Рӯзи 29 ноябри соли 2023 Маҷлиси интихоботии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуд. Пас аз тасдиқи ҳайати садорати маҷлис, котибот, рӯзнома ва регламент ҷаласа ба кори худ шуруъ намуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси кумитаи иттифоқи касабаи Марказ иброз гардид, ки бо сабаби аз кор рафтани роҳбари дастгоҳи Марказ ва раиси кумитаи иттифоқи касабаи Марказ Умед Давлатов бояд раиси нави кумитаи иттифоқи касаба интихоб карда шавад. Ҳайати кумитаи иттифоқи касабаи Марказ номзадии сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаевро ба вазифаи раиси кумитаи иттифоқи касаба пешниҳод намуданд. Доир ба ин масъала узви ҳайати кумитаи иттифоқи касаба Рухшона Одилова суханронӣ намуд.
Сипас сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Ораз Муртазоев, сармуҳосиб Раҳмоналӣ Абдурауфов, раиси Шурои бонувон Марҳамат Назирова, раиси Шурои ҷавонон Саидаҳтам Талбаков, котиби илмӣ Рухшона Одилова, котиби матбуотӣ Қиёмиддин Сатторӣ пиромуни фаъолият ва шахсияти Амин Одинаев фикру андешаҳо баён намуда, номзадии ӯро дастгирӣ карданд.
Сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидхоҷа Акбаров ба сухан баромада, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва умумии Марказ Бозоргул Иззатоваро ба ҳайси номзади алтернативӣ ба вазифаи раиси кумитаи иттифоқи касаба пешниҳод намуд. Ҳар ду пешниҳод ба овоз гузошта шуд. Пешниҳоди аввал аксари мутлақи овозҳо ва пешниҳоди дувум танҳо як овоз гирифт.
Ҳамин тавр, бо тариқи овоздиҳии кушода сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаев раиси кумитаи иттифоқи касабаи Марказ якдилона интихоб гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода раиси тозаинтихоби кумитаи иттифоқи касабаро табрику муборакбод намуда, ба ӯ ва ҳайати кумитаи иттифоқи касаба дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ ва таҳкими интизоми меҳнат дар муассиса барору комёбиҳо орзу намуд.
Ҷаласаи интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон