Муҳимтарин ҷузъи раванди таълим дар мактабҳои муосир ташаккули ватандӯстӣ ва фарҳанги муносибат мебошад, ки дар рушди иҷтимоӣ ва маънавиёти шахс аҳамияти калон дорад. Танҳо дар заминаи эҳсоси волои ватандӯстӣ меҳру муҳаббат ба Ватан қавитар шуда, ҳисси масъулият барои  нигоҳ доштани шаъну шараф, истиқлоли он ва  ҳифзи арзишҳои моддию маънавии ҷомеа ба вуҷуд меояд.

Мафҳуми ватандӯстӣ эҳсоси дилбастагӣ ба ҷое, ки шахс таваллуд ва ба воя расидааст, эҳтиром ба забони халқи худ, ғамхорӣ дар бораи манфиатҳои Ватан, дарки қарз дар назди Ватан, ҳифзи шаъну шарафи миллӣ ифтихор аз дастовардҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари худ, ифтихор аз Ватан ва  рамзҳои давлатӣ мебошад.

Мактаб ниҳоди масъулест, ки  то андозае ба шарофати нерӯи тарбиявии худ самти ташаккули  шахсиятро мушаххас муайян мекунад, барои иҷтимоикунонии шахсият  воситаи муҳиммест, ки қодир ба тағйироти  амиқ дар тафаккур ва тарбияи шаҳрванд ҳамчун шахсияти ватандӯст саҳм мегузорад. Кӯдакӣ даврае маҳсуб мегардад, ки барои тарбия намудани шахсият ва ояндаи он марҳилаи муҳим мебошад, зеро дар  ин давра худшиносӣ ва  рушди фаъоли шахс ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, ватандӯстӣ дар раванди таълиму тарбияи хонандагон марҳилаи калидӣ ба шумор меравад.

Бо назардошти он, ки ба амал баровардани тарбияи ватандустӣ танҳо бо маърифатнокии наврасон имконнопазир аст, замони нав аз мактаб  шаклу усулҳои муосири  тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир як раванди мақсаднок ва аз ҷиҳати ахлоқӣ муайяншудаест, ба фаъолияти фаъолона, иштирок дар идоракунии корҳои арзишманди ҷамъиятӣ, татбиқи ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, инчунин пурзур намудани масъулият дар назди Ватан мебошад.

Таъкид кардан  бамаврид аст, ки асоси тарбия ва махсусан тарбияи ватандустӣ, пеш аз хама, тарбияи ҳиссиёт мебошад. Аз ин рӯ, омили ташаккули ҳисси ватандӯстӣ бояд ҳолате  бошад, ки ба таври мақсаднок ба вуҷуд омадааст, вақте ки кӯдак ифтихор аз Модар, наздикон ва оилаи худро эҳсос намуда, барои муваффақият ва комёбиҳои якҷояи дастаҷамъонаи ҷомеа  низ ғамхорӣ менамояд.

Наврасӣ давраи ташаккули шахсият дар ҷаҳони фарҳанг ва арзишҳои умумибашарии инсонӣ маҳсуб мегардад. Дар баробари ин ҳодисаи марказии ин давра кашфи шахсияти нотакрор ва беҳамтои наврас мебошад.

Тарбияи ватандӯстӣ дар соҳаи маориф  аз он сабаб аҳамияти хосса пайдо мекунад, ки анъанаҳои педагогии халқи тоҷик  решаҳои қадимӣ доранд, аммо зарур ба шумор меравад, ки  ба замони муосир мутобиқ карда шаванд.      Афзалияти сиёсати маориф, муҳаббат ба Ватан, ҳисси масъулиятшиносӣ барои сарнавишти давлат, омодагӣ ба ҳимояи он, усулҳои  асосии тарбияи насли ояндасоз ба ҳисоб меравад. Воқеияти масъала дар он аст, ки мактаб ҳамчун яке аз муассисаҳои иҷтимоӣ барои фароҳам овардани шароити педагогӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии насли наврас дорои имконоти васеъ мебошад.

Масалан, нақш ва мавқеи корҳои беруназсинфӣ дар тарбияи ватандӯстии насли  наврас то ҳол  ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Бо вуҷуди ин, маҳз чорабиниҳои сайёр ва  беруназсинфӣ дорои самти фоиданок ва арзишманди иҷтимоӣ буда, имкон медиҳанд, ки мундариҷа, усулҳо шаклҳо ва тарбияи ватандӯстии наврасон нав карда шаванд ва дар он афзалиятҳо ба ҳисси эҳтиром ба Ватан, ҳимояи манфиатҳои  миллӣ, эҳтиром ба таърих ва  арзишҳои фарҳангӣ равона карда шавад.

Инчунин дар илми равоншиносӣ синну соли бачагӣ даврае маҳсуб мегардад, ки ҳама чизи дар зеҳни онҳо ҷой шуда, барои ҳамеша нақш мебандад. Агар барои хонандагони синфи 1-4 ҳар рӯзи душанбе соати аввали дарсро машғулияти ватандӯстӣ номгузорӣ гардад аз манфиат холӣ нест, зеро ҳисси ватандӯстии насли ҷавон  маҳз дар ҳамин давра ташаккул меёбанд. Бо такя ба таҷрибаи  кишварҳои пешрафта, зарур ба шумор меравад ҳафта рӯзҳои душанбе соати аввали дарсӣ, баҳри  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дигар унсурҳои миллӣ бахшида шавад. Дар ин замина таҳияи адабиёти илмӣ аз тарафи мутахассисони таърих, сиёсатшиносӣ ва равоншиносӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд. Аз манфиат орӣ нест агар адабиёти илмӣ дар шакли китобчаҳо роҷеъ ба мавзуъҳои гуногун  ва бо шаклҳои дахлдор пешкаш карда шавад ва ҳамзамон маконҳои таърихӣ низ дар он ҷой дода шавад. Дар ин замина моҳе як бор  барои кумак ба нафақахурон ва нафарони хизматнишондода фиристодани хонандагони ҳамроҳи устод ба манфиати кор арзёбӣ мегардад.

Дар марҳалаи кунунӣ ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои ба шароити замон муносиби тарбия, ҷалб намудани омӯзгорони муваффақ ба манфиати кор хоҳад буд. Чунки дар асоси таҷрибаи муваффақи онҳо мутахассисони соҳа метавонанд дастурҳои таълимӣ тартиб дода, адабиёти заруриро таъмин намоянд.

МОҲИРА  ТАВАРОВА,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед