Рӯзи 10 июн соли 2023 дар ҳошияи сафар ба шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардуми Чин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода бо директори Институти тадқиқоти Роҳи Абрешим ва Иститути Осиёи Марказии Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чин Лу Шанбин мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои илмӣ миёни марказҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Парвиз Муҳаммадзода зимни суханронии худ вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро мавриди таҳлил қарор дода, онро хеле ҳассос ва мураккаб арзёбӣ намуд. Иброз дошт, ки дар чунин раванди мураккаб нақши марказҳои таҳлилӣ дар муайяннамоӣ ва шинохти хавфу хатарҳо, пешбинии равандҳо ва мусоидат дар қабули қарорҳои дахлдор ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин, таҳкими равобити илмӣ- таҳлилӣ миёни ин ду ниҳоди фикрӣ саривақтӣ мебошад. Илова бар ин, мақом ва нақши калидии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ ва пешрафтаи ҳамкориҳои Чин бо кишварҳои минтақаро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар навбати худ Лу Шанбин низ ба таҷрибаи ғании давлатдорию роҳбарӣ, мақом ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарварии сиёсии муваффақ дар пешбурди дурнамои ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардуми Чин баҳои баланд дода, маҳз бо дарназардошти ҷойгоҳи махсуси Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар минтақа, изҳор дошт, ки дар назди Донишгоҳи Шимолу ғарбии шаҳри Сиани Чин «Маркази омӯзиши Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ менамояд.
Парвиз Муҳаммадзода барои ин тасмими муҳим ва саривақтии ҷониби Чин изҳори миннатдорӣ намуд. Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Маркази номбурда барои муаррифии фарогири таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва нақши калидии Тоҷикистон дар минтақа ва умуман шинохти мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сиан ва дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши муҳим хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон