“Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Оре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад ва зуҳуроти ин вабои аср ба суботу амнияти кулли инсониёт хатар эҷод менамояд.
Агар дар бора таърихи пайдоиши терроризм ва экстремизм сухан ронем, алҳол касе гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай ва дар куҷо ва бо кадом мақсад рӯй додааст. Решаҳои терроризм хеле чуқуру тулонӣ буда, базаи иҷтимоии ин падидаи номатлубу хатарнок дар асосу пояҳои идеологӣ, таърихиву ҷаҳонбинӣ пайдо шудааст. Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меорад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ бартараф кардани рақиби сиёсӣ ва бо даҳшатафканӣ аз байн бурдани оромии ҷомеа мебошад.
Имрӯзҳо терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ба башарият хатари бузург дошта, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдиди амалӣ эҷод мекунад. Тавассути расонаҳои хабарӣ ҳар рӯз огоҳ мешавем, ки чӣ гуна ҳазорон нафар мардум хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гӯшаи ором худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.
Бояд таъкид кард, ки дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман паҳн шуда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорон одамони бегуноҳ гардида истодааст. Дидани чунин манзарахои мудҳиш, хусусан барон мо бисёр дардовар аст, чун ки замоне кишвари моро низ чун нуқтаи ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон мегузоштанд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешашуда, дар самти мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки беш аз пеш афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шахрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст Мардуми мо он рӯзхои даҳшатнокро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллат, ки ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яьне хоинони миллат, ки дар хориҷа карор доранд, бар зидди давлати ороми мо хабарҳои бардурӯғ дар расонаҳо нашр мекунанд, ки онҳо яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти ифротгароӣ мегарданд. Имрӯз шабакаҳои интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистиву ифротгаро ба мақсади таблиғи ғояҳои ифротгароӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзоёни нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ва амалҳои харобкорона ба таври густурда истифода мешаванд. Онҳо, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои давлати ба ном исломиро доранд, бехабаранд, ки виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта кардаанд ва ҳеҷ вақт ба ин нияти нопокашон намерасанд.
Айни замон байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегию ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Дар аксари вақт онҳо кӯшиш мекунанд, ки байни ду давлати ором иғво ва зиддият барангезанд. Яке аз омилҳои тезутунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои ғарбӣ маҳз ҳамин сиёсати дурӯягӣ ва мунофиқӣ аст.
Қайд кардан лозим аст, ки дар кишвари ҳамсояи мо–Афғонистон вазъ рӯз то рӯз мураккабу нигаронкунанда шуда истодааст. Чунин вазъи ниҳоят вазнин мардуми Афғонистон гунох надорад, зеро зиёда аз чиҳил сол аст, ки бар асари рақобат ва мудохилаи давлатҳои қудратхоҳони ҷаҳонӣ сарзамини онҳо ба майдони ҷанги харобиовар таблил ёфтааст. Инак, ду сол мешавад, ки ҳаракати иртиҷоии “Толибон”, ки яке аз созмонҳои террористӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст, дар Афғонистон сари қудратанд ва аз ифротгароён ва террористон ҳимоят ва пуштибонӣ мекунанд. Мутаассифона, қудратҳои ҷаҳон аз ҳукумати “Толибон” барои ноил гардидан ба мақсаду манфиатҳои муғризонаи худ суистифода мекунанд, ки оқибати ногувор ва фоҷиаомез ба дунбол дорад.
Бояд гуфт, ки амалиёти сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти ифротгароӣ оғоз шуда ва шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳимми шахс, ҷомеа ва давлат, ки яке аз ҳама хатарнок муайян карда шудааст. Ин вабои аср ба хамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри бисти якуми милодӣ табдил ёфтааст.
Ифротгароён ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд. Мақсади ифротгароёни муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони исломӣ ва сипас бар тамоми чаҳон мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан, аксаран ташкилотҳои ифротӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногун, алалхусус ҷавононро, ба доми фиребу найранги худ мекашанд. Ҳамаи ин ҳодисаву рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башар мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам мавқеи афзалиятноки стратегию ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Ин ҳодисаҳо бори дигар собит намуданд, ки терроризм ва ифротгароӣ аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва таҳдиди бузургест ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра.
Агар террористон ватан, забон, нажод ва дин дошта бошанд, террорист шуда, зидди миллати худ хиёнат мекунанд? Маълум мешавад модаре, ки ӯро зодааст ва дуои модариро низ ба инобат нагирифта, ба ин роҳи ноҷавонмардона рафтааст. Рӯзе гумроҳ шуда, зори дидори Ватан-модар мешавад. Ё ин, ки воқеаҳои 5-сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Дарвоз се нафар зодаи Тоҷикистон, ки миллаташон тоҷик аст, даст ба суиқасди миллати худ заданд ва нону хоки ватан онҳоро кӯр кард.
Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ва Сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро бояд ҳифз кард. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар Ватани худ сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Моро лозим аст, ки ватани биҳиштосоямонро дӯст дорем, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заҳматҳои шабонарӯзии ӯро барои оромиву пешрафти мардуми Тоҷикистони азиз бояд қадр кунем ва шукрона намоем, ки Худованд ба мо чунин Сарвари донову оқил ва ғамхору хирадмандро ато намудааст.
Пешвое, ки гавҳараш нур аст,
Суханаш нуру минбараш нур аст.
Қадамаш хуррамию ободӣ,
Ватанаш нуру кишвараш нур аст.
Ба шаби тира дастболо шуд,
Офтобе, ки лашкараш нур аст.
Нури ҳафт осмон нигаҳбон бод,
Ватанеро, ки Сарвараш нур аст.
Мирзо Ашӯров,
корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон