Санаи 15 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бинои хуштарҳу замонавии “Гимназияи № 1” барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.
Бинои муҳташами таълимӣ 3-ошёна буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии хонандагон сохта шудааст.
Иншоот дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои 840 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Дар гимназия беш аз 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд. Даргоҳи нави маърифат аз 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла биология, химия, физика, математика, синфхонаҳои компютерӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Бинои муассисаи таълимӣ ҳамчунин дорои ошхона бо 80 ҷой буда, толори маҷлисии он бо санъати баланд ва шароиту имконоти муосир бунёд ёфтааст. Толор дорои 220 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ мувофиқ мебошад. Маҷлисгоҳи гимназия бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст.
Таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикӣ ва русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ба роҳ монда шудааст. Назорату идораи таълими хонандагон дар гимназия дар асоси барномаҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беназир дониста мешавад.
Дар ин даргоҳи маърифат ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Инчунин, дар гимназия толори алоҳидаи варзишӣ бунёд ёфта, барои навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол ва футбол пешбинӣ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити замонавии таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ба масъулон маслиҳатҳои муфид доданд.
Бунёд ва ба истифода супоридани бинои зебою муҳташами таълимӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ин роҳ беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил, ҷорӣ кардани усулҳои замонавии таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Ба истифода додани гимназияи нав дар як навоҳии кӯҳистони кишвар аз ғамхориҳои навбатӣ ва туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маорифи ноҳияи Дарвоз дар арафаи соли нави хониш арзёбӣ шудааст.
Ҳамзамон омӯзгорони соҳа дар навбати худ ба ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуда, ваъда доданд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Ифтитоҳ ва ба истифода додани ин гимназия дар навоҳии кишвар нишон аз пешравиҳо дар самти маориф мебошад, ки қаблан сохтмони гимназияҳо дар пойтахти кишвар бештар дида мешуд ва ҳоло бошад, бештар дар навоҳии дурдаст низ гимназияву литсейҳои касбӣ сохта ба истифода медиҳанд, ки ин амал нишонаи ғамхории баробару бесобиқаи Пешвои миллат ба тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мебошад.
Тибқи омори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазору 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шудааст.
Тавре мебинем, баробари тамоми гушаву канори дунё дар кишвари мо Тоҷикистони азиз ҳам сохтмони биноҳо ҷараён доранд. Дар баробари ин таваҷҷуҳи ҳукумату давлат ба соҳаи маориф низ бештар гардида истодааст. Қаблан агарчи таваҷҷуҳ ба сохтмони мактбаҳо буд, вале ҳоло аз сохтани мактаб ба сохтмони гимназияву литсейҳо гузашта истодаем, ки ин амал худ аз пешравии кишвар дарак медиҳад.
Хулоса имрӯз соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар сиёсати ҳукумати кишвар тақвият ёфтааст, ки натиҷаи онро метавонем дар дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар мушоҳида намоем. Яъне бо шарофати оромию субат, вазъи маорифи кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки аз аттестатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои олии кишвар далели ин гуфтаҳост. Тавре ишора намудем, дар баробари беҳтари шудани биноҳои замонавии мактабу литсейҳо ва зиёд шудани теъдоди онҳо, барои баланд бардоштани маоши омӯзгорон сол ба сол таваҷҷуҳи ҳукумат боз ҳам бештар гардида истодааст, яъне бо мурури замон нисбат ба дигар соҳаҳо таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф зиёдтар гардида истодааст. Моҳи июли соли ҷорӣ 20 дарсад зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф низ далели ин гуфтаҳост.
Метавон хулоса намуд, ки ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сатҳу сифати он мусоидат намуда, барои донишандӯзии насли навраси ин диёри биҳиштосои кишвар саҳми босазо мегузорад
Умед Пудинаев,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилӣ