04.10.2023 20:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.

Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки баъди амалӣ гардидани ормони беш аз ҳазорсолаи халқамон – расидан ба истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки ба масъалаи эҳтирому гиромидошти воқеии забони модарии худ, таъмин намудани мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти махсус диҳем.

Имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.

Ғамхориву таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон ҳамчун сарвати бебаҳо ва нишонаи муҳимтарини истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми кишвар мунтазам меафзояд.

Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст.

Ҳамчунин, мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.

Тавассути пайгирона амалӣ намудани сиёсати давлатии забон арзишҳои забонӣ ва қудрати воқеии забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон дар тафаккури ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон вусъати бесобиқа пайдо кардаанд.

Бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозиву фарҳангсолории халқамон мебошад.

Дар баробари ин, як нуктаи муҳимро таъкид менамоям.

Рушди бесобиқаи ҷаҳони муосир, махсусан, пешрафти техника ва технологияҳо ба ҳамаи самтҳои зиндагӣ ва фаъолияти одамон таъсири рӯзафзун гузошта истодааст.

Мусаллам аст, ки чунин пешравӣ бо рушди забон робитаи қавӣ дошта, ба ташаккулёбӣ ва ғановатманд гардидани таркиби луғавии он мусоидат менамояд.

Табиист, ки баёни мафҳумҳои нави дар марҳалаи кунунии ҳаёти башар ва фарҳанги ҷаҳони муосир бавуҷудомада калимаву истилоҳоти тозаэҷод ва мувофиқро тақозо мекунад.

Дар ин ҳолат ба мо таърихи пурғановати забони тоҷикӣ, гӯйишҳо ва усулҳои бунёдии калимасозии забонамон ёрӣ расонида метавонанд.

Барои ҳалли ин масъалаҳо олимони забоншиноси мо бояд ба омӯзиши ҳамаҷонибаи гӯйишҳо, таҳқиқи таърихи забон, баргардону нашр кардани осори оламшумули давраи классикӣ аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ ва муайяну дақиқ сохтани усулҳои калимасозии забони тоҷикӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Дигар ин ки дар болоравии сатҳи забондонии аҳли ҷомеа ва пойдориву рушди забонамон луғатномаҳо нақши бузург доранд.

Дар ин самт зарур мешуморам, ки бо мақсади аз байн бурдани гуногунбаёнӣ дар истифодаи истилоҳот таҳияву тадвини луғатномаҳои соҳавӣ густариш бахшида шавад.

Анҷом додани ин кор вазифаи олимону мутахассисони муассисаҳои илмии академӣ ва донишгоҳӣ мебошад.

Онҳо бояд мутобиқи равияҳои илмиашон луғатномаҳои соҳавиро таҳия намоянд, то мо тавонем онҳоро дар сатҳи давлатӣ тасдиқ карда, барои истифодаи умум пешниҳод намоем.

Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки танҳо забони ягонаи миллӣ барои амалӣ гардидани муошират дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад.

Бинобар ин, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва дар ҳама ҷо ба кор баранд.

Зеро танҳо забони адабӣ ҳамчун воситаи муошират ва робитаи байниҳамдигарии як ҷомеаи мустақили забонӣ мардумро дар доираи як воҳиди маъмурӣ ва як кишвар муттаҳид месозад.

Мо бояд ба масъалаи омӯзонидани забон ба фарзандонамон аз оила ва муассисаҳои томактабӣ сар карда, то дигар зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳем ва ба кӯдакон аз хурдӣ талқин намоем, ки донистани забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Модар – Ватан ва ифтихори милливу ватандорӣ шуморида мешавад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки сатҳи забондонии наврасону ҷавонони иштироккунандаи озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле хуб ва умедворкунанда мебошад.

Мо бояд ин падидаи некро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем ва барои наврасону ҷавонон шароиту имконияти боз ҳам беҳтар муҳайё созем.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки дар шароити имрӯза забондонии ҷавонон яке аз масъалаҳои бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.

Танҳо ҷавононе, ки забони давлатии худро дар сатҳи аъло медонанд ва забонҳои хориҷиро дар асоси он хуб аз худ мекунанд, метавонанд дар раванди ҳамгироӣ бо тамаддуни ҷаҳон фаъол бошанд ва илму донишҳои замонавиро мутобиқи талаботи замонаи пешрафт омӯзанд.

Хотиррасон менамоям, ки талабот ба кадрҳои забондон торафт меафзояд, зеро рушди муназзами ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вусъат гирифтани ҳамгироиву ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, тарҷумаи осори пешқадами халқҳои дунё, омӯхтани илму фарҳанги ҷаҳони муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар кишвар маҳз бо ҷалби ҷавонони забондон амалӣ мегардад.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки забон нишондиҳандаи асосӣ ва гувоҳи ҳастии ҳар як миллат мебошад.

Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад.

Чунки ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, расму ойин, суннату анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқу маънавиёти миллӣ дар забони зиндаи он инъикос ва таҷассум меёбад ва аз насл ба насл дода мешавад.

Воқеан, ҳамин забони ширину шевои тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати моро бо неруи ҳаётбахши худ зинда нигоҳ доштааст, сарҷамъу муттаҳид кардааст ва ба даврони босаодати имрӯза расонидааст.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбат зуҳуроти манфии таъсиргузор, пеш аз ҳама, ба забону фарҳанг, аз ҷумла либоси миллӣ низ доранд.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки забони давлатиамонро ҳамчун ёдгори нодири аҷдоди тамаддунсози ориёии худ ва мисли гавҳари гаронбаҳотарини ҳаётамон ҳифзу эҳтиёт кунем ва онро ба наслҳои ояндаи миллати ориёинажоди тоҷик дар шакли боз ҳам суфтаву равон ва сайқалёфта ба мерос гузорем.

Дар баробари ин, дар хотир бояд дошт, ки эҳтироми забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни кулли башар ва омили муҳимми таҳкими ҳамгироиву ҳамкорӣ миёни халқҳои гуногун мебошад.

Гузашта аз ин, дар замони ҷаҳонишавӣ мустаҳкам   намудани пояҳои забони давлатӣ тавассути иҷрои яке аз вазифаҳои муҳим – амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забон роҳи асосии рушди забони давлатӣ мебошад.

Бовар дорам, ки ба ин масъалаи басо муҳим на танҳо масъулин, балки ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва ҳамватанони азизамон минбаъд низ бо ҷиддият ва масъулияти баланд муносибат мекунанд.

Мардуми кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон – ворисони мероси бузурги забонӣ, илмӣ ва фарҳангиву маънавии халқамон як нуктаи бисёр муҳим ва далели нодири таърихиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд: осори ҳанӯз 1100 сол, яъне ёздаҳ аср пеш эҷодкардаи султони шоирони Аҷам – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро имрӯз ҳар як тоҷик бе ягон мушкиливу заҳмат мехонаду мефаҳмад.

Гӯё, ки устод Рӯдакӣ ҳамзамони мо бошад.

Мо бояд ба қадри ин бахти бузург расем, забонамонро, ки аз модарамон ёд гирифтаем, мисли модари худ дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем, барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он ҳамеша ва дар ҳар ҷойе, ки бошем, талош намоем.

Бо ифтихор аз забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

president.tj

Чоп кунед