Истиқлол – шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ тавассути татбиқи сиёсати навин бо талошу ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбуби мо дар ҳама самтҳои давлатдории миллӣ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардид.
Агар масири таърихро ҳамчун давраи тағйироту рӯйдодҳои бузурги сиёсию ҷамъиятӣ арзёбӣ намоем, пас касби истиқлоли комили давлатӣ, яке аз падидаҳои нодири таърихи навини кишварамон маҳсуб меёбад. Дар саҳифаи истиқлолёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало дида мешавад, ки дар роҳи тайкардаи таърих беназир аст. Якояки мо шоҳиди он марҳалаҳо ҳастем, ки Истиқлоли давлатӣ дар як шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ба даст омада, бо талошу ҷонбозиҳои пайвастаи Сарвари сиёсии худ дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кишвари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Дар давраи аз ҷашни истиқлол то истиқлол дар ВМКБ корҳои созандагии ҷиддию назаррас ва тақдирсозе ба анҷом расидаанд, ки муҳимтарини дастовардҳоро мухтасар ба хонандагон манзур менамоем.
Дар таърихи 15.08 то 18.08.2023 Сарвари давлат зимни сафари навбатии худ шиносоиро аз ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ суҳбату мулоқотро бо сокинони заҳматкаши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуд. Дар ин сафари мақсаднок бо ошноии амиқ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ, дарки амиқи ҳолату раванди татбиқи амалии чор ҳадафи стратегӣ барномаҳо ва дурнамои созандагӣ дар ВМКБ равона гардидаанд, зеро бидуни ҳалли ин масъалаҳои муҳимми стратегӣ ва тақдирсоз таъмини якпорчагии қаламрави кишвар ғайриимкон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи 32 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ба ин минтақаи куҳанбуёди Ватани маҳбубамон зиёда аз 60 маротиба сафарҳои корӣ анҷом дода, бо мардум заҳматкаши он беш аз 80 вохӯрию мулоқот баргузор намудааст. Ҳангоми нахустин сафари хеш соли 1993 ба вилоят чунин изҳор намуда буд: “Ман аминам, ки шумо Бадахшонро ба яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷоратӣ ва сайёҳии баналхалқии Тоҷикистон табдил медиҳед ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст барои ба ин мақсад ноил гардидан, ёрии зарурии худро расонад”.
Бо ташаббуси Сарвари давлат моҳи июли соли 1993 қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ба тавсиб расида, “Барномаи ислоҳоти иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 1995–2000-ум” тасдиқ шуда буд. Иҷрои ин санадҳои муҳим ва дастуру супоришҳои додашуда дар ҳар сафари кории Роҳбари давлат санҷида баромада шуда, бо аҳолии вилоят вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, аз ин раванд маълумот дода, дархосту мушкилоти онҳоро ба инобат гирифта, ба иҷро расонида шуданд, ки барои рушду пешрафти имрӯзаи вилоят заминаҳои мусоидеро фароҳам оварданд. Гузашта аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи соҳибистиқлолӣ борҳо барномаҳои ислоҳоти иқтисодии ВМКБ барои давраҳои гуногун муайян ва таҳия намуд буд, ки то имрӯз дар пешрафти он мусоидат намуда истодааст.
Воқеан, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз гӯшаҳои зебоманзари саёҳии ватани азизамон Тоҷикистон буда, бо мавқеи ҷуғрофии худ дар ҷаҳон бо номи “Боми Ҷаҳон” машҳур аст. Бо доштани кӯҳҳои осмонбӯс, гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои шифобахш, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, олами нотакрори наботот ва ҳайвоноти нодир, дарёҳо ва кӯлҳои беназир, пиряхҳои калонтарин ва қуллаҳои баландтарин дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин, таъриху фарҳанги қадимаи миллӣ ва суннату анъанаҳои ғаниву рангоранги худ яке аз маконҳои асосии ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Ин сарзаминро Пешвои миллат “Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” эълон намудабуд.
Агар ба саҳифаҳои таърихи Бадахшон назар афканем, пур аз асрору ривояти аҷиби тавсифи ин диёр мебошанд. Маълумоти таърихӣ тасдиқ менамоянд, ки дар давраҳои қадим дар ҳудуди он мо миллати тоҷик арзи ҳастӣ намуда, фарҳанги ғанӣ, ёдгориҳои гуногуни арзишмандро то даврони мо ба мерос мондаанд. Аз қалби Бадахшон роҳи Бузурги Абрешим мегузашт, ки то ҳол аҳамияти бузурги байналмилалиро доро мебошад. Инчунин, кашфи бозёфтҳои қалъаи бостонии Карон, Вахон, Қаҳ-Қаҳа, Ямчун, қалъаи Вомар ва ғайра шаҳодати соҳиби таърихи қадими ҳазорсола будани ин сарзамини биҳиштосоро тасдиқ менамоянд.
Ҳар роҳгузар ва сайёҳе, ки ба ин диёри зебоманзару биҳиштосо сафар мекунад, аз натиҷаи заҳмати сокинони ин сарзамин ва дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат қаноатманд мегардад, ки ин сарзамин чӣ гуна сол то сол ободу зебо гардида, ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст.
Ёдовар мебояд шуд, ки маҳз бо заҳмати пайвастаи Пешвои миллат дар маҷмуъ, барои таъмин намудани рушди босуръати шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон тайи даврони соҳибистиқлолӣ мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 23 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Тибқи маълумот бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмуъ, беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ба истифода супорида шуданд. Инчунин, ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст ва то ба имрӯз корҳои сохтмонии беш аз 260 иншооту бино ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд.
Иқдомҳои пайгиронаи Сарвари давлат дар самти таҳия ва амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии кишвар, аз бунмбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини истиқлоли энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва корҳои созандагию ободиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон натиҷаи худро ба бор овардаанд, ки бинандаю шунавандаро ба ҳайрат меоварад. Орзую ормонҳои деринаи мардуми Бадахшон дар роҳи созандагӣ ва рушд ҷомаи амал пӯшида, роҳи муроди “Дарвозаи Тиллоӣ” ба ҳамагон боз гардида, тавассути долони нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон пайваст.
Яке аз мушкилоти бузурги ҳаёти сокинони вилоят, ки тайи даҳсолаҳои гузаштаи ҷой дошт, набудани роҳҳои муосиру бехатари мошингард аҳаммияти тақдирсоз дошт. Барои аз байн бурдани ин мушкилот Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ, новобаста аз ҷой доштани вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд. Ҳар як сафару боздиди Сарвари давлат ба Бадахшон вохӯриҳои ӯ бо сокинони ин диёр натиҷаи дилхоҳеро ба бор оварда, заминаҳои рушду пешрафтро устувор намуд.
Хотирнишон намудан ба маврид аст, ки дар ду даҳсолаи қаблӣ яке аз дастовардҳои бузург ифтитоҳи мушкилтарин қитъаи шоҳроҳи муҳимму стратегии аҳамияти байналмилалидошта, яъне қитъаи Шкев –Қалъаи Хумби шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – то сарҳади давлати Чин ба ҳисоб мерафт, ки пурра бунёду азнавсозии гардида истодааст. Айни замон корҳои сохтмонии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон, ки сохтмони он расман оғоз гардидааст, 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдид гардидани он роҳ 17 километр кӯтоҳ мешавад ва дар маҷмуъ, 92 километр роҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳаи мазкур 2,5 миллиард сомонӣ буда, дар ҷараёни татбиқи он беш аз ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.
Ин иқдоми бунёдкории азим аз байн бурдани мавзеъҳои пурхатари пешин имконияти кушодани долони транзитӣ ва иқтисодии байни Чин – Тоҷикистон – шимоли Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупоро фароҳам овард. Бо ин мақсад дар ояндаи наздик лоиҳаҳои бунёди қитъаҳои роҳи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ба масофаи 235 километри ва аз Варшез то гузаргоҳи Қулма – Қарасуро ба дарозии қариб 300 километр амалӣ гардад.
Дар мавриди ба истифода додани ин қитъаи роҳ, на танҳо барои аҳолии минтақа аҳаммияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, балки дар ояндаи наздик ба сифати роҳи бузурги тиҷоратӣ, сайёҳӣ ҳамчун Роҳи Бузурги Абрешим истифода мегардад. Албатта, бо ташкили чунин долонҳои нақлиётӣ шароити мусоиде фароҳам оварда мешавад, ки боркашонии тиҷоративу мусофиркашонии байналмилалӣ зиёд гардида, имкониятҳои транзитиву сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бамаротиб рушду тақвият меёбад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар барои мардуми вилоят танҳо баҳри бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ дошта 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пули мошингузар ба истифода дода шудааст.
Айни ҳол дар қаламрави вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин, бо ин мақсад барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, таъмиру нигоҳдории роҳҳои дохилӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ беш аз 300 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 870 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 193 пул таъмиру азнавсозӣ гардида, барои ҳаллӣ мушкилоти ҷойдоштаи вилоят 70 техникаи роҳсозӣ харида шуда, мавриди истифода қарор дорад.
Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон таъқид кардааст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкониятҳои бузурги саноатӣ дорад. Бояд гуфт, ки шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилоят аз соли 1991 то имрӯз ҳафт баробар афзуда, аз 13 ба 91 адад расидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи энергетика дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пешрафти назаррас ноил гардид. Дар вилоят 24 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 7 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд. Сарвари давлат соли 1994 дар ифтитоҳи аввали неругоҳи барқи обии «Помир – 1» иштирок карда буд, ки тавоноии он 7 мегаваттро ташкил медод.
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди вилоят беш аз 31 ҳазор киловат иқтидорҳои нав, аз ҷумла, неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 киловатт бунёд гардида, 14 ҳазор киловат иқтидорҳои мавҷуда таҷдиду азнавсозӣ карда шуданд. Ҷиҳати беҳтар намудани таъмини барқ дар қаламрави вилоят, дар ноҳияи Роштқалъа бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегават идома дорад, ки соли оянда агрегати якуми он мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида истеҳсоли неруи барқ дар вилоят соли 2022 нисбат ба соли 1993-юм 2,6 баробар зиёд гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳои дигар дар доираи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят 5,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Инчунин, дар қаламрави вилоят аз ҷониби низоми бонкии кишвар 1,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 92 дар сади он қарзҳои хурд мебошанд.
Танҳо дар сеюним соли охир, яъне солҳои 2020 – 2022 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолии вилоят додашуда қариб 500 миллион сомониро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар ҳафт моҳи аввали соли 2023 ба 131 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 дар сад зиёд мебошад.
Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо имкон фароҳам овард, ки фаъолнокии иқтисодии мардум афзуда, дар 13 соли охир шумораи субъектҳои хоҷагидор 3 баробар зиёд гардад. Агар соли 2010 дар вилоят ҳамагӣ 3 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо қариб ба 8400 адад расидааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нуҳ барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Тавре ҳадамоти матбуотии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар дод, бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 сентябри соли 2023 бозорҳои наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дубора ба фаъолият шуруъ карданд, ки ин иқдоми хайрхоҳона баҳри дӯстии минбаъдаи мардуми тоҷику афғон ва рушди тиҷорат равона гардидааст.
Хулоса, масъалаҳои болозикр гувоҳи таваҷҷӯҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат дар самти пешрафти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар даврони Истиқлоли давлатии кишвар мебошад.
Саидхоча Акбаров,
сармутахасиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон