Рӯзи 29 сентябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва аз ҷумла қайд кард, ки дар ҳамоиши имрӯза масъалаҳои муҳимми тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори кишвар, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иқтисодию иҷтимоӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон ва ғайра мавриди баррасӣ ва арёзбӣ қарор мегиранд. Баргузории чунин ҳамоиш, ки бевосита ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида мешавад, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусиятҳои шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшан карда шаванд.

Тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027»-ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Аз ин рӯ, баргузории конфронси имрӯза нишони ҷонибдорӣ дастурҳои Пешвои муаззами миллат, инчунин, ҳамчун бахши меҳварии имрӯз ва ояндаи сиёсати давлатӣ эътироф гардидани масъалаи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки конфронси имрӯза барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

 Сипас ҳамоиш ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи “Аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори Тоҷикистон”, зимни суханронии худ қайд намуд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир давлатҳоро маҷбур месозад, ки сиёсати давлатӣ ва барномаҳои рушдро таҳрезӣ ва амалӣ созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бор мақсади дастёбӣ ба манфиатҳои миллӣ, дар робита ба вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сиёсати давлатии худро ба роҳ монда, бо дарназардошти аҳолии ҷавони мамлакат, амалишавии қариб тамоми самтҳои муайянгардидаи сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба ҷавонон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонони солиму ояндасоз ва саривақт амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Инчунин, иброз гардид, ки масоили тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баргузории чорабинии имрӯза гувоҳ он аст, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Ҳамчунин, номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ораз Муртазоев дар мавзуи “Таҳкими масъалаи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”, полковник, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуррашид Ҳотамиён дар мавзуи “Ватан сар мешавад аз гаҳвора…”, корманди КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Наимов дар мавзуи “Оид ба пайомадҳои мутолиа ва паҳнсозии матлабҳо ва наворҳои мансуб ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ”, директори Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарнигор Раҷабова дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити рушди иқтисодию иҷтимоӣ”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Гулчеҳра Расулова дар мавзуи “Молодежь Центральной Азии: движущая сила, ключ к региональной интеграции и перспективному сотрудничества”, мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ Шаҳноза Нусратова дар мавзуи “Нақши занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, асистенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Восиев дар мавзуи “Ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон”, суханронӣ намуданд.

Баъдан пиромуни маърузаҳои ироашуда ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт.

Дар охир конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 
 Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед