Тоҷикистон кишвари на он қадар бузургест, вале тамоми давлатҳои бузург онро мешиносаду эътирофаш менамояд. Ҳар як шахсе, ки тоҷик аст ифтихор аз он дошта бошад, ки дар масоҳати 0,027 дарсадӣ гӯшаи дунё ва ё 0,094 дарсади хушкии дунёро ишғол намуда, Ватан сохтаасту дорои механизми иқтисодии худро доро гаштааст. Ин сарзаминест, ки решаи ниёгони мо дар он нуҳуфтаасту насли ҷавони онро имрӯз тамоми давлатҳои дунё мешиносад. Ин диёрест, ки мардуми бонангуори он, навобаста аз мавқеи ҷуғрофияш, кишвареро бунёд намудааст, ки тамоми давлатҳои ҷаҳон онро этироф менамоянд. Ин сарзамини мардони далеру шуҷоъ, бофарҳангу тамаддун, макони бузургони хирад, оқилу шуҳратманд, шуҳратёр ва садҳо бузургони ин дунё, ки оламиён васфашон мекунанд, нуҳуфтааст. Ин кишварест, ки дорои иқтисодиёти худ ва дорои нишондиҳандаҳои иқтисодии миллии хеш мебошад.
Мусаллам аст, ки сарчашмаи ҳамаи ин пешрафтҳо бо ташабусси фарзанди барӯманди ин диёр–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дастовардҳои ин марди забардаст ва худодод дар тамоми қишрҳои ҷомеа ва кишварамон дида мешавад. Аммо мехоҳам хизматҳои шоёни ин накӯномро дар самти иқтисодиёт ва рушди нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ баён намоям.
Боиси қайд аст, ки ҳар як давлати дар харитаи сиёсии ҷаҳон вуҷуддошта кўшиш ба харҷ медиҳад, то бо истифода аз имкониятҳои иқтисодӣ, неруи инсонӣ, сарватҳои табиӣ ва дигар заминаҳое, ки барои рушду нумуи мамлакатҳо мусоидат менамоянд, самаранок истифода намуда, ба ҳадафҳои рақобатпазирӣ ва рушди инноватсионӣ ноил гарданд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои волои миллӣ зимни масъалагузориҳои пайваста таъкид менамояд, ки ҳар як ҷузъиёти ба рушди иқтисоди мамлакат вобаста бо истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ, донишу малакаҳои касбиву тахассусиро тақвият бахшанд ва омодаи рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон дар замони пуртазоди асри XXI бошанд.
Вобаста ба рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакат Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рўйи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўйи таъмини амният ворид гардид.
Бо вуҷуди чунин пешрафтҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолии кишвар ва зиндагонии осоиштаи онҳо ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул муаян гардида, то имрӯз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаем, ки ин ҳам бо талошу сиёсати хирадмандони Сарвари кишвар мебошад.
Дар тули сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем ки маҷмуи маҳсулоти дохилиро дар кишвар беш аз 60 маротиба афзун намуда, сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 22,5 % расонем. Ҳамчунин, дар ин давра зиёда аз 110 маротиба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистонро афзун гардад.
Бо роҳбарӣ ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишварамон тақрибан 40 маротиба афзоиш ёфтани гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст, яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад. Рушди бахши хусусӣ бошад, зиёда аз 70 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатиро бахши хусусӣ ташакул ёфта, қариб 70 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд. Сатҳи бекорӣ бошад, 2,2%-и қувваи кориро ташкил дода ҳамасола баҳри бо ҷойи корҳои доимӣ таъмин намудани аҳолии қобилияти коридошта садҳо корхонаҳои хурду бузург таъсис дода мешавад.
Бо мақсади таъмини рушди соҳибкорӣ ва расидан ба афзалиятҳои муайянгардида як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбини гардидаанд, ки ҳоло дар қонунгузории амалкунанда барои субъектҳои соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ ва сармоягузорон, беш аз 120 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо, ки аз онҳо 85 дарсадашро имтиёзҳои фискалӣ ташкил медиҳад, пешбинӣ гардидааст.
Ногуфта намонад, ки бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои обии дигар ҳам бо талошу заҳмат ва фидокориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар баробари ин, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги мошингарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард низ саҳми арзанда ва асосиро дорад.
Набояд фаромӯш кард, ки бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсозӣ ва давлатдории муосири миллию ваҳдату ягонагӣ мебошад. Маҳз тавассути ваҳдату ягонагӣ мо тавонистем, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргунсозии шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозорӣ ва пайвастани низоми иқтисодӣ Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем. Инчунин, боиси ифтихори мо, тоҷикон аст, ки фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем, ки тамоми дунё мешиносанду эҳтироми баланд доранд. Барои боз ҳам расидан ба натиҷаҳои назарраси иқтисодиёти кишвар мебояд, ки пеш аз ҳама тамоми супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ намуда, иқтисодиёти босуботеро ба худ ва наслҳои оянда боқи гузорем.
Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини сардори
Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқотии стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон