Рӯзи 6 декабри соли 2023 ҷаласаи ҳисоботии Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:
- Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023.
- Нақшаи фаъолияти корҳои илмию таҳқиқотии раёсатҳои Марказ барои соли 2024.
- Нақшаи кории чорабиниҳои Марказ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024.
Сипас дар ҷаласа сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Муайян ва пешгӯйӣ кардани хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар замони муосир”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иқтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи манифиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ораз Муртазоев дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун қисми таркибии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Муаммоҳо вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳуроии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Авлавиятҳои соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ», сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаев дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Масъалаҳои ҳавасмангардонии андозӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ” ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов дар бораи фаъолияти солонаи Раёсат мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Дар бораи корҳои илмию таҳқиқотии ҳар як раёсати Марказ тақризҳои муқарризони берунӣ ба самъи ҳозирин расонида шуданд.
Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории онҳо дар сомонаи Марказ сари вақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардиданд, ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ карданд.
Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро зикр намуданд ва барои пешрафти фаъолият тавсияҳои муфид доданд. Аъзои Шурои илмию методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар соли 2023 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҳамзамон, дар кори Шурои илмию методӣ нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии Марказ барои соли 2024 баррасӣ ва муҳокима гардид.
Ҷаласаи Шурои илмию методии Марказро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои илмию методии Марказ Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.
Дар кори ҷаласа директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон