Рӯзи 7 июли соли 2023 маҷлиси Шурои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2023 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ барои нимсолаи дуюми соли 2023 ба таври мухтасар гузориш дод.
Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати шаш моҳи соли 2023 тибқи талаботи низомномавии худ фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва кулли кормандони сохторҳои таркибии худ дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра мақсаднок ба роҳ монда, ба натиҷаҳои мусбат ноил гашта тавонист. Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии аз аввали соли 2023 таҳиягашта вобаста ба мавзуъҳои “Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он” ва “Роҳҳои баландбардории амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон” пажӯҳишҳо роҳандозӣ гардида, дар заминаи онҳо таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ доир гардид.
Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз коршиносони Марказ зимни пажуҳишҳояшон ва таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи асосиро ба таъсири ин равандҳо ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон равона намуданд. Дидгоҳу баҳодиҳиҳои муносибу саривақтии кормандон ба ин равандҳо заминаро барои пешниҳоди тавсияю таҳлилҳои саривақтияшон доир ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат, минтақа ва ҷаҳон замина гузошта, натиҷаҳои ба даст овардашударо ҳамчун навгонии илмию таҳлилӣ арзёбӣ намудан мумкин аст. Дар таҷрибаи Марказ бори аввал аз оғози соли 2023 гузориш оид ба “Таҳдиду хавфҳои эҳтимолӣ ба Тоҷикистон дар соли 2023” бо пешниҳоди андешидани чорабиниҳо таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Барои мукаммалсозии паҳлуҳои фаъолияти гуногунҷанбаи кормандони Марказ аз ҷониби Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ мунтазам ба масъалаи сифати иҷрои корҳои илмӣ, омодасозии рисолаҳои илмӣ бештар ҷалб намудани кормандон таваҷҷуҳи зарурӣ равон гардида, дар фаъолияти онҳо натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода мешавад.
Дар доираи анҷоми корҳои зикргардида аз ҷониби кормандони Марказ то охири моҳи июни соли 2023 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 161 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1691 саҳифа пешниҳод карданд. Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар фаъолияти 6 гурӯҳи кории ҳукуматӣ, байниидоравӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштироки фаъол доранд. Онҳо мунтазам пешниҳодҳои худро вобаста ба дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи ҳадафҳои дар ин барномаю стратегияҳо гузошташуда манзури масъулон мегардониданд.
Тибқи нақшаҳои кории бо сарпараст мувофиқашуда Марказ дар давраи ҳисоботӣ бештар аз 19 чорабинии илмию амалиро баргузор намуд. Гузоришҳо аз ин чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, масъалаҳои зимни онҳо баррасишаванда саривақт дар матбуоти давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ нашр гардиданд. Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 105 маъруза карда, беш аз 215 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд. Барои тавсеаи ҳамкориҳои берунӣ дар ин муддат дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ Марказ бо намояндагони кишварҳою ташкилотҳои байналмилалӣ 13 суҳбату вохуриро доир намудааст.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми моҳи марти соли 2023 Ҳамоиши марказҳои стратегии кишварҳои Осиёи Марказиро бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд. Дар кори ҳамоиш роҳбарони аввали марказҳои зеҳнии ҳамаи мамалкатҳои минтақа ва инчунин бештар аз 80 коршиносон ширкат варзиданд. Рӯзҳои 22-23-юми соли 2023 тибқи навбат Марказ Форуми ХУ111 СҲШ-ро бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард, ки дар кори он намояндагони 14 давлати аъзо, мушоҳид ва шарики гуфтугӯ ҳузур доштанд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маводи ташвиқотию фаҳмондадиҳиро таҳия ва ройгон ба идораю муассисаҳо ва минтақаҳо ирсол намуд.
Сомонаи интернетии Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ нашр гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 435 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардидаанд, ки дар бахши тоҷикӣ – 243 адад, русӣ – 126 адад ва англисӣ – 66 ададро ташкил медиҳанд. Дар муддати шаш моҳи ҳисоботӣ ба сомонаи Марказ беш аз 2 000 000 нафар хонанда ворид шуда, маводҳои онро мутолиа намуданд.
Роҳбарияти Марказ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва намояндаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мебошад. Боиси ифтихори кормандони Марказ буд, ки имсол дар арафаи баргузории ҷашни Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр ташриф оварда, ба фаъолияти чандин коргоҳу иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов. сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаев, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинӣ Маъруф Абдуҷабборов, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Сайҳомид Шарифзода, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён ба музокира баромада. пиромуни бурду бохти фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2023 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ барои нимаи дуюми соли 2023 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи Марказ камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро низ гуфта гузаштанд. Онҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ ва ҳамкориҳои судманди ин ниҳоди муҳимми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд ва дар умум, фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегиро қаноатбахш ҳисобиданд.
Баъдан намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода суханронӣ намуда, дар бораи бурду бохти фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар шаш моҳи соли 2023 ибрози андеша намуд ва фаъолияти Маркази номбурдаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобид.
Дар фарҷом маҷлиси Шурои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилӣ дар нимсолаи аввали соли 2023-ро директори Марказ Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба аҳли кормандони ин ниҳоди муҳимми давлатӣ барори кор ва комёбиҳо орзу намуд.
Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон