Мақолаи директори Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмонзода Х.У. моҳи декабри соли ҷорӣ дар ҷилди 18, шумораи 4-уми журнали бонуфузи “Global Asia”, ки мансуб ба  Бунёди Осиёи Шарқӣ мебошад, таҳти унвони “Бӯҳрони Афғонистон ва таҳдидҳо ба Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон” ба нашр расид.

Дар ин шумораи маҷалла мақолаи роҳбарони марказҳои зеҳнии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба нашр расидааст.

Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи “Global Asia” ба таҳлил ва андозагирии глобалии воқеаҳое машғул аст, ки дар минтақаи Осиё рӯх медиҳанд.

Бунёди Осиёи Шарқӣ, ки муассиси  маҷаллаи “Global Asia” мебошад, моҳи январи соли 2005 дар Сеул таъсис ёфта, аз он замон то ин давра  барои мусоидат ба сулҳ, шукуфоӣ, амният ва устуворӣ дар Осиёи Шарқӣ тавассути ташкили форумҳо ва нишастҳои кушоду созанда бо ҷалби мутафаккирони барҷаста, сиёсатмадорон, ходимони сиёсӣ ва тоҷирон барои табодули афкор оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамгироӣ ва ҳадафҳои дигари созанда талош менамояд.

Шакли пурраи мақолаи директори Марказро дар нусхаи асл ба забони англисӣ дар ин суроға мутолеа карда метавонед.

https://mts.tj/en/3580/news/

Чоп кунед