо пешниҳодҳои мушаххас мекунад. Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин амалҳо кам кардани таъсири номатлуби инсон ба муҳити атроф ва ба ин васила нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва системаҳои экологӣ барои нигоҳдошти мувозинати табиӣ мебошад. Санадҳои таърихӣ бозгӯи онанд, ки дар натиҷаи дағалона вайрон кардани меъёрҳои табиат ва истифодабарии бераҳмонаи сарватҳои табиии он инсониятро офатҳои табиӣ думболагир намуда, ҳамасола зиёни зиёди моддиву молиявӣ ба бор меоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанги ҳалли масъалаҳои муҳими экологии сайёра, хусусан дар соҳаи об, шинохта шудааст. Қабули қатъномаҳои СММ дар ҷодаи об аз як тараф дурнамои сиёсати обии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ нишон диҳад, аз дигар тараф он таҷассумгари арзишҳои волои маданияти халқи тоҷик дар ҷодаи беҳтар намудани муҳити зист аст. Сарвари давлати мо тавонист миллату халқиятҳои гуногунро баҳри ҳалли ин мушкилот муттаҳид намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ стратегия, консепсия ва барномаҳои давлатию соҳавӣ қабул намуд, ки ҳадафи маҷмӯии онҳо истифодаи оқилона ва ҳифзи табиати кишвар мебошад.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист барои иҷро кардани уҳдадориҳои хеш дар асоси меъёрҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ саъю талош мекунад. Давоми ин солҳо Институти илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Маркази яхшиносӣ, Институти энергетикӣ, Донишкадаи металлургӣ ва даҳҳо кафедраҳои тахассусие ташкил шудаанд, ки ба таҳқиқ ва арзёбии муаммоҳои экологии кишварамон машғуланд. Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ рисолати хешро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ зина ба зина амалӣ менамояд. Ин сиёсат аз як тараф баҳри ба эътидол овардани вазъи экологӣ дар сатҳи миллӣ равона шуда бошад, аз ҷониби дигар он роҳи манфиатноки зина ба зина ворид шудан ба равандҳои глобалиро нишон медиҳад.
Ҳасан АСОЕВ, Саидмуъмин ТАҒАЙБЕКОВ,
коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”