Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахш барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯйи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои наздики таърихӣ дорад, ки солҳои охир боз ҳам мустаҳкамтар мешаванд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷонибҳо самтҳои гуногуни ҳамкориҳоро ташаккул додаанд, ки натиҷаи ин ҳамкориҳои судманд то сатҳи шарикии стратегӣ оварда расонд. Моҳи майи соли 2013 сарони давлатҳо “Изҳороти муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ”-ро ба имзо расониданд, ки ин намунаи олии ҳамкориҳо ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки дар миёни самтҳои асосии ҳамкорӣ, дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ, масъалаи амният омили муҳимми таҳкими ҳамкориҳо ба шумор меравад. Махсусан дар марҳалаи кунунӣ бо дарназардошти афзоиши чолишҳои глобалӣ, ки метавонанд ба амнияти ҳарду кишвар таҳдид намояд, масъалаи амният рӯз то рӯз аҳаммияти бештар пайдо менамояд. Таҳдидҳои террористӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, ғардиши ғайриқонунии қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҳамлаҳои киберӣ аз ҷумлаи масъалаҳое ҳастанд, ки талошҳои муборизаи муштараки амниятиро тақозо менамоянд. Бо дарназардошти вусъат ёфтани масоили амниятӣ, таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин самт яке аз иқдомҳои зарурӣ ва муҳимми дифоъ аз манфиатҳои ду кишвар ба шумор меравад.
Аҳаммияти амният дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро метавон бо якчанд омилҳо шарҳ дод:
- Мавқеи геополитикии кишварҳо. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон, ки яке аз ноустувортарин минтақаҳои ҷаҳон аст, воқеъ мебошад, ки ин ба амнияти ҳам Тоҷикистон ва ҳам ҳамсоякишварҳои он, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳдид менамояд. Аз ҷониби дигар, мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Мардумии Чин водор менамояд, ки ин кишвар ҳамкориҳоро дар самти таҳкими амнияти минтақавӣ густариш диҳад. Чунки болоравии мавқеи Чин дар сиёсати ҷаҳонӣ аз ҳамсоякишварҳои он вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар минтақаҳои муҳимми геополитикӣ ҷойгир буда, барои таъмини амнияту суботи минтақа нақши калидӣ доранд.
- Таҳдиду хатарҳои ғайрианъанавӣ. Аз равандҳои сиёсӣ бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи амният дорои манфиатҳои муштарак ва дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи амният аз якдигар вобастагии амиқ доранд. Аз ҷумлаи чунин манфиатҳои муштарак мубориза бо падидаи терроризму экстремизм мебошад. Баъзе қувваҳои беруна интизори фурсати муносибе ҳастанд, ки чунин мушкилотро дар сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин эҷод намоянд, аммо Тоҷикистон бо мақсади таъмини амният дар минтақа, ки сарҳади он бо минтақаи ғарбии Чин пайваст аст, баҳри ҳимоя тамоми чораҳоро меандешад.
- Амнияти иқтисодӣ. Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин сармоягузор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва махсусан дар Тоҷикистон буда, дар минтақа манфиатҳои қобили мулоҳизаи иқтисодӣ дорад. Таъмини амният омили муҳимми ҳифзи ин манфиатҳост.
Дар маҷмуъ, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ ва ҳамлаҳои киберӣ, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо таъсир мерасонанд, мувоҷеҳ шуда истодаанд, махсусан омили амниятӣ, хеле муҳим мегардад. Дар ин замина амнияти Тоҷикистон ва Чин аҳаммияти минтақавӣ дорад, зеро он ба ҳифзи субот ва амнияти минтақа мусоидат менамояд.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳа, махсусан дар соҳаи амният, 16 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни сафар Президенти кишвар бо намояндагони воломақоми роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоту гуфтушунидҳо доир намуданд. Гуфтушунидҳо доираи васеи масъалаҳоро фаро гирифта ҷонибҳо санадҳои нави ҳамкориро ба имзо расониданд, ки ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.
Дар таърихи 18 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти судманд анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ роҳбарони олии ҳарду кишвар масоили ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, пурзӯр кардани талошҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурданд. Бинобар вазъияти ноором дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ва зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва субот, ҷонибҳо густариши ҳарчи зичтари сохторҳои марбутаи тарафайнро дар ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд. Дар маҷмуъ, 25 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла дар соҳаи амният “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ” ба тасвиб расид.
Ҷиҳати баррасии вазъи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо кишварҳои минтақа рӯзи 19 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми якуми сарони давлатҳои “Чин+Осиёи Марказӣ” иштирок намуданд. Нахустин нишасти сарони давлатҳои “Чин+Осиёи Марказӣ” барои таъмини амнияти кишварҳои минтақа аҳаммияти бузург дорад. Воқеан ҳам таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳамкории дастаҷамъонаи тамоми давлатҳоро тақозо дорад. Кишварҳои минтақа низ зарурати густариши ҳамкориҳои байнидавлатиро дар самти амният дарк намуда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин низ дар оғози нишаст изҳор дошт, ки “Ҷомеаи ҷаҳон ба ҳамкории густурдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад. Халқҳои ин минтақа дар роҳи мустаҳкам намудани якдилӣ, фарогирӣ ва ҳамфикрӣ якдилона кӯшиш мекунанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки дар минтақа ихтилоф ва ҳатто зиддият ё низоъро эҷод намояд, ҳатто даъво ба манфиатҳои сиёсии худхоҳона дошта бошад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар нахустин нишасти сарони давлатҳои “Чин+Осиёи Марказӣ” вобаста ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳаммияти ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин+Осиёи Марказӣ” афзун мегардад. Дар ин росто Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин+Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъкид карданд. Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ яке аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад.
Дар фарҷоми суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули “Эъломияи Сиан”-ро ҷонибдорӣ мекунем.
Моҳияти амниятии “Эъломияи Сиан” дар он аст, ки ҷонибҳо чунин мешуморанд, ки масъалаи амният ва рушд дар замони муосир бисёр ҳам мубрам аст. Давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ташаббуси глобалии рушд, Ташаббуси глобалии амният, Ташаббуси глобалии тамаддунӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миён гузошташуда баҳои баланд дода, барои ҳамкории фаъолона омодаанд ва аҳаммияти онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи СММ оид ба рушди устувор ва таъмини сулҳу осоиш дар саросари ҷаҳон ва мусоидат ба пешрафти тамаддуни башар қайд намуданд.
Дар асоси “Эъломияи Сиан” ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъмини амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва сохти конститутсионӣ аҳаммияти махсус дошта, давлатҳо ба кӯшишҳои бадном кардани ҳокимияти қонунии давлатӣ ва барангехтани «инқилобҳои ранга», инчунин дахолат ба корҳои дохилии дигар давлатҳо дар ҳама шакл, муборизаи дастаҷамъона мебаранд.
Бояд қайд намуд, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дарназардошти омилҳои зерин муҳим аст:
- Амнияти иқтисодӣ. Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин шарики тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ба иқтисоди минтақа фаъолона сармоягузорӣ мекунад. Амният яке аз шартҳои муҳимми рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
- Амнияти иҷтимоӣ. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баъзе аз зарфиятҳои динию мазҳабии мардумаш метавонад мавриди истифодаи таҳдидҳои террористӣ ва ифротгароӣ қарор гирифта, аз ин ҷо метавонанд ба қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Чин паҳн шаванд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Мардумии Чин барои мубориза бо ин таҳдидҳо бо шарикони стратегии минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
- Амнияти сарҳадӣ. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо якчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарозии зиёда аз 3 000 км сарҳади муштарак дорад ва таъмини амнияти марзҳо яке аз масъалаҳои муҳимми амнияти миллии кишвари Чин ба ҳисоб меравад.
- Вазъи геополитикӣ. Ҷумҳурии Мардумии Чин саъю талош дорад, ки нақши худро дар минтақа таҳким ва бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити наздиктар барқарор намояд. Таъмини амният омили муҳимми расидан ба ин ҳадафҳост.
Дар умум, чунин шаклҳои ҳамкорӣ ба таҳкими минбаъдаи амният дар минтақа ва густариши равобити дӯстонаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Хулоса, ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ омили муҳимми таъмини субот ва шукуфоии минтақа мебошад. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти марзҳо ва масирҳои энергетикӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Ҳамкориҳои амниятӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин як ҷузъи муҳимми шарикии стратегӣ ва самти афзалиятноки ҳамкорӣ ба шумор рафта, ҳар ду ҷониб дар самти таъмини амнияти сарҳад, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва рушди амнияти энергетикӣ фаъолона ҳамкории судманд доранд. Натиҷаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин як такони ҷиддӣ дар рушди ҳамкориҳои амниятӣ хоҳад гашт.
САИДАҲТАМ Талбаков,
муовини сардори раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон