Пайдоиши интернет ба зиндагии инсоният тайғироти ҷиддӣ ворид кард. Имрӯз интернет як қисми таркибии ҳаёти рузмараи сокинони сайёра ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи оморе, ки дар оғози соли 2023 нашр гардид, аз 8,04 миллиард аҳолии ҷаҳон, 5,44 миллиард нафар аз интернет истифода мекунанд, ки 64,4%-и аҳолии дунёро ташкил медиҳад. Мувофиқи оморҳо дар аввали соли 2023 истифодабарандаи сомонаҳои иҷтимоӣ ба 4,76 миллиард расид, ки 60%-и аҳолии сайёра ташкил медиҳад. Дар ин миён истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ Facebook 2,9 млрд, Youtube ва WhatsApp 2,5 млрд, Instagram 1,4 млрд ва WeChat 1,3 млрд нафарро ташкил медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи омори соли 2022 шумораи истифодабарандагони интернет ба 4,2 миллион нафар расидааст, ки ин 42% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Агар интернетро бо фарҳанги дуруст истифода баранд, аз ҳама ҷиҳат вақтро сарфа кардан мумкин аст. Бояд қайд кард, ки интернет паҳлуҳои мусбат ва манфии худро дорад. Масалан дар интернет маводҳои гуногун мавҷуд аст, ки на ҳама вақт воқеӣ будан ё на будани онро дарк менамоянд.
Ҳангоми эҳтиёҷи иҷроиши коре ба интернет муроҷиат карда, ҷавоби дархостро дар ҳар шакл дастрас мекунем. Аммо бояд дархости мо мақсаднок ва ҳадафмандона бошад, то ин ки вақти хешро беҳуда сарф накунем.
Интернет имкон фароҳам сохт, ки дастрасӣ ба маводҳои омӯзишӣ осон гардида, ҳангоми истифодаи дуруст манфиати назаррасро ба бор орад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ имкони дигари мост. Интернет барои ашхоси синну соли гуногун фазои бемаҳдуд барои омӯзиш фароҳам овардааст.
Тавре маълум аст, дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз меъёр зиёд истифода мекунанд. Ин раванд ба саломатӣ, дур шудан аз ҷомеа ва ба афкори солими онҳо бетаъсир нахоҳад монд.
Барои нафароне, ки вобастагии зиёд ба телефон ва дигар воситаҳои алоқа доранд, дар илм ибораи Фаббингро истифода мекунанд. Нафарони вобаста ҳангоми хурокхурӣ, роҳ рафтан яъне ҳангоми иҷрои ҳама кор телефонро истифода мекунанд. Дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ин ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст.
Интернет дар баробари он, ки дорои паҳлуҳои мусбат аст, ҳамчунин паҳлуҳои манфиро низ доро аст. Солҳои охир таввасути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳои ҷинояткори манфиатхоҳ андешаҳои ғаразноки худро пиёда менамоянд. Паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористию экстремистӣ, ғаразҳои шахсӣ, таҳдидҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Барои паст ва рафъ кардани хатарҳои интернет дар мамлакатҳои гуногун тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Дар мамлакати мо низ ин хатарҳои интернет ба назар мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои муҳимро дар ин самт равона кардааст. Баргузории семинарҳои судманд, корҳои фаҳмондадиҳӣ аз қабили ин тадбирҳо ба шумор меравад. Дар ин раванд барои паст кардани шиддати хатарҳои ҷойдошта тавсияҳои зерин ба манфиати кор арзёбӣ мегардад:
- Баланд намудани тафаккури техникии инсон ва фарҳанги истифодабарии интернет барои паст кардани хавфу хатарҳои интернет.
- Дар оила, бояд ҷиҳатҳои хубу бади истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро фаҳмонд. Ҳангоми истифодаи кудакон аз интернет бояд назорати қатъиро аз болои фарзанд ба роҳ монд. Таъмин кардани бехатарии фарзандро ҳангоми истифода бояд волидон ба яке аз масъулиятҳои хеш табдил диҳанд. Аз беназоратии волидон аксар вақт ҳодисаҳои нохуш сари фарзанд меояд, ки ин аз назорат дур мондан ва ба мағзшӯӣ гирифтор шудани фарзанд дар сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад.
- Дар мактаб аз тарафи омӯзгорон таҳлили дурусти истифодаи интернет бояд фаҳмонида шавад. Ба роҳ мондани муносибати оқилона нисбат ба вақт низ аз ҳамин қабил ба ҳисоб меравад. Танҳо дар он вақт ба дастовардҳо мо ноил мегардем, ки вақтро ба кори беҳуда сарф накунем. Семинарҳои машваратӣ гузаронидан бо ҷавонон ва фаҳмонидани тарзи дурусти истифодаи интернет ба манфиати кор аст.
- Насли наврас мебояд технологияҳои иттилоотиро барои илмоомӯзӣ, таҳқиқот барои навоварӣ истифода намоянд, зеро танҳо бо назардошти ин талабот кадрҳо ба бозори меҳнат мутобиқ мешаванд.
Ҳамин тариқ, шаҳрвандон бояд дарк намоянду ин ҷанбаҳои мусбат ва манфиро омӯхта, маҳдудиятро барои истифода аниқ намоянд. Баъзе мутахассисон масъалаи маҳдудият гузоштанро дар истифодаи интернет роҳи ҳал мешуморанд, лекин пеш аз гузоштани маҳдудият бояд фарҳанги истифодабарӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Фарҳанги дурусти истифодаи интернет пеш аз ҳама аз доштани донишҳои соҳавӣ сарчашма мегирад. Ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа мебошанд. Имрӯз ҷавонони мо бояд дарки баланди сиёсӣ дошта бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо донишҳои мукаммал мусаллаҳ бошанд.
Ҳамин тавр, ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки интернет ҳам ҷанбаи мусбӣ ва ҳам манфиро доро аст. Чӣ гуна аз манфиатҳои доштаи интернет истифода кардан аз истифодабаранда вобастагӣ дорад. Ҳар шахс бояд хулоса карда тавонад, ки чи тавр интернетро самаранок истифода карда, вақти хешро беҳуда нагузаронад. Мубориза бар зидди андешаҳои манфии дар интернет пахшшаванда кори дастаҷамъӣ буда, аз ҳар фарди бедордил муборизаро талаб мекунад.
Таварова Моҳира Шарифхоновна,
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон