ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳар зинаи инкишофи ҷомеа намунаи муайяни ваҳдатгароие хос аст, ки тавонад фазои иҷтимоии созгореро баҳри ҳамкории гурўҳу умумиятҳои гуногун пешниҳод намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз давраи комилан нави инкишофро пушти сар мекунад ва зарурати таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун қутбнамои самти ислоҳот дар соҳаҳои гуногун татбиқшаванда маҳсуб мешавад. Бинобар ин, пас аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ амалияи ҷамъиятии Тоҷикистон аз корбурди мафхумҳои нав комилан бою рангин гардид, ки дар қатори онҳо калимаҳои «ваҳдат»-у «ҳамгироӣ» аз истифодаи васеъ бархурдоранд. Чунин нигошта шудааст дар маводи доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин УСМОНЗОДА ва доктори илми фалсафа, дотсент Саидмурод ФАТТОҲЗОДА, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол гардид.

Дар идома муаллифон чунин ибрози назар намудаанд:

— Ба кор гирифтани ин мафҳумҳо ва тибқи муҳтавои онҳо ба роҳ мондани амалияи ҷамъиятӣ ба Тоҷикистон имкон дод дар муддати нисбатан кутоҳ на танҳо худро аз вартаи фалокатбори низоъи дохилӣ вораҳонад, балки ба як қатор мувафаккиятҳо низ дар инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии  халқ ноил гардад. Аз ин рӯ,  Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлатӣ сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ғайрирасмии ҷомеа бошад ва барои дар зеҳни мардум ҷой додани муҳтавои он иқдомҳои ҷиддию ҳамешагӣ сурат гирад.

Ин ҳидояти Роҳбари давлат ба хотири таъмини сулҳу суботи иҷтимоӣ дар миёни кулли қишрҳои ҷомеа якдилона дастгирӣ ёфт ва тавонист ба омили муттаҳидшавӣ атрофи мақсади умумии рушди давлатамон табдил ёбад. Аслан таҳлили ҳаёти сиёсии бисёр ҷомеаҳо нишон медиҳад, ки пайдо кардани чунин рамзу шиори дорои нерӯю имкони тамоми  афроди ҷомеаро атрофи мақсади умумӣ муттаҳидкунанда кори басо сангин ва баъзан имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт хеле нодир ва воқеан шоистаи омӯзишу истифода аст.

Агар ба истиқрори ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистон аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанаш назар андозем, мебинем, ки онро ду раванди ба ҳам алоқаманд дунбол мекардаанд. Яке раванди асосноккунии назарияи ҳалли мусолиҳатомези низоъи сиёсӣ, дигаре ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии тарҳҳои дар ин самт пешниҳодшаванда.

Ҷанбаи дуюми раванди мазкур, яъне ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии истиқрори сулҳ дар илми ҷомеашиносии мо муфассал омӯхта шудааст, вале вижагиҳои ҷанбаи аввали ин раванд то ҳол на танҳо мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст, балки барои бисёриҳо ҳадафу муҳтавои он равшан нест. Манзури мо муҳтавои назари зиёиёни мамлакат дар матбуоти даврӣ аст, ки тӯли солҳо ҳамрадиф бо амалияи истиқрори сулҳ пайваста кӯшиши пешниҳоди роҳҳои аз байн бурдани ихтилофи назари аъзои ҷомеаро матраҳ менамуданд. Ин назарҳо бо такя ба дастовардҳои илми ҷомеашиносӣ роҳҳои ҳалли проблемаро пеш мегузоштанд, баҳсҳо доир менамуданд ва ҷомеаро бо ин масъала шинос менамуданд. Маводи дастрас аз нашрияҳо шоҳиданд, ки ҷомеаи имрӯз барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда роҳи мусолиматомезро афзалтар мешуморад.

Тавре ёдовар шудем, ҳар ҷомеа ниёз ба ягон шакли  ваҳдатро дорад, то ба василаи он одамонро одат диҳад, ки эшон умумиятҳои наздик ба якдигарро доранд ва ривоҷу нигоҳдошти ин чиз дархӯри талаботи инкишофи онҳо аст. Ҳарчанд сифату вижагиҳои иҷтимоии ин вахдату ҳамбастагӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳар ҷомеа яксон буда наметавонад. Вале дар маҷмуъ ин чиз замонати эҷоди фазои дарку тасаввури баҳамдигар наздики аъзоёни ҷомеаро дар мавриди доштани умумиятҳои муштаракашон ба дӯш дорад.

Аз лиҳози дар кадом сатҳ (оила, гурӯҳ, давлат) вуқӯъ доштани ваҳдату ҳамбастагии иҷтимоиро ҷомеашиноси фаронсавӣ Эмил Дюркгейм (1857-1917) ба ду навъ ҷудо кардааст: ваҳдати механикӣ ва ваҳдати органикӣ.

Ваҳдати механикӣ дар роҳи эҷоди тасаввури дастҷамъии одамон оид ба умумиятҳои наздикашон аз онҳо як навъ сарсупурдагии саросариро тақозо менамояд, ки одатан барои ҷомеаҳои ибтидоии муосир хос аст. Таҷассуми боризи ин гуна ваҳдату ҳамбастагиро дар муносиботи роиҷ дар оила, умумиятҳои қавмӣ, маҳаллӣ, минтақавӣ ва ғайра дар кулли ҷомеаҳои имрӯз низ дучор омадан мумкин аст.

Ваҳдати органикӣ хоси чомеаҳои муосир буда, танҳо ба таъкиди умумияти байни аъзоёни ҷомеа маҳдуд нашуда, пайваста кӯшиши мекунад робитаҳои тақвиятдиҳандаи чунин умумиятҳоро барқарор нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, ҷомеаи асосёфта ба ваҳдати механикӣ одатан агар саргарми ҷалби маҳбубияту  эътимоди зоҳирии мардум бошад, пас ҷомеаи барқарор бар пояи ваҳдати органикӣ пайваста эҳтиёҷ барои эҷоди заминаи қонунии инкишофи ин раванд ва зарурати ҷустуҷӯи пайвастаи роҳҳои манфиатбахши ба кор гирифтани захираи ақлонии аъзои худ дар ин самт мебошад.

Аслан таъмини ваҳдати устувори ҷомеае, ки иборат аз табақаҳои гуногун, умумиятҳои мухталифи этникию минтақавӣ аст, бар асоси ҳамбастагии механикӣ душвор ва номумкин аст. Ин қазоват нисбат ба ҷомеаи имрӯзи тоҷик низ дуруст аст, бинобар ин бо дарки ин масъала мо имрӯз шоҳиди анҷоми як идда кӯшишҳои ҳокимияти сиёсӣ ва зиёиёнамон дар ҷодаи барқарории ваҳдати органикӣ дар ҷомеаамон ҳастем. Табиист, ки душвориҳои дар ин роҳ пешоянда аз нигоҳи ҷомеашиносӣ вижагиҳои бунёдӣ доранд ва посух ба онҳо низ  бояд хеле борикбинонаю дархӯри талаботи рушди устувори ҷомеа бошад.

Ваҳдат ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ як ҷузъи муҳим ва ногусастании фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷикро ташкил медиҳад. Раванди дар ҷисми фарҳангию ҳаёти иҷтимоии мардуми ин сарзамин ҷой гирифтани ин падидаи нодир, пайроҳаи пурпечутобро тай карда, баҳри шаклгирии фарҳанги умумӣ ва ташаккули худи тоҷикон ба сифати халқияти ягона дар заминаи умумияти бохтариёну суғдиён саҳми арзанда гузоштааст. Маҳз дар партави чунин ваҳдати иҷтимоию фарҳангӣ, минбаъд халқи тоҷик тавонист ба эъмори давлатҳои ҷудогонаи худ иқдом намуда, дар пешрафти фарҳанги умумибашарӣ саҳмгузор гардад. Чунин арзишҳои ваҳдатсоз дар ҷисми фарҳангии мардуми тоҷик дар заминаи диди фалсафии ӯ ба олам, робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи он, аз ҷумла инсонҳои алоҳида, ки дар мисраи безаволи Саъдӣ «Банни одам аъзои як пайкаранд»  хулоса мешавад, таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, табиист, ки имрӯз дар даврони истиқлоли сиёсии давлат хотираи таърихии миллат ба ин падидаи нодири фарҳангию иҷтимоӣ, яъне ваҳдат арҷу эҳтиром мегузорад ва онро дар масири инкишофи минбаъдаи худ низ нигоҳ хоҳад дошт. Агар фарози ин қисмати иҷтимоӣ ба таърихи тоҷикон назар андозем, мебинем, ки кору пайкор ва амалҳои хастагинопазир дар ин роҳӯро аз чашидани шаҳди ин  неъмати бебаҳо бенасиб нагардонида будааст.

Дар ҳар зинаи ташаккули хеш тоҷикон сарҳади тамоюли ваҳдатгароии худро вусъат бахшида, ба эъмори пойдевори умумиятҳои мураккабтару пешрафтатар шарафёб мегаштанд. Яъне тавассути чунин тамоюли ваҳдатгаройӣ тоҷикон сареътар аз дигар мардумон доираи ҳамгаройии худро аз марзи ҳуввияти авлодию қавмӣ фаротар бурда, дар шакли халқияту миллати таърихӣ ташаккул ёфтаанд. Мояи илҳомбахши ин амалҳо  пеш аз ҳама майлу рағбат ва дилбастагии аҷдоди мо ба иқдомоти созандагию  бунёдкорӣ  ва эҷоди фазои ҳусни тафоҳуму таҳаммулпазирӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба шумор  мерафт. Маҳз дар партави чунин андеша рустою шаҳрҳои мутараққӣ қомат меафрохтанд ва рифоҳи зиндагии мардум беҳтару рангинтар мегашт. Минбаъд дар заминаи ҳарчи бештар вусъат бахшидани доираи тамоюли ваҳдатгаройии хеш мардуми мо тавонист муттаҳидшавиро дар шакли умумиятҳои бузургтар аз оилаю авлод, яъне халқияту миллати мустақил таъмин намояд. Ин падидаро метавон воқеан ҷаҳиши беназири иҷтимоӣ дар таьрихи ташаккули милати тоҷик арзёбӣ намуд, ки омӯзишу дарки назариявии он метавонад мӯҳтавои донишҳои моро дар бораи ҳодисаҳои ҳаёти ҷомеа амиқтар ва аксуламали моро нисбат ба онҳо муносибу санҷидатар гардонад. Зеро падидаи фавқуззикр баёнгари он аст, ки фосилаи замонии зуҳури тағйироти иҷтимоӣ, аз ҷумла аз як шакл ба шакли дигари иттиҳоди таърихӣ гузаштани одамон, муддати умри наслҳои зиёдро дарбар гирифта, ибтикору ҷоннисориҳои бепоёнро талаб мекунад. Танҳо дар натиҷаи чунин омӯзишу пажӯҳиш ва дарки мӯҳтавои инкишофи миллат меҳру муҳаббат ва садоқати мо ба таъриху фарҳанги бостониамон боло меравад ва дар марҳилаи созандагии кунунӣ моро ба идомаи анъанаҳои ватанпарастонаи насли пешин ва иҷрои амалҳои созанда барои шукуфойии ватани азизамон ҳидоят менамояд.

Бо такя ба матлаби мазкур  метавон гуфт, ки масоили марбут ба ваҳдат на танҳо дорои паҳлуҳои гуногуни ақидатӣ, назариявӣ, таърихии хос ба вижагиҳои дарки вуҷуди олам, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи он, балки дорои ҷанбаҳои алоқаманд ба таъмини суботу тартиботи ҷамъиятӣ, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ низ мебошад. Ин ду ҷанбаи зуҳури ваҳдат дар алоқамандии бевосита қарор доранд. Зеро бидуни ташаккули манзараи илмии оламе, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, имконияти ба даст овардани заминаи ташаккули манзараи диди олами иҷтимоии ӯ, нокомил хоҳад монд. Бинобар ин, агар ба таърихи инсоният назар андозем, мебинем ки мӯҳтавои ин ду манзараи диди олам, дар ташаккули якдигар мақоми назаррас доранд. Агар мӯҳтавои манзараи диди аъзои ҷомеа аз олам, анбоштаи тасаввуроти устуравӣ, динӣ ё назарёти нокомили илмӣ бошад, пас диди ӯ аз падидаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла заминаи ваҳдат ва унсурҳои ташкилдиҳандаи он ҳамингуна хусусият мегирад.

Агар ба ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар масири таърих назар андозем, мебинем, ки мӯҳтавои он бо дигаргун шудани доираи ҷаҳонбинӣ ва сифати низоми иҷтимоӣ ҳамеша дар таҳаввул будааст. Аз ин лиҳоз ташаккул ва истиқрори ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро ду раванди ба ҳам алоқаманд пайваста пайгирӣ менамуданд, ки имтиҳоне барои нишон додани нерӯи созандагии мафкураи ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи навини мо буд. Яке раванди дарёфти роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилоти сиёсии мавҷуд ва зарурати таъмини тартиботи иҷтимоӣ, дигаре ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи ҳамгиройии босуботи тамоми қишрҳо ва минтақаҳои мамлакат буданд. Таҷрибаи дар ин роҳ андӯхтаи ҷомеаи мо собит намуд, ки инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини суботи сиёсиро дар сурати ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми қишрҳои аҳолӣ ва бо манфиати умумимиллӣ созгор намудани онҳо, метавонем ноил гардид. Ҳарчанд ҷараёни таъмини ин ҳадафҳо дар давраи муайяни инкишофи ҷомеаи мо равшан аст, вале зарурати таҳкими бештари ин падидаи нодир дар таъмини инкишофи минбаъдаи ҷомеаамон дар ҷои аввал қарор дорад.

Роҳандозии сайъу талоши ваҳдатгаройии ҷомеаи мо дар даврони кунунии инкишофаш на камтар аз солҳои пештар аст, балки дар мавриди кунунӣ ба маротиб  меафзояд. Зеро шиддати муқовимату  рақобати кишварҳо барои дастёбӣ ба захираҳои энергетикию ашёи хоми кишварҳои рӯ ба инкишоф бештар ба чашм мерасад. Барои ба ин ҳадаф расидан баъзе аз кишварҳои абарқудрат зери ниқоби ҳифзи манфиятҳои миллии худ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар на танҳо аз фишору таҳримҳо, балки дар аксар маворид аз нерӯи низомӣ низ истифода мекунанд.

Дар муқобили чунин таҳдидҳо ҷомеае метавонад аз худ дифоъ кунад, ки агар дар канори соири омилҳо ба зарурати тақвияти арзишҳои ботинан ваҳдатгаро таваҷҷуҳи пайваставу хоса зоҳир  намояд. Заъфи чунин неру муҷиби фурӯпошии босуръати низомҳои иҷтимоӣ мегардад, ки солҳои охир зуҳури чунин падида дар аксари мамолики ҷаҳон, бахусус дунёи араб мушоҳида мешавад. Дарки эҳтимоли минбаъд низ афзоиш ёфтани чунин падидаи хатарзо дар ҳаёти кишварҳои муосир моро водор  месозад, ки неруи ақлониву захираҳои модди ҷомеаро барои таъмини рушди босуботи ватани маҳбубамон равона созем.

Пеш аз ҳама зуҳури аксари ин бархурдҳо аз кӯшиши кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд барои даст ёфтан ба манобеи энергетики кишварҳои дигар сурат мегирад. Нодида гирифтани ин масъала метавонад, ки на танҳо ба боло рафтани муқовимат ва норозигии дохилӣ мусоидат кунад, балки ҳамчун фишанги таъсиррасонию қудратталабии кишварҳои дигар нисбат ба мамлакати мо гардад. Барои давлати мо таваҷӯҳи пайваста ба ин вазъ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки Тоҷикистон дар минтақаи асосии геополитикӣ қарор дорад. Аз ин нигоҳ моро зарур аст сиёсати хориҷиамонро бо кишварҳои ҳамҷавор, ки манфиятҳои иқтисодию амниятии муштарак доранд, фаъолтар кунем. Дар ин маврид зарур аст баробари вусъат бахшидан ба долони нақлиёти қисмати ҷануб, инчунин беҳтар  намудани шоҳроҳи ҳамлу нақли самти шимоли давлатро пайваста дар маддӣ назар дошта бошем. Яке аз омилҳое, ки метавонад иртиботи сиёсии кишварҳоро наздик созад, тавофуқи тарафайн дар масъалаи пешгирии вусъати ҷараёнҳои ифротгароии диниест, ки илҳом аз паёмадҳои «баҳори арабӣ»  гирифтан доранд.

Агар аз ин дидгоҳ ба ҳадафу мӯҳтавои сиёсати иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон назар андозем, мебинем, ки он усулан ба таҳкиму устувории ваҳдати миллӣ нигаронида шудааст. Шоҳиди ин ҳамон барномаи тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва бунёди неругоҳҳои обӣ барои таъмини истиқлоли энергетикии он аст. Татбиқи амалии ин барнома мақсади устувор кардани ваҳдат дар тамоми манотиқи Тоҷикистонва пайванди риштаҳои гусастаи робитаҳо дар байни мардуми мамлакатро дорад. Амалишавии ин барнома аз лиҳози сиёсӣ имконият медиҳад, ки яке аз ҷузъҳои муҳими бақои миллат, таъмини умумияти ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии он, бомуваффақият ҷомаи амал пӯшад. Ин кор ҳисси худшиносӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бароварда, ваҳдати кулли сокинони Тоҷикистонро ҳамчун кафили рушди устувори давлат таъмин менамояд. Ваҳдати миллӣ барои афроди мамлакат худро ба сифати як ҷузъи миллат дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи худ ва тамоми ҷомеа донистан ва дар роҳи татбиқи манфиатҳои миллӣ саъй кардан аст.

Чунин як эҳсос бояд дар замири ҳар сокини мамлакат новобаста аз мансубияти минтақавию қавмияшон ҷойгир бошад ва барои ташаккули ифтихори миллӣ ва ватандории онҳо, мусоидат намояд. Намунаи барҷастаи ташаккулёбии чунин эҳсосу ҳуввияти  барҷастаи ватанпарастии мардуми ин сарзамин, дар ҷараёни дастгирии онҳо аз иқдоми сарвари сиёсии давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тақдирсоз, дар мавриди ҳалли таъмини истиқлоли энергетикии давлати азизамон зоҳир гашт.

Дар ин ҷараён ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки тамоми аҳолии мамлакат, новобаста ба мансубияти этникиашон якдилона аз иқдоми созандаи сарвари сиёсиашон самимона ва ватанпарастона пуштибонӣ намуданд. Барои дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди ташаккули ваҳдати миллии тоҷикон, ҳамчун умумияти этникие, ки дар эъмори Тоҷикистон саҳмгузоранд, мардуми мамлакат бояд дар заминаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ барои ташаккули ифтихори ватандории ҳамаи сокинони мамлакатмон, новобаста аз мансубияти этникияшон ҷидду ҷаҳд намоянд.

khovar.tj

Чоп кунед