Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушду нумуи ҷавонон мунтазам заминаи мусоид фароҳам гардад.
Ватандӯстӣ – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати халқу миллат содиқона хизмат кардан аст. Ватандӯстӣ – ҳиссиёти иҷтимоие мебошад, ки муҳаббату садоқат ба Ватан, ифтихор ба таърихи гузаштаву корнамоиҳои имрӯза, дарки ягонагию ҳамватаниро ифода менамояд.
Масъалаи ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, муҳимтарин маҳаки фаъолияти касбиву ҷамъиятӣ ва омили асосии муттаҳидсозии тамоми нерӯҳои ҷомеа мебошад, ки аз умқи таърих то ба имрӯз кулли устураҳои таърихӣ, арзишҳои динӣ ва умуман ақли солими инсоният ин арзишро васф намуда, гиромӣ медоранд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.
Мутобиқи моддаи 11, банди 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” “Оила ҳамчун зинаи ибтидоӣ дар низоми тарбияи ватандӯстӣ ҷойи махсусро ишғол мекунад”. Яъне мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъектҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ оила ба ҳисоб меравад.
Моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар тарбияи фарзанд пеш аз ҳама падару модар баъдан омӯзгор, давлат ва ҷомеаро вазифадор менамояд. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад.
Дар ин замина бахусус модарон дар тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас саҳми назаррас доранд. Тамоми инсониятро, ки зан модар ба дунё меорад, бешак нахустин тарбия низ ба он вобастагӣ дорад. Натанҳо ободии ҳар хонадон, балки ободии давлату ҷомеа низ аз рисолати зан- модар сарчашма мегирад.
Роҷеъ ба мавқеи аввалиндараҷа ва муассири зан-модар дар тарбияи як фард, як шахсият дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо даҳҳо ва садҳо мисолҳо оварда шудааст.
Имом Муҳаммади Ғазолии Тӯсӣ дар асари бузурги худ «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб мусаффо хоҳад шуд».
Аз ин лиҳоз, падару модарро зарур аст, ки ба фарзандони худ таълиму тарбияи дуруст дода, дар онҳо сифатҳои ахлоқи неки инсониро ташаккул ва инкишоф диҳанд. Барои он ки фарзанд дар оила тарбияи дуруст гирад, пеш аз ҳама, лозим аст, ки худи оила хуб ташкил ёфта бошад.
Фарзандон тавассути тарбияи модар бо ҷомеа робита пайдо менамоянд. Дар даврони тифлӣ ниҳоди фарзандон мисли ойина поку беолоишанд ва ҳар чизе, ки ӯ дар рафтору гуфтори падару модар, устодону муҳиташ мебинад, онро дар оянда инъикос хоҳад намуд. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос нақши модарон, занон бениҳоят зиёд аст.
Дар рӯҳияи ватандустӣ, меҳнатпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас аз модарон масъулияти баландро талаб менамояд. Бояд мақсади асосии зан модар танҳо таваллуди фарзанд набошад, балки мақсади асосии занону модарони азиз тарбияи хуби фарзанд, ба камол расонидани шахсияти худогоҳу равшанзамир бошад.
Агар ба сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, тамоми тадбирҳо баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа андешида шудааст, танҳо моро мебояд оид ба маърифатнок гардонидани занону бонувон тадбирандешӣ намоем. Зеро ки зани боиффат, ҳушманд, бомаърифат ва далеру шуҷоъ метавонад, ки фарзандони содиқ ба ин миллату давлатро тарбия намояд, на дипломдори бемаърифат.
“Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.
Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.
Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд”.
Муроҷиати донишҷудухтаре, ки ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омода буданаш барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, шоистаи таҳсин ва исботи ҳисси баланди ватандӯстии ҷавондухтарони замони истиқлол аст. Чунки шароити ҷаҳонишавӣ масъулияти занону модарони моро дучанд мегардонад. Аммо, боиси таассуф аст, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати кишвар имрӯз ҳастанд занону бонувоне, ки дар тарбияи фарзанди худ аз усулҳое истифода мебаранд, ки дар фарҳанги миллати тоҷик инкор гардидаанд ва таъсири бад ба руҳияи фарзандон доранд.
Таасубовар ин аст, ки ин амалҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаанд ва ба шаъну шарафи модари тоҷик иснод меоранд. Куштори шавҳар аз ҷониби занон, лату кӯби фарзандони ноболиғ аз ҷониби модарон аз қабили амалҳое мебошанд, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ вомехӯрем. Магар аз ин гуна занону модарон тарбияи кардани ворисони арзандаи Синову Рӯдакиро интизор шудан имкон дорад? Имрӯзҳо бо баланд гардидани мавқеи занон дар ҷомеа бонувон рисолати аслии худ-яъне бонуи хонадон ва модари меҳрубон буданро набояд фаромӯш созанд.
Дар ин баробар, зиёд аст шумораи занону бонувоне, ки дар ҷомеа бо амалҳои бадахлоқона, шабгардӣ, қатлу куштор, дуздию ғоратгарӣ машғул мебошанд.
Бегонапарастӣ, ки ҳамчун таҳдид ба давлатдории миллии мо мебошад, дар миёни бархе аз занон зиёд мушоҳида мегардад. Рӯ овардан ба фарҳанги Ғарб, бисёре аз бонувони аз фарҳангу миллати бою ғании мо ноогоҳро ба доми худ кашидаанд. Дар замоне, ки ЮНЕСКО фарҳанги гаронарзиши моро арҷ мегузорад, нанг аст, ки мо аз фарҳанги бегона истифода намоем. Арҷгузорӣ ва нигаҳдорӣ ба забоне, ки “модарӣ” номаш мебарем, масъулияти ҳар як модари тоҷик аст, аммо мутаассифона дар баъзе манотиқи кишвар ба ин арзишоти миллӣ аз ҷониби модарони ҷавон беэътиборӣ дида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар ҷомеаи мо савияи маърифатнокии бархе волидон (хусусан волидони ҷавон) то як андозае паст рафта истодааст. Ҳатто баъзе модарони ҷавоне ёфт мешаванд, ки суруди аз ҳама зарур барои кӯдак ва суруде, ки наслҳои зиёди мардуми моро дар руҳияи инсонгароӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандорӣ ва далериву қаҳрамонӣ тарбия намудааст “Алла”-ро намедонанд, то ки дар сари гаҳвораи кӯдак бихонанд. Ҳол он ки тарбияи фарзанд аз “Алла”-и модар оғоз ёфта, руҳи ӯро навозиш дода, неруяшро тавоно карда, таҳкурсии олами маънавияшро устувор менамояд. Ин дар ҳолест, ки шароити муосир талаб менамояд, ки маҳз модарон осори ниёгони тоҷикро дар замири фарзандони худ ҷой диҳанд.
Орзуву армон ва нақшаву ниятҳои неки модар нисбат ба фарзанд пурра дар суруди “Алла” таҷассум меёбад. Модарон ба ин восита ҳисси далерию шуҷоат, нотарсию ғаюриро дар фарзанди худ тарбия менамоянд.
Аз ин рӯ агар ҳисси ватандӯстии ҷомеаро баланд бардоштан хоҳем, бояд пеш аз ҳама ватандӯстии занону бонувонро баланд бардорем. Муаллими африқоитаборе бо номи Ҷеймс Эмман Квегир Аггрей бар ин ақида аст, ки “Агар шумо мардеро омӯзондед, пас шахсеро соҳибмаълумот кардед. Аммо агар духтареро омӯзондед, пас як миллатро таълим медиҳед”.
Сиришти поки инсониву фазилати некӯгавҳарии зани тоҷик дар ҳама давру замон мавқеи хос ва эҳтироми беандоза дошт. Дар симои бонуи нексиришти тоҷик зебогиву нафосат, иффату одоб, хоксориву саодатмандӣ ҳамеша ҳувайдо ҳаст ва маҳз ин фазилатҳо роҳнамову роҳкушои ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.
Дур намеравем, як назар ба ҳамсоякишвари худ Афғонистон намоем. Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати кунунӣ зиндагии занону духтарони афғон ба куллӣ тағйир ёфтаву, дари мактабҳоро ба рӯи духтарон бастанд ва занонро аз ҳаққи кору озодиҳои дигар маҳрум карданд. Зани афғон имрӯз наметавонад ба кор баргардад ё бе ҳамроҳии мардон ба кӯча барояд. Барои духтарони аз 12-сола боло таҳсил дар мактабҳо манъ аст ва занону духтароне, ки дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, бояд болопӯши сиёҳ пӯшанд ва писару духтар дар алоҳидагӣ таҳсил намоянд.
Занони шуҷои тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ барои озодиву осудагӣ ва пешрафти ҷомеа талош намуда, бо меҳру муҳаббати самимии худ дар байни мардум мавқеи сазоворро ишғол намудаанд. Барои ҳифзи номуси хеш ва ба ин васила мавқегирӣ намудан дар ҷомеа, зани тоҷик пайваста кӯшиш менамуд ва барои пойдории давлату миллат, забон, расму ойин, дар руҳияи поки инсонӣ тарбия намудани фарзанд талошҳои шабонарӯзӣ мекард.
Таасубовар аст, ки дар фазои орому осудаи кишвар фарзандони модари шуҷои тоҷик аз ҳифз ва ҳимояи Ватан сарпечӣ намуда, ба давлат мушкилӣ эҷод менамоянд. Муроҷиати ҷавондухтари омодаи хизмат бояд барои баъзе ҷавонмардони мо нанг бошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҷавондухтарон, занону бонувони тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниам, ки биёед ба қадри сулҳу Ваҳдат, оромиву осудагӣ ва мақому ҷойгоҳе, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорем бирасем. Бо сардору роҳбар гардидан вазифаи имониву виҷдонии худ тарбияи фарзандро фаромӯш насозем ва ҳурмату эҳтироми ҷинси муқобилро дар мадди аввал гузошта, мавқею ҷойгоҳи онҳоро ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа ҳифз намоем.
Вазифаи аввалиндараҷаи модар аст, ки фарзандро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватан омода намояд. Танҳо як хоҳар метавонад, ки ғурури бародар гардида, ӯро ба ҳимояи мамлакат фиристад, танҳо муҳаббати як дилбар метавонад, ки маъшуқро ба шабзиндадорӣ дар хати сарҳадӣ нигоҳ дорад. Пас бо дарк кардани ин ҳама қудрату тавоноӣ бонувони азиз бетараф набошед, арзишоти фарҳангию миллии худро ҳифз намоед ва азизони худро барои садоқат ва ҳимояи марзу буми Ватан тарғиб намоед.
Шаҳноза Нусратова,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон