Дар шароити имрӯза муҳимтарин омили мусоидаткунанда ба рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии давлат ташаккул додани муҳити инноватсионии созгор дар заминаи истифодаи босамари техналогияи рақамӣ ба ҳисоб меравад. Меҳвари асосии технологияи рақамиро зеҳни сунъӣ ташкил дода, сармояи инсонӣ сарчашмаи асосии ташаккул ва истифодаи он мебошад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро рушди бо шароити зуд тағйирёбандаи муҳити инноватсионӣ фаро гирифта, бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Аз ин рӯ, ҳаёти имрӯзаи одамон бо истифодаи мақсадноку босамари технологияи рақамӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ, муҳимтарин омили рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва инноватсионии мамлакат дониста мешаванд. Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи рушди иқтисодиёти рақамӣ қарор дошта, он барои рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро дар ин марҳилаи тараққиёт иттилоот ба омили асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва технологии давлатҳо табдил ёфта, меҳвари асосии онро истифодаи зеҳни сунъӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 иброз доштанд, ки: “…сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”.
Мусаллам аст, ки истифодаи технологияи рақамӣ даҳсолаи охир ҳамчун мояи асосии рушди иқтисодиёт дар пояи инқилоби чаҳоруми санотӣ ба вуҷуд омада, боиси ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт гардидааст. Дар заминаи истифодаи босамари технологияи рақамии муосир рушди иқтисодиёт таъмин гардида, сатҳи рақобатпазирии он баланд мегардад. Бинобар ин, роҳбарияти олии кишвар бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб доир ба рушди соҳаҳои алоҳида иқтисодиёт кишвар ба ҷанбаҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи зеҳни сунъӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Ҳалли ин масъалаҳо ба истифодаи васеи зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, дар маҷмуъ, баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, коҳиш додани хароҷоти истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти рақобатпазирии ширкатҳои ватаниро такони ҷиддӣ мебахшад.
Лозим ба таъкид аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат як қатор корҳои назаррас дар кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти тиҷорат анҷом дода шудаанд. Консепсия ва Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардида, аз соли 2019 бошад, расман Портали савдои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Қабули ҳуҷҷатҳои болозикр ба рушди заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ дар кишвар мусоидат намуда, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар ин самт муайян менамояд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар раванди татбиқи стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо иқдоми шоистаи Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 – “Солҳои рушди саноат”, саноати ватанӣ ҳамчун неруи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ дар мамлакат ба ҳисоб рафта, корхонаҳои саноатӣ дар роҳи рушди инноватсионӣ мунтазам талош варзида истодаанд. Истифодаи техналогияи рақамӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ метавонад ба баланд гардидани рақобатпазирии онҳо дар муносибатҳои тиҷорати байналмилалӣ нақши калидӣ гузорад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф онҳоро лозим аст, ки ба омӯзиш ва азхуд кардани донишҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи бозомӯзии касбии кормандон мувофиқи талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ беш аз пеш зиёд гардида, дар давлатҳои тараққикарда тақрибан 92 дарсади хариду фурӯши молу маҳсулот бо истифода аз шабакаи глобалии интернет анҷом дода мешавад. Дар Тоҷикистон низ ин тамоюл рӯ ба афзоиш дошта, дар ин марҳала лозим аст,ки ба фарҳанги истифодаи техналогияи рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Бояд тазаккур дод, ки ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ дар иқтисодиёт нақши бениҳоят калон дошта, самараноку боэътимоди пардохтҳои саривақтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои бехатарии электрониро анҷом медиҳанд. Бинобар ин, дар асоси маълумотҳои оморӣ то санаи 30 сентябри соли 2023 усулҳои нави пардохт дар қаламрави мамлакат боис гардид, ки:
- шумораи ҳамёнҳои электронӣ ба 7 536 793 млн. адад баробар гардид. Ин нишондод нисбати соли 2022-юм ба миқдори 1,8 млн. адад (31,5%) зиёд гардидааст. Албатта, ки афзоиши ин усули пардохт дар саросари ҷаҳон бо шиддат мушоҳида гардида, рӯз то рӯз афзоиш меёбад;
- афзоиши шумораи ҳамёнҳои электронӣ боис гардид, ки амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ 10,9 млн. адад ба маблағи 1 189,0 млн. сомонӣ анҷом дода шуд. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 мувофиқан 12,0 дарсад ва 6,7 дарсад зиёд мебошад;
- 6,4 млн. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуд, ки корти миллӣ бо нишондоди 56,4 дарсад аз рӯйи низоми ҳиссаи кортҳои пардохтӣ ва аз рӯйи минтақа шаҳри Душанбе бо нишондоди 29,9 дарсад бештар мебошад. Омори кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот баровардашуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм ба андозаи 34,7 дарсад афзудааст;
- дар маҷмуъ, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 2 092 адад банкомат ва 7 727 адад терминалҳои электронӣ барои хизматрасонии босифат насб гардидааст, ки аз он 3 105 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 4 622 адад дар муассисаҳои тиҷорату хизматрасонӣ мебошанд. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 мувофиқан 52,8 дарсад ва 22,8 дарсад афзудааст;
- дар муассисаҳои тиҷорату хизматрасонӣ ба миқдори 10 502 адад QR-рамзҳо насб гардида бошад ҳам, омори мазкур бинобар сабаби гузаштан ба QR-рамзи ягонаи Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 35,6 дарсад коҳиш ёфтааст;
- таносуби хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳиссаи амалиёти гирифтани пули нақд ва пардохти ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии кортҳои пардохтӣ 81,7 дарсад ва ҳамёнҳои электронӣ 18,3 дарсадро ташкил намуд, ки омори ҳиссаи амалиёти ғайринақдӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 7,6 дарсад афзудааст.
Вобаста ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ, иқтисоди рақамӣ асоси вусъат бахшидани неруи инсонӣ буда, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро инкишофи тамоми таърихи башарият марҳалаи аграрӣ, саноатӣ ва баъдисаноатиро дар бар мегирад. Таърих гувоҳ аст, ки кишварҳои рушдёфта аллакай дар марҳалаи баъдисаноатӣ қарор дошта, соҳаи хизматрасонӣ дар доираи он вобаста ба таркиби иқтисод нақши асосиро мебозад. Чунки бо технологияҳои иттилоотии муосир ҷомеа ҳамеша дар ҳоли пешрафт буда, боиси хеле осон гаштани ҳаёти одамон гашта истодааст.
Зимнан мавриди қайд аст, ки дар замони имрӯза рушди иқтисодиёт бидуни саноат ғайриимкон буда, бо дастгирии давлатии субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор нисбати ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияи нави замонавӣ воситаи муҳим ба ҳисоб рафта, маҳз бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат ва неру бахшидан ба тараққиёти соҳаи саноат, коркарди маҳсулоти он талаботи бозори дохилию берунӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва саноатӣ иҷрои вазифаҳои хеле муҳимро тақозо менамояд.
Албатта, Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳо ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ шомил буда, дар самти рушди инноватсиониву рақамикунонӣ, сатҳу сифати паҳншавии интернет-хизматрасонӣ ва дараҷаи рушди инфрасохтори технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаъол аст.
Ҳамин тавр, дар самти рақамикунонии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба чашм мерасанд, аммо ҳалли чунин масъалаҳоро зарур мешуморем:
- дар татбиқи ҳадафҳои бахшида ба солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ“ бештар таҳия намудани лоиҳаҳои рақамӣ. Воқеан, иқтисодиёти рақамӣ омили рушди бемайлони иқтисодиёти муосири кишвар буда, зарурати таъсиси бештари марказҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии мутахассисони соҳавӣ муҳим дониста мешавад;
- татбиқи ғояҳои нави инноватсионӣ дар раванди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ. Бо мақсади ба даст овардани самаранокии баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ татбиқи дастовардҳои навтаринро дар истеҳсолот тақозо менамояд, ки фаъолияти густурдаи паркҳои технологӣ нақши хосса доранд;
- мутобиқ намудани рушди инфрасохтори замонавии телекоммуникатсионӣ ва коҳиш додани нобаробариҳои рақамӣ вобаста ба минтақаҳои кишвар. Дар раванди ҷаҳонишавӣ рақобати шадид афзоиш ёфта, дар ҳама самтҳо ҷорӣ намудани навовариро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ташаккули низоми тиҷорати электронӣ дар ноҳияҳо ва маҳалҳои дурдасти кишвар, тақози замон аст.
- татбиқи лоиҳаҳои сабз ва баланд бардоштани салоҳиятнокӣ дар раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯзҳо тамоми шароитҳои зарурӣ махсусан барои ҷавонон фароҳам оварда шудаанд, ки технологияҳои пешрафтаро омӯзанд ва дар заминаи онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.
- ба рушди неруи зеҳнии ҷомеа дар заминаи баланд бардоштани донишҳои техникии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар заминаи он кадрҳои боэътимодро омӯзонидан ва савияи дониши онҳоро такмил додан. Воқеан ҳам, имрӯз норасоии кадрҳои иқтисодиёти рақамӣ муаммои аввалиндараҷа буда, ба рушди соҳа вобастагии зич дорад.
Ҳамин тавр, ташаккули иқтисоди рақамӣ дастрасиро ба иттилоот беҳтар намуда, муҳаррики пешбарандаи фаъолияти инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дониста мешавад. Аз ин лиҳоз, таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт, таҳсилот, молия ва тиб аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоӣ давлат ба ҳисоб рафта, нақши технологияи рақамӣ дар ин самт бузург мебошад. Дар ҳамин ҳол, соҳаи интернет-тиҷорат дар тамоми кишварҳо яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти рақамӣ шуда метавонад. Мутаассифона, имрӯзҳо мушкилоти бо шиддат афзоиш ёфтани қаллобӣ дар фазои шабакаи глобалии интернетӣ яке аз мушкилоте мебошад, ки ба пайдо гардидани шаклҳои нави ҷинояткорӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, дар баробари доштани афзалиятҳои бештари истифода аз технологияи пешрафти рақамӣ низоми ягонаи миллӣ таъсис дода шуда, вобаста ба вазъи имрӯза дар доираи ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ танзиму идора ва назорати маҷмуи хизматрасонӣ ва амалҳо зарур шуморида мешаванд.
Муртазоев О.Қ.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон