ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаи густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон самти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки бо шарофати дастовардҳои назаррас дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон рушди босуръати худро идома медиҳад.

Ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии мамлакат дар ин ҷода дар Стратегияи миллии рушди мамлакат барои давраи то соли 2030 муайян гардидаанд. Тибқи Стратегияи мазкур, аз ҷониби Ҳукумат айни замон ислоҳоти фарогири иқтисодӣ амалӣ карда мешавад, ки ба таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд.

Дар ин раванд Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикон ҳамкории муваффақ дорад ва бо дастгирии онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакатамон садҳо лоиҳаву барномаҳои сармоягузорӣ амалӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ имрӯз Тоҷикистонро яке аз давлатҳои дорои иқтисоди босуръат рушдёбанда арзёбӣ менамоянд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои бахши хусусии рушдёбанда мебошад, ки ҳиссаи он дар истеҳсоли молу хизматрасониҳо қариб 90 фоизро ташкил медиҳад.

Барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар мамлакат тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, тиҷорати байналмилалӣ вусъат меёбад.

Узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузор низ аз мутобиқати қонунгузории давлати мо ба меъёрҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ имконоти мусоид дорад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво ҳамчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни форуми иқтисодиро ба захираҳои фаровони об, сарватҳои маъданӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, имкониятҳои ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи дигар афзалиятҳои мамлакат ҷалб намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо ҳамчунин ба ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷониби Олмон дар рушди бахшҳои молиявию бонкӣ ва рақамисозии иқтисоди Тоҷикистон манфиатдорем.

Дар интиҳои суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки афзалиятҳои Тоҷикистон ба мисли тамоюли мусбии демографӣ ва зарфияти кофии меҳнатӣ, мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, инчунин имкониятҳо ва иқтидорҳои тавлиди энергияи сабз заминаҳои асосии ҳамкории Тоҷикистон ва Олмонро ташкил хоҳанд дод.

khovar.tj

Чоп кунед