ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол давлату миллати тоҷик 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ҳастии давлат, рушд ва озодию ободии мамлакат, таъмину кафолати ҳуқуқҳои ҳар шаҳрванд ба истиқлолият вобастагӣ дорад. Маҳз истиқлол сабаб шуд, ки мо, шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи табиию таърихии худ истифода намуда, соҳибватану соҳибдавлат гардем. Чунин ибрози назар намудааст сардори Раёсати иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

-Роҳи тайнамудаи сиву дусоларо аз пеши назар гузаронида, бармало дарк менамоем, ки дар ин муддат бо татбиқи консепсияҳо, нақшаю барномаҳо дар масири бунёди Тоҷикистони навин ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Умри истиқлоли давлатии мо сиву ду сол аст, аммо умри миллати мо ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳоро фаро мегирад. Ниёгони мо дар саргаҳи фанни давлатдорӣ қарор доштанд ва  намунаҳои аввалини давлатҳоро барои башарият эҷод намуданд.

Имсол ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сию ду сол пур мешавад. Замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, ба уҳда гирифтани масъулияти тақдири ояндаи миллату давлат хеле мушкил буд. Вақте Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба кор идома медод, бисёриҳо масъулияти роҳбарии давлат ва вазорату идораҳоро ба зимма намегирифтанд. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон давлатдории миллии тоҷиконро аз нобудӣ раҳоӣ бахшид. Пайдоиши миллати тоҷик агар реша дар умқи таърих дошта бошад ҳам,  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол давлати ҷавон аст.

Ин истиқлол душманони дохилӣ ва хориҷие дошт, ки мехостанд ба тоҷикон мазҳабу фарҳанги бегонаро таҳмил намуда, давлати исломӣ созанд. Душманони миллату ватан тавонистанд мардумро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Дар натиҷа байни як миллат сангарҳои муқобили ҳам барпо шуданд. Акнун ҷабҳаи муқовимат аз хонаҳо, аз байни падару писару бародар ва тафаккуру андешаҳои онҳо мегузашт. Ҳама ҷо ҷабҳа буд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ин ҷанг зарба ба ҷони миллат, зарба ба иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги он буд. Мақсад аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

Муноқишаву мухолифатҳои дохилӣ барои таҳкиму пойдории давлати миллӣ хатар эҷод менамуданд. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд барпо гардид,  боиси заминагузорӣ ба истиқлоли воқеӣ ва раҳоӣ бахшидан аз парешонию парокандагӣ гардид. Дар ҳамин Иҷлосия қарор шуд, ки 26 ноябри соли 1999 Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шавад. Қарори иҷлосия низ қабул гардид, аммо идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ имкони амалишавии ин қарорро аз байн бурд.

Муддати 31 соли баъди баргузории ин иҷлосия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони худшиносӣ, ҳувият, ободонию фарҳангсозӣ ба шумор меравад.

Масъалаи меҳварӣ, дастоварди арзишманде, ки мояи ифтихору побарҷойии миллати мо дар охири асри XX гардид, ҳифзи давлатдории миллӣ буд, ки миллати мо аз уҳдаи он сарбаландона баромада тавонист. Вазифаи дигари бисёр муҳим барқарор намудани ниҳодҳои асосии давлатдорӣ ба шумор мерафт ва он кори осон набуд. Барқарор намудани ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз вазифаҳои мушкил маҳсуб мешуд. Ин ниҳодҳои муҳими давлатӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба зудӣ эҳё гардиданд.

Барои давлати соҳибистиқлоли тоҷик қабули муқаддасоти миллӣ – Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ далели шоистаи  давлатсозӣ ва соҳибистиқлолӣ буд. Бо қабули Нишону Парчам истиқлолияти давлатӣ комил шуд.

Истиқлол аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ чунин маънӣ дорад, ки миллати тоҷик баъди муддати тӯлонии таърихӣ соҳиби давлати миллии худ гардид. Ва ин миллат сохти дунявии давлатдориро интихоб намуд. Тӯли таърих ин миллат дар сохтҳои сиёсии гуногун зиндагӣ намуда, суду зиёни онҳоро дар хотираи таърихии худ нигоҳ доштааст. Ин миллати бостонӣ  дар давлатҳое, чун аморати Бухоро ва Иттиҳоди Шуравӣ умр ба сар бурдааст ва таҷрибаи онро дар кӯлвори таърихаш нигоҳ медорад. Ҳамин таҷрибаи таърихӣ асос шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти давлати миллии дунявиро интихоб намуданд.

Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати 12-ум 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти ҷумҳуриро қабул намуд. Ин Эъломия аввалин ҳуҷҷате буд, ки истиқлоли давлати миллии тоҷиконро расман ба ҷаҳониён эълон намуд. Аммо ин истиқлол дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буд, яъне ҳанӯз истиқлоли комил набуд. Бо мақсади ба даст овардани истиқлоли комил 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳорот қабул намуда, бо ҳамин ба истиқлоли давлатӣ асос гузошт. Баъд аз ин, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори махсус қабул намуд, яъне изҳороти мазкур бо қарори Шурои Олии ҷумҳурӣ қонунӣ гардонида шуд. 9 сентябри соли 1991 Рӯзи Истиқоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Маънии истиқлолро имрӯз ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Аммо ба андешаи мо, шарҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳи дақиқ аст. Сарвари давлат мегӯянд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷамеаи ҷаҳонӣ аст, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол, дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуду фарҳанг, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ арзи ҳастӣ дорад, ки мояи  ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанд ва бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор гардидаанд. Дар кишварҳои хориҷӣ 39 намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар 20 давлати дигар   сафирони ғайримуқим фаъолият доранд. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24  сафорати давлати хориҷӣ, 57  намояндагии созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ғайридавлатӣ амал  менамоянд.

Бояд гуфт, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибистиқлол дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ки ҷавҳари онро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад,  аъзои беш аз 170 конвенсияи амалкунандаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳамкории судмандро дар самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат татбиқ менамояд. Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз соҳибистиқлол аст ва бад-ин симмат роҳу равиши тараққиёт, пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро мустақилона амалӣ менамояд.

Имрӯз ҷаҳонро буҳрон фаро гирифтааст. Гирифторӣ ба ин буҳрон сабабҳои гуногун дорад. Ба гумони ғолиб, ин буҳронро сабаб таассуб ва пешрафти техника аст. Ин таассуб ҳосили ҷомеаи имрӯз нест. Таассуб ҳамсафари ҳамешагии ҷомеаи инсонӣ будааст. Аммо фарогир набуд. Дар сатҳи як миллат, як давлат ё як идеалогия. Масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафта ҳал мешаванд. Давлатҳои абарқудрат, ки соҳиби аслиҳа ва технологияҳои муосир мебошанд, бо истифода аз ин имконият фарҳанги худро маҷбуран ба шаҳрвандони давлатҳои рӯ ба инкишоф таҳмил менамоянд. Ин гуна бархӯрди фарҳангҳо, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама,  ба миллатҳои хурд ва миёна хатар дорад. Таҳлилу таҳқиқ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистони азизи мо низ аз ин гуна хатарҳо эмин нест. Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ, кӯшиши бозгашт ба арзишҳои ҷомеаву давлатҳои асримиёнагӣ, дахолати идеологии абарқудратҳо алайҳи мазҳаби  суннатии тоҷикон ва арзишҳои миллию давлатӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд. Абарқудратҳои имрӯза ба дину мазҳабҳо таваҷҷуҳи манфиатхоҳона доранд. Онҳо аз дин чун василаи амалӣ намудани манфиатҳои худ истифода мекунанд.

Дар зарфи сию ду сол мушкилоте доштем, ки ҳалли худро ёфтанд. Ҳанӯз ҳам мушкилоте дорем, ки онҳо ба Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, суботу оромии мамлакат халал ворид намуда метавонанд. Имрӯз коррупсия, маҳалгароӣ, рушди номутаносиби минтақаҳои ҷумҳурӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатӣ аз ҷумлаи мушкилоти ҷомеа мебошанд. Ин мушкилот дар сурати боқӣ монданашон таҳдиде ба истиқлоли давлатӣ буда метавонанд. Мушкилот бо мурури замон ва ҷидду ҷаҳди фарзандони вафодори ватанпараст ҳалли худро меёбанд.

Дар олам дин, мазҳаб, миллату халқият ва давлатҳои гуногун вуҷуд доранд, вале таҳдиду хатарҳо барои ҳама ягона аст. Дар мубориза бо ин мушкилот давлатҳо дар алоҳидагӣ муваффақ шуда наметавонанд. Инчунин бо бурдани сиёсати духӯра низ дар ин самт ба муваффақият намерасанд. Бинобар ин,  мубориза бо таҳдиду хатарҳо бояд дастҷамъона амалӣ гардад.

Дар асри бисту як Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба  минтақаи амну  субот ва  ваҳдату субот табдил дода шавад. Ҳамгироии миллату давлатҳо, сулҳу ваҳдат, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, ҳамаи ин дар оянда ба шукуфоии давлати тоҷикон саҳми худро мегузорад. Мо шукуфоӣ гуфта, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва инноватсиониро дар назар дорем, зеро асри 21 асри навгониҳои техникиву илмӣ аст. Дар ин аср  миллате муваффақ мешавад, ки дар ин ҷода пешрафт дорад ва комёбиҳои илму техникаро дуруст истифода бурда метавонад.

Дар ҷаҳони муосир комёбиҳои илму техника ҳам дар хизмати миллату давлат ва ҳам дар хизмати террористону ифротгароён  қарор дорад. Яъне  аз комёбиҳои илму техника террористон ҳам истифода мебаранд. Барои ҳамин мо бояд дар якҷоягӣ роҳҳои маҳдуд кардани манбаъҳои маблағгузории ин созмонҳо, манбаъҳое, ки   аз ҷиҳати фановарӣ, молиявӣ, техникӣ дастгирӣ мешаванд, дарёфт намуда, онҳоро  аз байн барем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо баргузор намудани  чорабиниҳои сатҳи баланд ба тамоми дунё, ба созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, давлатҳову миллатҳо исбот карданӣ аст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза ба муқобили ҳамаи таҳдиду хатарҳои глобалии замони имрӯз ҳаст.

Дарки мушкилоти ҳамгироии давлатҳои  пешрафта ва давлатҳои ҷаҳони  сеюм ибтидои роҳ ба сӯйи ислоҳи вазъ мебошад. Ҷиҳатҳои манфии ҷаҳонишавиро ҳаматарафа омӯхта,  барои кам кардани таъсири он тадбирҳои мушаххас бояд андешид. Вазъи ба амаломада зарурати дар амал ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳониро тақозо дорад. Дарк бояд намуд, ки агар пешрафти ҷомеаи инсонӣ танҳо бо роҳи боло гирифтани омилҳои  иқтисодӣ пешрафт намояд, дар зиндагӣ  моддиёт бартарӣ меёбад, молу чиз, пул,  истеҳсолу истеъмол дар назари одамон аҳаммияти мутлақ пайдо менамоянд ва дар ин ҳолат,  пояи маънавиёти ҷомеа суст мегардад.  Охир,  зиндагӣ танҳо  барои хӯрдан нест, балки хӯрдан барои зиндагӣ  намудан аст.  Вазифаи давлат аст, ки омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро ба ҳам созгор намуда, инкишофи мутаносиби  онҳоро  таъмин  намояд.  Мувозинати арзишҳои иқтисодӣ ва маънавӣ самти дурусти рушди миллатҳо ва давлатҳо аст.

Имрӯз, ки Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон ҳарчи бештар ҳамгироии бисёрҷанба ба роҳ мондааст, ба раванди ҳамгироӣ коршиносон ва олимони соҳаи иқтисод бояд бо назари таҳқиқкоронаи танқидӣ  бингаранд, пажӯҳишҳо анҷом диҳанд,  то ҳар қадами Тоҷикистони азизи мо дар арсаи дохилию байналмилалӣ санҷидаю огоҳона бошад.

Инсоният имрӯз дар пешрӯйи якчанд мушкилоти ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Инҳо проблемаҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии ифротгароӣ ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он, ҷинояткории фаромиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, танзими  мушкилоти демографии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошанд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ибтидои кор аст. Аз ҳама мушкил таҳкимбахшӣ ва аз хатарҳои дохилию хориҷӣ эмин нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо мебошад. Таҳдидҳое, ба монанди  терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он, қочоқи яроқу аслиҳа, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ба воситаи интернет ва дигар воситаҳои ахбори омма  таъсири  мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа барои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хатарзо мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудаи ҷуғрофие аст, ки дар он халқияту миллатҳои гуногун паҳлуи ҳам зиндагӣ ва фаъолият доранд ва онҳо барои ҳамдигар бояд на танҳо ҳамватан, балки ҳамтақдиру ҳамфикру ҳаммавқеъ бошанд. Зеро ҳаводиси хунине, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд, бори дигар собит менамоянд, ки  ҳамраъйии шаҳрвандони мамлакат ва муттаҳидӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои террористӣ натиҷабахш аст.

Ғафлату бетафовутӣ ба фоҷиаҳо оварда расонида метавонад. Ҳоло дар саҳифаҳои сомонаю шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ифротиёни зиёде ҳузур пайдо намуда, алайҳи манофеи давлату миллати тоҷик  баромад мекунанд, ки ҳадафмандона идора мешаванд. Ин ифротгароён имкони аз сомонаю шабакаву расонаҳо ба кӯчаҳо рехтан доранд, ки пайомади харобиовар хоҳад дошт. Аз ин рӯ, бояд аз ҳоло даст ба кор шуд, зеро таҳдидҳо ба Истиқлоли давлатӣ, халалдор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои маҷозӣ ба назар мерасанд. Дар фазои интернетии Тоҷикистон барнома, гуфтору наворҳои хашину тахрибию ифротӣ кам нестанд, балки рӯ ба зиёдшавӣ доранд. Қишрҳои осебпазири ҷомеа чун ба саҳифаҳои интернет ворид мешаванд, ин гуна маводро мутолиа намуда, ноогоҳона ба иғво дода мешаванд.

Аз ин рӯ, набояд дар чунин вазъ ғофил монд,  балки вақти он аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ «контенти мусбат» офаранд.

Фазои маҷозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фазои тарғиби сулҳу салоҳ, суботу ваҳдат, дӯстии халқҳою миллатҳо бояд табдил дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз, савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой дод. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ, ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор бошему муҳофизи Ватани азизамон. Дар ин арсаи корзор истодагарӣ намудан, муваффақ шудан, далерию нотарсӣ нишон додан аз қаҳрамониҳои майдони набардҳои воқеӣ кам нест. Ин андеша ҳосили натиҷа аз набардҳои интернетӣ, киберӣ ва иттилоотӣ дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон аст. Маълум шуд, ки ҳар ки ҳукмрони тафаккури инсонҳо бошад,  дар амалӣ намудани манфиату хостаҳо душвории зиёде надорад.

Вазъи печидаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба вазъи давлатҳои алоҳида бетаъсир нест. Ин вазъияти печида обистани хатарҳо аст. Хатар ба давлату миллат- хатар ба ҳар шаҳрванд ва  ба ҳар яки мо аст. Аз ин рӯ, замоне фаро расидааст, ки таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ, идеологию амниятӣ, арзишию тамаддунӣ дарк ва омӯхта шаванд, тасвиру тафсир гарданд ва дар ин замина тадбирҳои фавриро бояд амалӣ намуд. Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти пойдории давлати миллӣ, истиқлолу суботу оромии он вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди солимфикри Тоҷикистони азизамон аст.

Моро  мебояд, ки дар гуфтаҳо, навиштаҳо, суханрониҳо, андешаҳо, рафтору гуфтору кирдор, яъне дар ҳама вазъу ҳолат ба се арзиши олӣ: Ватан, Давлат ва Миллат арҷ гузорем ва неъмати бузургу беназир–истиқолу озодиро  чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

                                                                    Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сардори Раёсати иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

khovar.tj

Чоп кунед