Санаи 27 октябри соли 2023 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Муғулистон: узви Шӯрои директорони Институти миллии тадқиқоти амнияти Муғулистон – Серен Даваадорж, сардори Маркази тадқиқоти амнияти байналхалқии Институти тадқиқоти стратегии Муғулистон – Сойолгерэл Нямҷав ва намояндаи Бунёди Конрад Аденур дар Муғулистон – Виктор Франк баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон табодули назар карда, густариши минбаъдаи равобити ҳар ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ намуданд.
Нахуст, директори Марказ Усмонзода Хайридин меҳмонро хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ниҳоди таҳлиливу машваратӣ буда, равандҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар, масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон, мушкилоти ҷомеа ва масоили иҷтимоию иқтисодиро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад.
Директори Марказ Усмонзода Хайридин дар баробари таъкиди ҳамёрии ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ ва МҲТБО, ҳамзамон тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, тамосҳои доимии намояндагони соҳаҳои илму таҳқиқ ба суди ду кишвар маънидод кард.
Изҳори итминон карда шуд, ки таҳти роҳбарии сарварони ҳар ду кишвар дар оянда равобити дуҷониба ва сатҳи бовариву эътимод такони бештар хоҳад ёфт.
Зимни мулоқот, ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои илмию пажӯҳишии марказҳои зеҳнии ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.
Дар мавриди худ, ҳайати меҳмонон аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, доир ба барномаи минбаъдаи барқарорсозии равобити илмӣ-пажӯҳишӣ, бахусус доир ба масоили амнияти минтақавӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир изҳори назар намуданд.
Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ – таҳлилӣ иброз намуданд.
Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон