Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!
Қабл аз ҳама, бори дигар Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ, Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.
Дар доираи барномаи сафар, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо дар фазои ҳусни тафоҳум, мо масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор додем.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду кишвари бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ заминаи мусоид мебошанд.
Мо аз фазои созанда ва тамоюли мусбати муносибатҳои дуҷонибаамон ва ташаккули сатҳу муҳтавои пурмазмуни онҳо изҳори қаноатмандӣ намудем.
Таъкид гардид, ки кишварҳои мо барои густариш ва рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун аз имконоти фаровон бархурдоранд.
Мо, зимни ёдоварӣ аз аҳаммият ва нақши муколамаи сиёсии сатҳҳои олӣ ва баланд дар раванди густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба аз идомаи пурсамар ва мунтазами он ҷонибдорӣ кардем.
Ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои волои ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони Тоҷикистону Эрон, бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, иҷрои фарогири санадҳои ҳамкорӣ ва мувофиқаҳои гуногунсатҳи ҷонибҳо шарти муҳим дониста шуд.
Таҳкими минбаъдаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо ва ба воқеиятҳои имрӯза мутобиқ намудани онро амри зарурӣ шуморидем.
Дар ҳошияи музокироти имрӯза бастаи нави санадҳои дуҷонибаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо, соҳаҳои нақлиёт, илму фарҳанг, варзиш, иттилоотию технологӣ ба имзо расид, ки пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро тақвият мебахшад.
Ҷониби Тоҷикистон тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ва фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстии ин ниҳодҳоро аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушд дар ин ҷода арзёбӣ менамояд.
Дар баробари ин нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар густариши минбаъдаи равобити миёни ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.
Изҳори умед карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссия низ, ки дар назар аст то поёни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, дар баррасии фаъоли масъалаҳои ҳамкорӣ саҳми босазо хоҳад дошт.
Мо бо қаноатмандӣ аз раванди рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чанд соли охир ёдовар шудем.
Ба мақсади рушди минбаъдаи ин ҳамкориҳо зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар то соли 2030 махсусан таъкид гардид.
Бо ишора ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи сармоягузорӣ алоқамандии кишвари мо ба роҳандозии тарҳҳои муҳим дар ҳавзаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зикр карда шуд.
Мо фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкориро, ки ба ин мақсадҳо таъсис дода шудаанд, ҳамчун омилҳои муассир дар ин ҷода мешуморем.
Мо ҷонибдории худро аз баргузории доимии Форумҳои соҳибкорон ва Намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар иброз намудем.
Кишвари мо манфиатдор будани худро ба ҷалби сармояи ҷониби Эрон ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва татбиқи тарҳҳои муштараки барои ҷонибҳо судманд таъкид кард.
Мо ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистонро, аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҷонибҳо арзёбӣ кардем.
Дар баробари ин мо аз татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионие, ки ду кишварро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайванданд, ҷонибдорӣ намудем.
Дар ин замина истифодаи самараноки имконоту зарфиятҳои нақлиётиву транзитии ду кишвар барои ҳамлу нақли молу маҳсулот ва дар маҷмӯъ тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба нафъи ду кишвар дониста шуд.
Мо таъкид кардем, ки соҳаи кишоварзӣ самти дигари ояндадори муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон мебошад ва ҷонибҳо метавонанд дар татбиқи тарҳҳои муштарак дар ин бахш саҳм бигиранд.
Робитаҳои байни минтақаҳо аз самтҳои нисбатан нав ва умедбахши ҳамкорӣ унвон гардид.
Афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва соддагардонии низоми рафтуомад барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ шароити мусоид дониста шуданд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир робитаҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ тамоюли рушду тавсеаро касб кардаанд.
Мо аз идомаи пешбурди ин раванд, аз ҷумла дар бахши дорусозӣ, ҳамчунин омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони ин соҳа ҷонибдорӣ намудем.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки арзишҳои зиёди муштарак заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ мебошанд.
Мо баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эронро дар қаламрави ҳамдигар аз рӯйдодҳои муҳим дар ин ҷода арзёбӣ намудем.
Ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мо алоқаманди идомаи густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар ҳастем.
Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва мушкилоти дигар минтақаҳои даргири ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.
Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези мушкилоту низоъҳо бо роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидҳо изҳор медорад.
Бо дарназардошти муҳтавои музокирот ва мувофиқаҳои ҳосилшуда метавон гуфт, ки натиҷаҳои ин сафари Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раванди рушди муносибатҳо ба нафъи мардумони ду кишвари дӯст такони тозаи амалӣ хоҳанд бахшид.
Ҳоло, бо камоли майл риштаи суханро ба меҳмони гиромӣ, Ҷаноби Олӣ Сайид Иброҳим Раисӣ медиҳам.
Марҳамат.