Санаи 11 декабри соли 2023 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода дар Форуми коршиносӣ таҳти унвони «Муколамаи стратегии Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея: дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд”, ки аз ҷониби Институти стратегӣ ва таҳқиқоти байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Маркази таҳқиқотии минтақавӣ ва байналмилалии Корея баргузор шуд, тариқи онлайн иштирок ва дар ҳошияи ҷаласаи аввал дар мавзуи “Ҳолат ва имкониятҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ” суханронӣ намуд. Дар Форум ҳамзамон Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазоев дар мавзуи “Тоҷикистон ва Корея: самтҳои асосии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди равобити мутақобилан судманд” маъруза кард.

Дар чорабинӣ роҳбарони марказҳои таҳлилӣ ва коршиносони варзидаи Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд.

Иштирокчиёни Форум оид ба тавсеаи ҳамгироӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея дар шароити гуногуни фарҳангӣ ва тамаддунӣ ва роҳҳои ташкили ҷомеаи дорои сарнавишти муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронӣ директори Марказ Усмонзода Хайридин таъкид намуд, ки дар заминаи формати С5+1 ташкил намудани ҳамкориҳои марказҳои зеҳнӣ дар тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд басо муфид ва саривақтӣ мебошад. Зикр гардид, ки муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея сол то сол тақвият меёбанд. Хусусан, бо суръати назаррас рушд намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ таъкид карда шуд.

Усмонзода Хайридин тақвият ёфтани робитаҳо байни пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои таҳлилиро дар тавсеаи ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Корея ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ хеле зарур ва муҳим арзёбӣ намуд.

Дар умум, нишасти болозикр, ки бо ташаббуси Институти стратегӣ ва таҳқиқоти байни минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, бо муколамаи судманд атрофи масоили рушди ҳамгироӣ хотима ёфтанд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед