ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави Шуъбаи маориф сеошёна буда, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардид.

Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайянгардида бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ 12 ҳуҷраи корӣ дошта, барои 40 нафар корманди соҳа пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва компютер пурра таъмин гардидааст.

Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 90 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла курсиҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин ҷо гузаронида шавад.

Ҳамчунин дар ин бино меҳмонхонаи хурд таъсис дода шудааст, ки аз 3 ҳуҷра иборат буда, бо рахти хоб таъмин гардидаанд.

Масоҳати умумии бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ беш аз 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои навбунёд бо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шудааст. Гармии ҳуҷраҳои кории иншоот дар фасли зимистон тавассути он таъмин мешавад.

Атрофи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чароғон ва сабзу хуррам гардонида шудааст ва он ба симои маркази ноҳия зебоии хос зам намудааст.

Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Ванҷ барои кормандони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун кормандони Шуъбаи маориф имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми муносиб гузоранд.

Фармоишгари бино Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ дар иншооти нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати дар оянда баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи васеи технологияи информатсионӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

khovar.tj

Чоп кунед