11.11.2023, Арабистони Саудӣ

Бисмиллоҳи раҳмони раҳим,

Муҳтарам Раис, Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд, Валиаҳд ва Раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ,

Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!

Мо ташаббуси Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ – Аълоҳазрат Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудро ба ҳайси Раиси кунунии Саммити исломӣ оид ба даъвати ҳамоиши изтирории имрӯза ҷиҳати баррасии вазъ дар навори Ғазза саривақтӣ ва муҳим медонем.

Вазъи буҳронӣ дар ин бахши Фаластин кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст.

Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.

Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Кишвари мо ҳанӯз аз оғози даргириҳои охир аз ҷонибҳо даъват ба амал овард, ки ба амалҳои зӯроварӣ ва хушунатомез хотима дода, барои ба эътидол овардани вазъ сари мизи музокира нишинанд.

Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад.

Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.

Ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.

Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш!

Мову шумо медонем, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябри соли 1947 дар бораи дар сарзамини Фаластин таъсис додани ду давлати мустақил қатънома (№181) қабул карда буд.

Аммо то имрӯз орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди таъсис додани давлати худ амалӣ нагардидааст.

Бо дарназардошти ин ҳолат, кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро лозим меояд, ки ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи Умумӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал саъй намоянд.

Дар ин замина, таъмини ҳимояи байналмилалии мардуми Фаластин ва дастгирии талошҳо барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим дониста мешавад.

Ҳоло зиёда аз ду миллион аҳолӣ дар навори Ғазза дар шароити муҳосираи комил аз камбуди озуқаворӣ, барқ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалӣ азият мекашанд.

Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои қатъиро интизоранд, то ба фоҷиа ва ранҷу азияташон хотима бахшида шавад.

Дар ҳоле ки даргириву хунрезӣ дар ин минтақаи Ховари Миёна ба нуқтаи авҷи худ расидааст, ҳанӯз иқдомоти ҷиддиву таъсирбахши ҷонибҳои дахлдор ва манфиатдор ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият ба мушоҳида намерасад.

Гузашта аз ин, ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар навори Ғазза идома дорад, нодида мегиранд.

Созмони ҳамкории исломиро зарур аст, ки ҷиҳати хотимаи ҳарчи зудтари муноқишаву даргириҳо дар ин минтақа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ ва ҷонибҳои манфиатдор иқдом намояд.

Дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмонро лозим аст, ки дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона ҷиҳати расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои амалӣ андешанд.

Буҳронҳо ва хатару таҳдидҳои ҷиддие, ки имрӯзҳо дар паҳнои ҷаҳони ислом ҷараён доранд, моро ба ваҳдату ҳамраъйӣ, муттаҳидиву сарҷамъии беш аз пеш водор месозанд.

Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки омилҳои мазкур суботи минтақаҳои мухталифи олами исломро ҷиддан халалдор карда, оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии манфии дарозмуддатро ба бор овардаанд.

Миллионҳо нафарон баҳри дарёфти ҳаёти осоишта ва хубтар иҷборан гуреза ва муҳоҷир шудаанд.

Чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона роњњои муассири таъмини рушду пешрафти иќтисодию иҷтимоии уммати мусулмонро, ки ҳақуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад, пайдо намоем.

Қаблан ман дар суханрониҳои худ аз минбарҳои мухталифи Созмон борҳо зарурати таъсиси фонди махсуси сармоягузорӣ ва рушдро барои дастгирии молиявию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳони ислом зикр карда будам.

Бори дигар таъкид карданиам, ки дар ин раванд кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳони ислом, ки имкониятҳои фарохи молиявию сармоягузорӣ доранд, метавонанд нақши муассир дошта бошанд.

Тоҷикистон, ки дар таърихи муосири худ ҷанги харобиовари таҳмилии дохилиро паси сар намудааст, ҷонибдори иқдомоти сулҳофарӣ ва ҳаллу фасли мусолиматомези ҳама гуна мушкилоту мухолифатҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ин замина, мо бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунем, ки иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳимояи тартиботи байналмилалиро дар робита бо Фаластин таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Дар фарҷом мехоҳам изҳори умед намоям, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба роҳандозии раванди музокирот ва ҳаллу фасли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон ҳамеша омода аст дар ин раванд ба андозаи имкон саҳми хешро гузорад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

khovar.tj

Чоп кунед