Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро мардуми мо ҳамчун солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ медонанд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки онро бадхоҳони миллати тоҷик роҳандозӣ карда буданд, боиси бесаробон мондани модарон, ятим гаштани кӯдакон, фавти шаҳрвандони бегуноҳ ва гуреза гаштани ҳамватанони мо гашт. Ин ҷанг бар замми фалаҷ гардонидани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамчунин, хатари парокандашавӣ ва нестии миллати моро дар миён мегузошт. Тақдири давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатар буд. Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар он замон барои ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомӣ ва амнияти кишвар мусоидат намуд. Нақши ин Иҷлосия аз қабули нахустин қарорҳо барои қатъи ҷанг, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва дигар масъалаҳои иборат буд.
Ҳашт давраи гуфтушиниди байни тоҷикон барои барқарорсозии сулҳу оромӣ гузаронида шуда, маротибаи охирини он 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо имзои санади тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфт. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон таваҷҷуҳи муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Баъд аз интихоб гардидан ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал вазъро баэътидол оварда, сипас барои барқарор сохтани тамоми соҳаҳои фалаҷшуда кӯшиш карданд. Бо мақсади таъмини рушду инкишофи босуръати кишвар дар назди Ҳукумати мамлакат се ҳадафи стратегӣ қарор дошт, ки ин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикиро дар бар мегирифт. Амалӣ шудани ин се ҳадаф ҳамарӯза ба чашм мерасад. Агар мо ҳадафи аввалро дида бароем, ба чунин хулоса меоем, ки таъмиру аз навсозии роҳҳо, бунёди пулҳою нақбҳо дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба кор даромадани заводу фабрикаҳо намунаи ин гуфтаҳост. Бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи-обӣ барои татбиқи ин ҳадаф ба шумор меравад.
Дастоварди беназири мардуми тоҷик Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафта, тавассути он кишвари мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷикро зери парчами давлатдорӣ муттаҳид сохта, онҳоро аз парокандагӣ наҷот дод. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо дар дохили кишвар, ҳамчунин, дар арсаи байналмилалӣ низ шоистаи таҳсин мебошад. Имрӯз ҳамаи мо бояд донем, ки сулҳу оромии кишвари мо осон ба даст наомадааст. Нуктаи муҳим ин ҷост, ки сулҳ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост. Нахустин қадам баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ барқарор кардани сохтору мақомотҳои давлатие, ки дар натиҷаи ҷанг боиси фалаҷ гаштани онҳо шуда буд, маҳсуб меёфт.
Дар шароите, ки вазъияти ҷаҳон зуд-тайғирёбанда аст, ин ҳолат табиист, ки нақши Ваҳдати миллӣ бештар аз ҳарвақта ҳис мегардад. Илм бо суръати кайҳони рушд карда истодааст ва моро мебояд дар ин раванд дастовардҳои илмиро истифода бурда, пойбанди ақидаҳои хурофотӣ нагардем. Ҳамарӯза ба истифода додани иншооти гуногун, боиси пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мегардад. Барои мустаҳкам нигоҳ доштани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон аз ҳар яки мо талошҳои бесобиқа талаб карда мешавад. Мо танҳо дар натиҷаи ин талошҳо ва заҳматҳои сидқан метавонем рушди ояндаи кишварамонро таъмин намоем. Ваҳдату иттиҳод сарчашмаи рушду инкишоф мебошад. Дар шуури наслҳо ҷой додани нақши дастовардҳои таърихӣ, аз қабили сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва равандҳои пурпечутоби тайкардашуда барои ба даст овардани онҳо аҳаммияти хоссаро доро аст. Ваҳдат омили созанда буда, таввасути пойдории он мо ҳамаи ҳадафҳо ва нақшаҳои рушдро таъмин менамоем. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон боиси гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии мардуми тоҷикро, ки дар натиҷаи ҷанг тарки ватан карда буданд, ба зиндагии дубора эҳё намуд.
Хулоса сулҳу Ваҳдати миллӣ боиси баргардонидани пиру ҷавон ба Ватан, ба дидори якдигар расидани модарони аз фарзандон ҷудогардида ва қатъ шудани ашки кӯдакон гардид. Халқи таммадунофари тоҷикро лозим меояд, ки сулҳ ва ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Таварова Моҳира Шарифхоновна,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон