Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии дурдасти кишвар дар рушду ободии минтақаҳо нақши муҳим мебозад. Ин рӯйдоди муҳим ба пурзӯр шудани талошҳои ҳукумат барои рафъи мушкилот ва камбудиҳои сокинони ин минтақаҳо мусоидат менамояд.
Пеш аз ҳама, сафари сарвари давлат аз дастгирии бевосита ва ғамхории сокинони ноҳияҳои дурдаст шаҳодат медиҳад. Сафарҳои роҳбарияти Олии кишвар ё дигар мансабдорони воломақом, нишонаи аҳамияти аввалиндараҷа доштани вазъи зиндагӣ ва мушкилоту ниёзҳои мардуми минтақа барои давлат мебошад. Яъне чунин сафарҳо ҳисси боварӣ ва эътимодро ба вуҷуд оварда, садоқати сокинони маҳаллиро ба ояндаи дурахшони кишвардаҳчанд месозад.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сармоягузоронро барои рушди инфрасохтор ва барномаҳои иҷтимоӣ дар навоҳии дурдаст ҳавасманд месозад. Ҳукумати кишвар ҳамеша вобаста ба мушкилотҳо, аз ҷумла дастрасӣ ба роҳҳои босифат, нерӯи барқ, об, маориф ва тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъ меандешад. Ташрифи сарвари давлат ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ барои ободонӣ ва навсозии ноҳияҳои дурдаст такони ҷиддӣ мебахшад.
Илова бар ин, сафари Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин минтақаҳо мусоидат менамояд. Бо шарофати сафарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидор ва ҷолибияти ноҳияҳои дурдаст рунамоӣ гардида, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорону сайёҳон чораандешӣ сурат мегирад. Ин боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди корхонаҳои маҳаллӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодии минтақа мегардад.
Сафари Пешвои муаззами миллат ба таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ дар кишвар низ мусоидат менамояд. Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳал ба мушкилот, андеша ва ниёзҳои мардум шинос гардида, тадбирҳои судманд меандешанд. Ин замина барои муколама ва ҳамкорӣ, инчунин барои муттаҳид кардани кӯшишҳои давлат ва аҳолии маҳаллӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои умумиро фароҳам меорад.
Дар маҷмуъ, сафари Пешвои миллат ба навоҳии дурдаст як ибтикори созанда ва фаъол барои рушду ободии ин минтақаҳо мебошад. Он барои ҳамбастагӣ, ҷалби сармоя, беҳтар кардани инфрасохтор ва хадамоти иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдат дар кишвар мусоидат менамояд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба корҳои ободони дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз
Сафари навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар рушду ободии ВМКБ нақши созанда дорад. Ин сафари таърихӣ рамзи таваҷҷуҳи фаъол ба манотиқи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон мебошад, ки дар он шаҳрвандони меҳнатдӯсту фидокори ватан зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз қайд намуданд, ки дар марҳилаи 32 соли истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 400 миллион сомонӣ равона гардида, дар ин раванд, ҳамчунин, татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 485 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Илова бар ин, ҳоло дар ноҳия татбиқи боз 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки аз маблағи умумии онҳо то имрӯз 500 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.
Ҳамчунин вобаста ба ғамхориҳои ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлоли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ қайд намуданд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ванҷ дар давоми соли истиқлоли давлатӣ 477 миллион сомонӣ равона гардидааст. Инчунин, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло корҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ бомаром идома доранд.
Зимни сафар ба ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз вазъи кунунии аҳолии минтақа ва ҷараёни корҳои ободонӣ шинос гардиданд. Дар ҷараёни сафар Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз вохурӣ анҷом дода, андеша, нигаронӣ ва ниёзҳои мардуми минтақаро шуниданд, ки ин аз президенти мардуми будани президенти кишвари мо шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияи Дарвоз барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии он барои солҳои 2021-2025 таҳия ва қабул гардидааст, ки дар доираи он иҷрои 108 лоиҳа ба маблағи умумии 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи маълумотҳо то имрӯз 34 лоиҳаи пешбинишуда амалӣ гардидааст, ки ҳамагӣ 34 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ шуда истодааст. Барнома 116 лоиҳаро ба маблағи умумии 174 миллион сомонӣ дар бар мегирад, ки дар доираи он то имрӯз ҳамагӣ 26 лоиҳа дар ҳаҷми 98 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Яке аз ҳадафҳои дигари сафари роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин баррасӣ ва роҳандозии лоиҳаҳое буд, ки ба рушди инфрасохтор, беҳбуди шароити зиндагӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои мардуми маҳаллӣ нигаронида шудаанд. Яъне дар ҷараёни сафар лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои нав, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори муҳим муҳокима шуданд.
Тибқи маълумотҳои расмӣ, тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 975 миллион сомонӣ равона гардида, то ба ҳол қариб 70 километр роҳҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта ва ба истифода супорида шудаанд.
Бо дарназардошти дастгирӣ ва имтиёзҳои мавҷудае, ки нисбати соҳибкорон аз тарафи ҳукумати кишвар пешниҳод гардидаанд, дар вохӯри бо сокинон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорони маҳаллӣ ҳимоят карда, ба мақомотҳои дахлдор супориш доданд, ки барои рушди соҳибкорони маҳаллӣ барномаҳои вижа ва кумаки молии иловагӣ таҳия карда шавад. Ҳамчунин барои беҳбуди иқтидори иқтисодии минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти ҷорӣ кардани инноватсия ва технологияҳои муосирро таъкид карданд, ки бунёди чунин шароитҳо дар минтақаи мазкур нишони эҳтироми хоссаи роҳбарияти давлат мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки сафари Пешвои миллат ба таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ дар минтақа мусоидат намуд. Сарвари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони қишрҳои гуногуни минтақа мулоқот карда, ба аҳамияти таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таъкид намуданд. Ҳамчунин сарвари давлат аз аҳолии маҳаллӣ даъват ба амал оварданд, ки бо ҳукумати кишвар ҳамкорӣ намуда, ояндаи осоиштаи насли ҷавони миллатро бо ҳам бисозем.
Дар маҷмӯъ, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ як лаҳзаи таърихии раванди сиёсати дохилии кишвар буд, ки талоши давлат барои рушду пешрафти тамоми манотиқи онро тасдиқ мекунад. Ин сафар лоиҳаҳо ва ташаббусҳои гуногунеро, ки ба беҳбудии зиндагии мардуми маҳаллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд нигаронида шудаанд, таҳрик дод.
Умед Пудинаев,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилӣ
Шаҳноза Нусратова,
Мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилӣ