Дар таърихи инсоният дастовардҳо, бар замми осон кардани коре, ҳамчунин, мушкилотро низ доро мебошанд. Рушди технологияҳои иттилоотӣ дар баробари ҷузъи ҳаёту фаъолияти одамон гардидан, ҳамчунин инсониятро дар рӯ ба рӯйи ҳақиқати тасаввурнашаванда гузошт. Фаъолшавии шабакаҳои иҷтимоӣ ва мутамоил шудани насли наврасу ҷавон ба кори онҳо дар асри муосир талаботи рӯз маҳсуб меёбад ва нафареро аз наслҳои ҷавон кам пайдо метавон кард, ки бо ин ё он васила ба ин масири иттилоотӣ пайваст набошад.
Имрӯз интернет барои рушди фарҳанг ва илм воситаимуҳим ба шумор меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе одамон бо истифода аз интернет маблағ ба даст меоранд, аммо бархе аз онҳо ба ғайр сарфи вақт фоидае ба даст намеоранд. Тайи ин даҳсолаи охир гурӯҳҳои манфиатхоҳ шабакаҳои интернетиро ба майдони паҳн намудани ақидаҳои ғаразнокашон табдил доданд. Онҳо бо ин роҳ ба афкори мардум таъсир расонида, онҳоро мағзшӯӣ мекунанд. Истифодаи фазои маҷозӣ вобаста ба манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, динию идеологӣ шаклу усулҳои хосро касб карда, дар баъзе мавридҳо чунин хулоса карда мешавад, ки ин шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз барои ҳамин сохта шудаанд. Вале дар асл бошад, вазифаи ҳамагуна дастоварди илмӣ, пеш аз ҳама, беҳдошти ҳаёти инсоният аст. Инчунин, ҷойи таассуф аст, ки ин дастовардҳои илмӣ дар бозиҳои сиёсӣ ҳамчун ҳолатҳои татбиқи манфиатҳои сиёсӣ истифода бурда мешаванд. Айни ҳол шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони муборизаҳои иттилотӣ табдил ёфтаанд. Саволи асосӣ ин ҷост, ки кадом табақаи аҳолӣ аз ин паҳлуҳои интернет бештар зарар мебинанд?
Дар ҳар вақту замон ҷавонон ҳамчу неруи созанда дониста мешаванд. Бо такя ба ин гуфтан мумкин аст, ки онҳо бояд бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ буда, неку бадро фарқ карда тавонанд. Пеш аз ин бояд дар назар гирем, ки тарбия ва нахуст пояи он аз оила сарчашма мегирад ва бояд дуруст ва ҳадафмандона ба роҳ монда шавад.
Таҷрибаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нишон медиҳад, ки шабакаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ роҳҳо ва усулҳои ба тарафи худ ҷалб кардани тамоми қишрҳои ҷомеаро меҷӯянд. Дар ҷаҳони зудтайғирёбанда хатарҳое мавҷуданд, ки ба афкори омма хосса ҷавонон таҳдид мекунанд. Яке аз василаҳо дар шароити кунунӣ фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ мебошанд, ки ба ташаккули афкори ҷавонон таъсиргузоранд. Айни ҳол ҷавонон барои пайдо кардани дӯстони нав ва шиносоӣ бо ашхоси гуногун аз мессенҷерҳо истифода мекунанд. Аммо кам ҳастанд нафароне, ки зарари онро дар робита ба саломатиашон фикр мекунанд. Сипарӣ кардани соатҳои тулонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба руҳияи ҷавонон таъсири манфӣ расонад. Интернет, ки дар он ҳар нафар метавонад маводи дилхоҳро ба намоиш гузорад, ба синну сол аксар вақт нигоҳ намеандозанд.
Дар робита ба ин хатарҳо тавсияҳои зерин ба манфиати кор арзёбӣ мегардад:
- Тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дар тамоми зинаҳои таҳсилот. Ҳамчунин, дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои гуногун паҳн кардани маводҳои арзишманд дар робита ба ин.
- Волидон бояд ба наврасону ҷавонон қабл аз таъмин кардан бо воситаҳои алоқа доир ба дуруст истифода бурдани онҳоро бифаҳмонанд.
- Ба роҳ мондани назорати доимӣ аз болои фарзанд дар робита ба истифодаи интернет. Ба мушоҳида мерасад, ки ҳангоми ворид шудан ба сомонаҳое, ки барои синну соли фарзанд мувофиқ нестанд, ҳолати вайрон гаштани руҳияи фарзанд ба чашм мерасад.
- Дар воситаҳои мобилӣ насби барномаҳои муфид барои донишандӯзии фарзанд ба манфиати кор хоҳад буд.
- Ба наврасон фаҳмонидани арзиши вақт ва роҳҳои самараноки истифодаи он. Дар оила ва дигар ниҳоде, ки дар тарбия саҳм доранд, пайваста фаҳмонидани мафҳуми вақт ва додани супоришҳои мушаххас барои иҷро.
- Истифодаи интернет бо мақсади навгонӣ ворид кардан ба илму техника ва ба ин васила ба дастоварди назаррас ноил гаштан.
- Манъ кардани бозиҳои интернетие, ки хосияти зӯроварӣ ва дигар рафторҳои носолим дар онҳо ҷой доранд.
- Ба роҳ мондани бозиҳое, ки дар онҳо аз фарҳанги миллӣ истифода шудаанд.
Дар чунин раванд барои давлати миллӣ, махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун давлати миллӣ, соҳибтамаддун ва воҳид рушд намуда истодааст, масъалаи ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ҳадафи усулӣ ба ҳисоб меравад. Ошноӣ бо васоити муосири техникӣ, технологияи инноватсионӣ ва машғулият дар фазои маҷозӣ тафаккури ҷавони имрӯзаро боз кардааст. Бо мақсади дарёфти имконоти бештари кору фаъолият ва таҳсилу тадрис ҷавонон масири муҳоҷиратро интихоб мекунанд. Мо, ҷавонон, ҷанбаҳои мусбати интернетро пайгирӣ карданамон лозим аст. Тавассути он доир ба тиҷорат, саёҳат, илму фарҳанг, сиёсат ва аз дигар фаъолиятҳои неки инсонӣ маълумот гирифтан мумкин аст.
Дар ҳамдастӣ тамоми ниҳодҳо метавонанд дар тарбияи дуруст саҳм гузоранд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун омили рушдиҳандаи донишҳо ва ҷаҳонбинии худ табдил диҳанд. Дар онҳо анъанаҳои неки ниёгон, фарҳанги бостонии миллати куҳанбунёдро тарғиб созанд ва дастовардҳои истиқлол ва манфиатҳои миллӣ, ҳам дар муҳити беруна ва ҳам дар муҳити дохилиро ҳифз ва ҳимоя намоянд.
Азимов Бахтиёр Баҳромович,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилӣ