Ваҳдати миллӣ барои хамаи мардуми озодандешу озодихоҳиии мардуми  тоҷик аз ҷумла барои истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои калон фароҳам овард, то ки ҳар пораи заминро самаранок истифода баранд ва аҳолии ватани аҷдодии хешро бо маводи хӯрокавории истеҳсолӣ худи таъмин намоянд.

Аммо тавре  маълум аст, солҳои аввали Ваҳдати миллӣ барои деҳқонони дар асл заҳматкаш басо гарону миён шикан омад ва соҳаи кишоварзӣ солҳои тулони дар ҳолати буҳрони иқтисодӣ қарор дошт.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки бевосита ба пешрафти соҳаи мазкур вобастагӣ дорад. Дастовардҳои иқтисодии кишвар дар ин самт назаррас мебошанд, зеро соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоби миёна қариб чоряки маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ барои такрористеҳсолкунӣ замина гузошт.

Имсол чунон ки бисту шаш сол қабл аз ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон онро соли тақдирсоз ва марҳаллаи гузариш ба давраи рушди сифатан аъло арзёбӣ намуд, барои ҳар фарди Тоҷикистон соли хоссаи тақдирсоз аст. Ҷашни муқаддасу фархунда – 26 солагии  Рўзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳ таҷлил мекунем. Ин ҷашни пуршукӯҳ ва пурсафо дар шароите мегузарад, ки халқи бунёдкори мо баъд аз таҷљлили  32- солагии Истиқлоли давлатӣ,  давраи пуршарафи гузаштаро пеши назар меорад.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорем, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ қарор дошт. Роҳи бунёди соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ дар амалӣ намудани иқдомҳои башардӯстона дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, саъю талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ ҳамчун намунаи олӣ ва бесобиқаи ба даст овардани сулҳу оштӣ ва аз байн бурдани низоъҳои дохилӣ  арзёбӣ шудааст.

Ваҳдати миллӣ омили асосие мебошад,  ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад, моро ба ҷомеаи якҷояшавӣ, сулҳу субот, хамдигарфаҳмӣ, ватандўстӣ, амнияти ҷомеа ва рушди иқтисодиёти мамлакат ноил мегардонад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.    Таъмини сулҳ ва ризояти миллӣ ба рушду равнақи иқтисодиёти кишварамон такони ҷиддӣ бахшид. Аз баракати  истиқрори сулҳ  ва ризояти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳfлаи нав оғоз шуд, ки дар натиҷа кишварамон ба рушди бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъмин гардид. Ваҳдати миллӣ тавлиди ҷомеаи навини Тоҷикистон аз рўзи қабул шуданаш барои барқарорсозии сохтори давлатӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид.                                                                                          Барои таъмини таҳкими минбаъдаи Ваҳдати миллӣ иҷрои вазифаҳои нав ниҳоят заруранд, ки халли самараноки ин вазифаҳо бештар аз таъмини амнияти озукавори вобастагии калон дорад, зеро он яке аз самтҳои асосии стратегияи давлат мебошад.  Ин вазифа ниҳоят пурмасъулият буда аз тамоми миллат кӯшиши талоши самаранокро талаб мекунад, зеро амнияти озуқаворӣ тавозуни озуқаи бозори дохилӣ, суботи истеҳсоли ватании маҳсулоти кишоварзӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти ғизоии ватаниро ифода мекунад.  Ҳалли ин масъала аз рушди босуботи соҳаи  кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Маҳз барои ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2016 кишоварзиро яке аз бахшҳои  такондиҳандаи иқтисоди Тоҷикистон ва таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва  аҳолӣ бо ҷойи кор номид.                                                                                   Ба туфайли Ваҳдати миллӣ пастшавии бемайлони сатҳи истеҳсолоти кишоварзӣ боз дошта шуд ва рушди босамари истеҳсоли тамоми навъҳои маҳсулоти хӯрокворӣ  оғоз ва фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид,  афзоиши сатҳи камбизоати аҳоли боздошта шуд ва  имкониятҳои маблағгузориҳои буҷетӣ аз ҳисоби афзоиши фоида ва фоиданокӣ беш aз беш  вусъат ёфта истодааст.                                                                             Масалан, дар давоми 26 соли  вахдати милли дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли ғалла 145% зиёд шуд. Мутаносибан, картошка- 8,54  маротиба зиёд,  сабзавот- 7,75 маротиба зиёд, мева -167%, гӯшт-  11,8 маротиба зиёд, шир –  4,53 маротиба зиёд,  тухм    кариб  97,8 маротиба зиёд, ва  чорвои калон бошад 143,2%  зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои  январ – декабри соли 2022 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 49272,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 1997-ум( 8302,5млн. сомонӣ) бо нархҳои муқоисавӣ 5,94 маротиба зиёд мебошад.                   Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар шароити Вахдати миллӣ,  соҳаи кишоварзӣ, бо вуҷуди омилҳои идомаёбандаи буҳрон  дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар тамоюлҳои манфии ҷойдошта, тавонист рушди бонизоми истехсолотро таъмин намояд ва ба барқарорсозии иқтисоди кишвар мусоидат намояд. Аммо ин дастовардҳо то кунун имкон намедиҳанд, ки  ба таъмини пурраи аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бо нархи паст ва ба рушди устувори кишоварзӣ ноил гашт, зеро  мутаассифона, то ҳол баъзе мушкилот, унсурҳои манфӣ мавҷуданд ва пайдо ҳам шуда истодаанд, ки  садди роҳи  ба таври пурра расидан ба ҳадафҳои стратегӣ гашта истодаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ва ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо заминаи рушди иқтисодиётро ба талаботи муосири ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давраи гузариш таъмин намуданд. Ба туфайли Ваҳдати миллӣ яқ қатор қонун ва қарорҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи давлатии амнияти бехатари озуқаворӣ» барои то солҳои 2015, “Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ барои солхои 2012-2020”, як катор барномахои сохави дар бахши  кишоварзӣ қабул  гардиданд.  Ҳарчанд давлат дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешидааст, аммо, мутаассифона заминаҳои таҳдидкунандаи он ба ҷомеа ба пуррагӣ аз байн нарафтааст.                                    Бояд қайд намуд, ки кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти  кишвари мо ба ҳисоб меравад, зеро бештар аз 7,04 млн. нафар, ё 71,2 % аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Инчунин сохаи кишоварзӣ дорои захираҳои калони замину об мебошад ва чунин неруи бузург дар сурати созмондиҳии илмӣ ва оқилонаи истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва дар сурати дастгирии давлатӣ қодир аст, ки на танҳо амнияти ғизоиро бидуни илм ва дастовардҳои он тасаввур намудан ғайриимкон аст. Татбиқи комёбиҳои илмӣ ва дар бозори истеҳсолӣ истифода гаштани илму технология, муҳити навоварии мусоидеро талаб мекунад, ки дар он илм ва истеҳсолот бемамониат робитаи зич дошта бошанд. Барои ин, яке аз самтҳои афзалиятноки истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди босуботи он, чори кардани инноватсия (навоварӣ) ба ҳисоб меравад, зеро фаъолияти соҳае, ки аз навигарихои илм ғизо ва сарчашма намегирад, яқинан ба кассодӣ, пастравӣ мувоҷеҳ мегардад.                                                                                              Бахши кишоварзӣ имрўз даромаднок нест ва ҷойҳои кории устуворро ба вуҷуд намеоварад, гарчанде таъмини ҷойҳои корӣ яке аз омилҳои муҳимми нигаҳдории пояи сулҳу субот ба ҳисоб меравад, зеро аксари он ҳодисаҳое, ки имрўз дар ҷаҳон рӯй медиҳанд, бевосита аз баланд шудани сатҳи бекорӣ ё худ сатҳи номусоиди иҷтимоӣ миёни ҷавонон шабоҳат дорад.    Инчунин мушкилот, ба монанди заволи зерсохтори (деградатсия) замин,  фаъолияти корӣ ва  моддӣ-техникии кишоварзӣ, вазъи номусоиди маблағгузорӣ ва қобилияти пасти пардохтии қисми зиёди деҳқонон, маҳдудияти захираҳои молиявии корхонаҳои кишоварзӣ, ки  бевосита ба паст шудани базаи моддӣ -техникӣ дар соҳа таъсир мерасонад ва ғайра арзи вуҷуд доранд.  Чунин омилҳои макроиқтисодӣ, ба монанди афзоиши нархи барқу сўзишворӣ, баланд гаштани арзиш ва норасоии тухмӣ, нуриҳои минералӣ, воситаҳои кимиёвии ҳифзи рустаниҳо ва дигар воситаҳои моддию техникӣ, ки дар соҳа истифода мешаванд, ба фаъолияти пурсамари хоҷагидорон ва рушди соҳаи кишоварзӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамаи ин имконияти  истеҳсолкунандагонро барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, гузаштан ба технологияҳои нави сарфакунандаи захираҳо  душвор месозад.                        Ҷой доштани  мушкилоти дар боло зикршуда зарурати барқарорсозӣ ва рушди имкониятҳои техникӣ ва технологии истеҳсолоти кишоварзиро, ба вуҷуд меорад. Барои ин зарур мешуморем:

– тарҳрезии роҳҳои такмили қарздиҳии кишоварзӣ, чун воситаи пешбарии дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва барои таъмини дастрасии деҳқон ба қарз;

–  амалӣ намудани сиёсати замин бояд ба маҳдуд сохтани гирифтани замин аз гардиш, хотима додан ба фурӯш ва истифодаи замини кишт ба мақсадҳои ғайрикишоварзӣ равона гардад. Ҷудо кардани замин бояд бо пешбинии истифодаи замини кишоварзӣ асоснок шавад ва тавассути қонунгузории замин танзим гардад;

–  беҳбуди ҳолати таъмини техника ва технологияи нави тавлиди маводи хӯрокворӣ ва селексияи муосир аз тариқи ҷалби тарҳҳои сармоягузории вобаста ба лизинги техника ба асоси маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ ва ташкили шабакаи пойгоҳҳои  мошинӣ-технологӣ ва ғайра;

– фароҳам овардани заминаҳои қонуни барои паст кардани андозбандии соҳибкорону корхонаҳои дехот,  дар сурати эҷоди ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби онҳо;

– омода кардани кадрҳое, ки қобилияти идоракунии самараноки равандҳои навоварӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои навоварӣ, сарфаи маблағ ба фаъолияти илмӣ-навоварӣ;

– дастгирии молиявии инноватсия доир ба навсозии фондҳои асосӣ, азхудкунии технологияҳои нав, дарёфт намудани мошину таҷҳизоти нав, тухмии навъи аъло ва чорвои зотӣ, нуриҳои минералӣ, воситаҳои муҳофизати растанӣ ва ғайра;

– азбаски дар кишоварзӣ истеҳсолоти майдамолӣ бартарӣ дорад, ки хеле камсамар аст ва деҳқонон наметавонанд мутахассисҳои соҳаро ба фаъолият ҷалб кунанд, таъсиси Маркази машваратӣ-иттилоотӣ аз ҳисоби тамоми мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, ки ба фермерҳо доир ба технологияи навин ва техникаи хозиразамон, парвариши зироат, чорво ва дигар масъалаҳо метавонанд тавсияҳои муфид диҳанд, зарур мешуморем;

– барои пойдории вахдат ва расидан ба вахдати комил бояд эътимоду бовари байни давлат ва ҷомеа боло бурда шавад, ки роҳи манфиатбахши аз ин хатарҳо эмин нигоҳ доштани ҷомеа мебошад, зеро баробари омилҳои дохилии ба таҳкими ваҳдат таҳдидкунанда мо бояд аз таҳдиди омилҳои берунӣ низ сарфи назар кунем. Масалан, ходисаҳои дар як қатор кишварҳои араб шоҳиди болоравии ин гуна омилҳо дар амалияи ҳозираи муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дар фазои Ваҳдат замони эҳёи давлатдории миллӣ ва рушди Ватани азизамон идома дорад ва аз ин даврони босаодат, ки насиби миллати тоҷик гардидааст, бояд қадру шукргузорӣ кард.

Дар ҳақиқат, ҷойи ифтихор ва шукргузорист, ки Ватан сиҳибистиқлоли мо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замони навин ва ҷомеаи пешрафти дунё ҳамқадам гардида, ҳам аз лиҳози сиёсат, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва фарҳангии комил пайдо намуда истодааст.

Фарзона Ғуломносирова,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
МТС-и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед