Истиқлоли давлатӣ ифтихор ва нангу номуси ҳар яки мо буда, нишонаи соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ва озодии миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ халқи соҳибному сарбаланди тоҷик қисматашро ба дасти худ иншо мекунад ва низоми давлату давлатдориашро мустақилона амалӣ менамояд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд”.

Даврони истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Ба роҳ мондан ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар даврони истиқлол барои кишвари мо имкон фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кутоҳи таърихӣ тавонист фаъолияти худро дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат пурзур намуда, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардад.

Истиқлолияти энергетикӣ аз ҳадафҳои стратегӣ ва нишондоди аслӣ барои пешрафти иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми ягона ва ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги энергетикӣ ноил гардид. Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ҳамчун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар бояд талош намуд.

Корҳои барқарорсозӣ ва бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун”, таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроқум” ба роҳ монда шуда, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Помир-1”, Маркази барқу гармдиҳии Душанбе-2, зеристгоҳи барқии 500-киловолтаи “Душанбе” ва “Суғд”, хати интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500-киловолта дар Неругоҳи барқи оби “Норак”, зеристгоҳи барқии 220-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран-2”, хатҳои интиқоли барқи 220-киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроқум-Суғд”, “Айнӣ-Рӯдакӣ” ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА-1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд. Дастоварди бузурги соҳа пеш аз ҳама ба кор андохтани агрегати якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад, ки дар натиҷа маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ батадриҷ поён бурда шуд.

Бояд гуфт, ки касби Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат ислоҳоти ҷиддиеро ба бор овард. Таҷдид ва ба истифода додани нақбҳои «Озодӣ», «Истиқлол», «Хатлон» ва «Шаҳристон», роҳҳои автомобилгарди «Душанбе – Бӯстон – Чанак», «Душанбе – Нуробод – Лахш – Саритош», «Душанбе-Данғара», 6 пули мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳи оҳани Душанбе–Хатлон, роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент, Восеъ – Ховалинг, таҷдиду навсозии роҳҳои пойтахт ва бунёди роҳҳои бисёртабақа дар шаҳри Душанбе, гувоҳи олии рушди соҳаи роҳсозӣ дар кишвар аст. Дар натиҷаи чунин ободкориҳо Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид. Махсусан, тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин,  Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.

Илова бар ин, соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла, сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз гардида, корҳои таъмириву омодагӣ дар ин самт рафта истодааст.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пешрафти истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст. Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои Президентӣ тақсим намуд.

Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 12 декабри соли 2021 зикр намуданд, ки “дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст”.

Саноатикунонии босуръати кишвар низ аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти ватанамон замина гузошта истодааст. Соҳаи саноат дар ҳақиқат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад. Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.

Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият намуда истодаанд.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд”

Хулоса, Истиқлоли сиёсӣ, ваҳдати сартосарӣ, сулҳу субот ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии роҳбарияти Олии кишвар, азму иродаи қавии созандаю бунёдкоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонистем ҳадафҳои стратегии худро марҳила ба марҳила татбиқ намоем.

 

Шаҳноза Нусратова,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед