Санаи 16 июни соли 2023 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор гардид.
Хайриддин Усмонзода дар оғози мулоқот Сафири муҳтарамро ба муносибати пирӯзи навбатии Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Эрдуғон дар интихоботи президентии чанде қабл баргузошуда ва 100-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия шодбош гуфта, робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Туркияро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду тараф мебошад. Ӯ, қабл аз ҳама, равобити фарҳангиву маънавии халқҳои тоҷику туркро таъкид карда, қайд кард, ки шахсияти фарҳангӣ, шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар ин маврид барҳақ фармудааст: “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”. Мавсуф ҳамчунин, инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳиро барои ҳар ду кишвари дӯсту ҳамфарҳангро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфиятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт истифода нашудаанд.
Зимнан, Хайриддин Усмонзода таъкид кард, ки бояд ҳамкориҳои илмиву пажуҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳодҳои пажуҳишӣ ва зеҳнии Ҷумҳурии Туркия ба роҳ монда шаванд. Барои ин кор бояд дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад. Дар он сурат, кормандони марказҳои таҳқиқотии ҳар ду кишвар метавонанд дар самтҳои гуногун пажуҳишҳои илмиву таҳлилӣ анҷом диҳанд ва китобҳои муштарак дар мавзуъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба табъ расонанд. Маркази тадқиқоти стратегӣ омода аст, бо марказҳои зеҳнӣ ва пажуҳишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия ҳамкориҳои илмиву табодули таҷрибаро ба роҳ монад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар дар навбати худ барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ба рушди робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Туркия баҳои баланд дода, таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ӯ таъкид кард, ки Ҷумҳурии Туркия яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Ӯ аз муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии халқҳои Тоҷикистон ва Туркия ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус бахши иқтисодиёту тиҷорат, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.
Ҷаноби Сафир қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Туркия якчанд маркази таҳқиқоти стратегӣ вуҷуд дорад. Сафорати Ҷумҳурии Туркия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар байни марказҳои зеҳниву таҳлилии Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои илмиву пажуҳишӣ барқарор гардад, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду кишвари дӯсту ҳамфарҳанг аст.
Тарафҳо доир ба вазъи зудтағйирёбандаи минтақаву ҷаҳон табодули афкор намуданд ва инчунин, нисбати афзоиши хатари терроризми байналмилалӣ ва таҳдиди онро ба кишварҳои алоҳида мавриди баррасӣ қарор дода, нигаронии хешро баён доштанд.
Мулоқот дар руҳияи дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон