Сиёсати давлатии ҷавонон-низоми ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷомеа татбиқ мегардад.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз ва таъмин карда мешавад.
Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон инҳоянд: тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо, ташаккули мафкураи миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва навъҳои дигари ҷинояткорӣ; ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ; таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо; таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон; таъмини ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон; фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо; таъминоти иҷтимоии ҷавонон, таъмини онҳо ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб; таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ; омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани мутахассисони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда.
Ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” 13 марти соли 1992 оғоз гардид. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни ҷавононро қабул кардааст. Ин собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.
Қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҷавонон “Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастгирии соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” мавриди амал қарор доранд, ки ин санадҳо мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро мушаххас кардаанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ зиёд гардид. Қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқоту вохӯриҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон; таъсиси коллеҷ, донишкада, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии типи нав, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки субъекти дар амал тадбиқгардонандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз таҳлили ҳисоботу гузоришҳои сомонаи Кумитаи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷавонони тамоми қишрҳо аз дастгириву ташаббусҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдоранд. Махсусан, дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд аз ҷониби роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва шахсони саховатманд ба як одати муқаррарӣ табдил ёфтааст.
Дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар баробари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сохторҳои марбута, вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятӣ низ пайваста талош меварзанд. Дар кӯтоҳтарин фурсат афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ва боло рафтани музди маоши омӯзгорон, дастгириҳои давлатӣ аз ин қишри муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (соли 2006), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (соли 2020), пешниҳоди имтиёзҳо, додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгорони ҷавон ва амсоли ин дар баробари болоравии сатҳу сифати таълим низомҳои пешқадами мактабу маориф ҷорӣ гардиданд.
“Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ иштирок ва нақши фаъоли ҷавонон баръало эҳсос мегардад. Фаъолияти пурсамари ҷавонон дар соҳаи идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ аз эътимоди комили роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани яке аз фарзонафарзандони миллат Рустами Эмомалӣ – ҷавони бонангу номус, ки бо ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд гузошта истодааст, хеле бамаврид мебошад. Дар даврони фаъолияти кориаш Рустами Эмомалӣ дар пешрафти кишвар саҳми басо назаррас гузоштааст. Аз рӯзе, ки Рустами Эмомалӣ вазифаи Раиси шаҳри Душанберо ба уҳда дорад, симои пойтахти кишварамон рӯз то рӯз зебову дилоро гашта истодааст.
Дар баробари пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр обрӯ ва нуфузи шаҳр дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб боло рафта, ба ҷаҳониён ба таври густурда муаррифӣ карда шудааст. Тибқи баҳогузории нашрияи англисии “The Independent” шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шуда, аз ҷониби Агентии таҳлилии “ТурСтат” ба феҳрести даҳгонаи ҷолибтарин шаҳрҳои сайёҳии кишварҳои узви ИДМ ворид гардид, ки ин ҳама пешрафтҳо таҳти роҳбарии ин ҷавони ватандӯст ба даст омадааст. Талошу кӯшишҳои ин роҳбари ҷавон аст, ки ҳамакнун пойтахти Тоҷикистони азиз макони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ (Дзюдо. Гран-при Душанбе-2023) ва сокинонаш парчамбардорони миллат гардидаанд.
Имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон аз пирӯзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонони ҷавони кишвар, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ сазовори медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳо гардиданд, ифтихор доранд. Аз ҷумла, корномаҳои Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳруз Хоҷазода ва даҳҳо нафар ҷавонони соҳибэҳтироми ҷомеа шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои наслҳои оянда аст.
Тибқи оморҳои расмӣ дар муддати солҳои Истиқлоли давлатӣ 4200 нафар наврасу ҷавон аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳравар гардида, саҳми муносиби худро дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа гузошта истодаанд.
Ҳамчунин, шумораи гирандагони квотаҳои Президентӣ аз 200 ба 1600 ва шумораи гирандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ аз 6 ба 12 нафар расонида шуд. Дар ин радиф ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши насли наврасу ҷавони кишвар барои ҷавонони болаёқат стипендияҳои байналмилалии «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Беш аз 13 ҳазор нафар ҷавон дар доираи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти кишвар «Дурахшандагон» таҳсил намуда, беш аз 30 нафар дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз соли 2005 то ба ҳол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон барои ҷавонони болаёқат, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд, «Квотаи Президентӣ» амал менамояд. Имрӯз дар муассисаҳои олии касбии кишвар зиёда аз 5 ҳазор писару духтар тибқи квота таҳсил намуда истодаанд.
Дар баробари ин ҷавонони бо нангу номуси кишвар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд. Инчунин онҳо дар бахшҳои гуногун таҳсили илм карда истодаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодоти ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, баҳри татбиқи босамари он имкониятҳоро фароҳам месозад. Ҳамасола, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки дар доираи он моҳвораи ҷавонон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Муҳаққиқони ҷавон аз мавқею мақом ва рисолати ҷавонони дар ҳаёти давлату ҷомеа ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузорӣ пайваста ба созандагию бунёдкорӣ, қадршиносиву ғамхориҳои падаронаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро хеле руҳбаланд гардонида, водор месозад, ки ҳамеша дар пайи дастовардҳои нав ба нав бошанд, илҳоми тоза гирифта, дар таҳқиқу ҷустуҷӯ ва кашфи натиҷаҳои нави илмӣ пайваста кӯшиш намоянд.
Муҳаққиқони ҷавон барои ободии Ватан, рушду нумӯи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат менамоянд. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касби ҷавонони номзадҳои илм, аспирантон, магистрантон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳамасола конфронси илмӣ – назариявии олимони ҷавони вилоятҳо дар сатҳи баланд доир гардида, беҳтарин мақолаҳои олимони ҷавон гирд оварда шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нашр расонида мешавад, ки ин дастгирии олимони ҷавон, пайваста барои ҷустуҷӯҳои нав ба нави илмӣ водор месозад.
Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ имрӯзҳо ҷавонони зиёде фаъолияти пурсамар доранд ва дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат саҳми назарраси хешро мегузоранд.
Дар ин баробар ҳамасола таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва имсол ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” баргузор карда мешавад. Ин озмунҳо ба ҷавонон имконият медиҳанд, ки дониш, малака ва истеъдоди худро нишон дода, соҳиби мукофотҳои пулию молӣ гарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят сохтан вазифаи муқаддаси ҳамаи узви ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистон ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд” ва дар ҷойи дигар таъкид месозанд, ки “… ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафакури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастани наслҳо ва руҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллои миллати худро эҳё намоянд”.
Эътимоду боварии Сарвари давлат, талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, нигоҳдории дастовардҳои истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд.
Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо, мо, ҷавонон, баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза мебарем. Ҳамеша баҳри ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои миллӣ ва пешрафту шукуфоии он ҳиссагузор мегардем.
Шаҳноза Нусратова,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон