Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли 1992 барқарор гардида, давра ба давра то ба сатҳи шарикии стратегӣ омада расид. То имрӯз робитаҳои дуҷонибаро беш аз 290 санади ҳамкорӣ танзим менамояд.

Ҳар ду кишвар дорои ҳамкориҳои ҳасана буда, дар низоми ҳамкориҳои берунии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистон Русия ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар робита ба ин, Русия ҳамеша дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад ва тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки 21 ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия ташриф оварданд. Зимни мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самти энергетика, саноати кӯҳӣ ва кишоварзӣ тақвият бахшанд, зеро дар ин замина бахшҳое барои ҳамкорӣ ҷой дорад. Инчунин, қайд гардид, ки соҳаи кишоварзӣ самти дурнамодори ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯсту бародар мебошад. Дар чанд соли охир содироти молҳои кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфта истодааст. Иқлими Тоҷикистон, ки барои истеҳсоли меваҷоту сабзавот мусоид мебошад ва бозори истеъмолии Русия бошад, рӯз ба рӯз талаботаш ба маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ меафзояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 800 кони маъдан кашф шудааст ва ҳамкорӣ дар коркард ва истихроҷи онҳо аз манфиат холӣ нест. Тоҷикистон ва Русия метавонанд дар бахши саноати кӯҳӣ ҳамкории манфиатовар дошта бошанд. Дар сафари мазкур 9 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Мавриди зикр аст, ки нақши Роҳбарони ду давлат дар тақвияти робитаҳои ду кишвар бисёр калон мебошад. Хусусан, Президенти Русия Владимир Путин эҳтироми хосса ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Владимир Путин нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ калон арзёбӣ менамояд ва аз минбарҳои гуногун борҳо инро иброз доштааст.

Тоҷикистон ва Русия дар самти таъмини амният дорои ҳамкории зич буда, махусусан, дар бахши мубориза бо терроризм – экстремизм ва амнияти минтақавӣ сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар пайваста ҳамкорӣ менамояд. Мисоли равшани инро дар Тоҷикистон қарор доштани пойгоҳи низомии Русия мебинем. Яъне вобаста ба мураккабии вазъи минтақа ва таҳдидҳои аз сӯйи Афғонистон ҷой дошта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистону Русия дар самти мазкур ҳамкориҳоро тақвият бахшида истодаанд. Кишварҳо ҳамкорӣ дар самти амниятро на танҳо дар самти дуҷониба, балки дар самти бисёрҷониба дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба роҳ мондаанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Русия на танҳо дар бахши амният, инчунин, дар самтҳои дигар, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории васеъ доранд. Масалан, ду кишвар дар самти энергетикӣ аз рӯзҳои аввал ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд ва НОБ-и “Сангтуда 1” дар ҳамкорҳои байни ду давлат бунёд гардидааст. Тоҷикистон, ки бештари захираҳои обии минтақаро дорад, имконияти тавлиди зиёди энергияи сабзро дорост ва дар ин замина ҷонибҳо метавонанд ҳамкориҳоро ба нафъи ду тараф тавсеа бахшанд. Зеро бахши энергетика дар ҷаҳони муосир соҳаи муҳим ва ояндадор ба ҳисоб рафта, рӯз то рӯз талабот ба соҳаи мазкур меафзояд.

Тоҷикистон ва Русия дар самтҳои гуманитарӣ-фарҳангӣ низ ҳамкории васеъ доранд. Ҷонибҳо дар бахши илм ҳамкориҳоро давра ба давра тақвият бахшида истодаанд. Табодули таҷриба миёни олимон ва донишмандон, табодули донишҷӯён ва кушодани донишгоҳҳо аз ҷониби Русия баёнгари равобити зичу ҳаматарафа дар соҳаи мазкур мебошад. Таъкид бояд кард, ки 70 сол олимони ду кишвар дар як фазои илмӣ кору фаъолият доштанд ва ин робитаҳо заминаи эътимодбахш дар самти тавсеа илми дуҷониб ба ҳисоб меравад. Инчунин, баргузории пайвастаи рӯзҳои фарҳангӣ дар кишвари якдигар мардуми ду давлати дӯсту бародарро боз ҳам наздиктар мегардонад. Ҳамчунин, байни Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аз соли 2006 инҷониб амал менамояд, ки дар тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба нақши назаррасро дорад.

Тоҷикистон Русияро шарики боэътимод дар равобити дуҷониба медонад ва ҳамкории беш аз 30 сол инро исбот кардааст. Тоҷикистон ва Русия дар робитаҳо манфиатҳои тарафайн ҳамеша ба инобат мегиранд. Тоҷикистон барои Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ шарики боэътимод мебошад. Тоҷикистон мавқеи геопалитикии хуб дорад ва ин барои Русия муҳим мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, Русия ҳамеша талош менамояд, ки робитаҳо бо Тоҷикистон дар руҳияи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила ба роҳ монда шаванд.

Умуман, Тоҷикистон ва Русия дорои имкониятҳои васеи ҳамкорӣ мебошанд. Ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика, саноати кӯҳӣ ва кишоварзӣ дар дурнамо метавонад ба манфиати тарафайн гардад.

 

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
 сармутахассиси раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед