Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар соли 1996 барқарор гардида, давра ба давра рушд ёфта истодаанд. Ду кишвар дорои сатҳи баланди ҳамкориҳо мебошанд.

Аз соли 1996 то соли 2022 миёни Тоҷикистон ва Беларус барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст. Аз соли 2019 то ба ҳол байни ду кишвар шартномаи шарикии стратегӣ ба имзо расид, ки дар муносибатҳо такони тоза бахшид.

Мавриди зикр аст, ки 22 ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус ташриф бурданд. Роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд. Тоҷикистону Белорус дар сатҳи олӣ талош доранд то рушди минбаъдаро таъмин ва муносибатҳои фаъолро тавсеа бахшанд. Сарварони ду кишвар гуфтанд, ки ҷонибҳо бояд роҳҳои нави ҳамкориро ҷустуҷӯ намоянд, зеро имкониятҳои зиёд ҷой дорад, ки метавонад дар самтҳои гуногун муносибатҳо рушд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус баҳои баланд доданд. Президентони ду давлат доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд ва дар охир Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҷонибҳо бояд ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро тақвият бахшанд, зеро нишондиҳандаҳои иқтисодии дуҷониба қонеъкунанда намебошанд. Дар рафти сафари мазкур тасмим гирифта шуд, ки Маркази тиҷорати молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Беларус кушода гардад. Инчунин, дар рафти сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣиштирок ва сухаронӣ намуданд. Зикр гардид, ки хатару таҳдиди минтақавӣ ва байналмилалӣ афзоиш ёфта истодаанд, ки ба амнияти аъзои кишварҳои СААД бетаъсир буда наметавонад. Дар ин замина зарур аст, ки кишварҳои узв ҳамкориҳоро дар самти дуҷониба ва бисёрҷониба таҳким бахшанд.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Беларус дар чанд соли охир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки гардиши мол байни ду давлатро бештар намоянд. Вобаста ба ин, Барномаи “Харитаи роҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2022-2026” тартиб дода шудааст, ки гардиши молу маҳсулотро миёни ду кишвар дучанд мегардонад. Инчунин, Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус баргузор мегардад. Барои тақвияти ҳамкориҳо дар сатҳи минтақа ва берун аз он Форуми тиҷоратии Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон баргузор гардида буд. Дар маҷмуъ, Беларус ба Тоҷикистон асосан трактор, шакар, маҳсулоти нафтӣ, орд, маҳсулоти коркарди чӯб ва ғайра ворид мекунад. Гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2022 зиёда аз 67 млн долларро ташкил дод ва ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки то ба 100 млн бурда расонанд.

Қобили зикр аст, ки ду кишвар на танҳо дар самти дуҷониба, балки дар самти бисёрҷониба низ ҳамкориҳои фаъолро ба роҳ мондаанд. Масалан, Тоҷикистону Беларус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва САҲА ҳамкорӣ намуда, дорои мавқеи яксон мебошанд. Инчунин, ҷонибҳо аз мавқеъ ва ташаббусҳои якдигар дар доираи созмонҳои болозикр ҳимоя менамоянд.

Бояд таъкид кард, ки Тоҷикистону Беларус дар бахши саноат ҳам ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондаанд. Мошинҳои боркашоние, ки дар Беларус истеҳсол мешаванд, дар конҳои гуногуни маъдан ва НОБ-и Роғун истифода мегарданд. Ҳамчунин, марказҳои таъмирӣ ва хизматрасонии мошинҳои боркаши Беларус дар Тоҷикистон сохта шудаанд, аз ҷумла корхонаи “МАЗ” дар заминаи ҶСП “Агротехсервис” дар Ҳисор ва ҶСК “Мадади Турсунзода” дар шаҳри Турсунзода ва барои таъмири таҷҳизотҳои коркарди маъдан ҶДММ “Помиртехсервис” ба истифода дода шуданд. Ҷонибҳо нақша доранд, ки ҳамкорӣ дар самти саноатро ба сатҳи сифатан нав бароранд.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус дар ҳолати рушд буда, пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҳамкории ҳунармандони ҳарду ҷониб баргузор мегардад. То имрӯз намоишгоҳҳои рассомон, аксбардорон ва сафарҳои ҳунарии дастаҳои ҳунарӣ ба кишвар якдигар сурат гирифтаанд. Инчунин, миёни донишмандони тарафҳо шабнишиниҳо бахшида ба солгарди адибону шоирон гузаронида мешавад. Дар ин замина форумҳои илмӣ, ярмаркаҳои муштарак ва фестивалҳо гузаронида шуда истодаанд. Беларус солона барои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ 8 квота ҷудо мекунад. Ҳамчунин, факултаҳои донишгоҳҳои Беларус дар донишгоҳҳои Тоҷикистон кушода шудааст. Барои тақвияти бештари муносибатҳо дар соҳаи илм Маркази маориф, илм ва фарҳанги Беларус дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кушода шудааст.

Робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус низ дар ҳолати рушд қарор доранд. Чунончи ба назар мерасад тамосҳои доимӣ ҷой дорад ва дар чорабиниҳои парлумонии якдигар намояндагон ва депутатҳо ширкат меварзанд.

Чӣ тавре ба назар мерасад, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба мушоҳида мегардад.

Хулоса, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки сафари расмии анҷомдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус уфуқҳои навро боз менамояд.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
 сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед