Аҳолии ҷаҳон беш аз пеш зиёд гардида, имрӯз зиёда аз 8 миллиард нафарро ташкил менамояд, ки дар натиҷа ба зиёд гардидани истеъмолот ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва рӯз то рӯз ба бештар истифода гардидани сарватҳои зеризаминӣ оварда мерасонад. Имрӯзҳо дар баробари мушкилоти ҷаҳонӣ масъалаи иқтисод, иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз мавзуи рузмара ва калидӣ ба ҳисоб меравад. Зеро барои ҷаҳон тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ соҳаи иқтисод ҳамчун воситаи асосии таъмин ва зиндагии осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад, аммо боиси нигаронист, ки дар баробари афзоиши истеҳсолот ва истеъмолоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи муҳити зист чандон аҳаммияти зарурӣ дода намешавад. Дар натиҷа, бо пайдо гардидани партовгоҳҳои нав ва паст гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум оварда мерасонад, ки баробари рушди иқтисоди сабз ва тағйирёбии иқлим ҷонибдорони он низ беш аз пеш афзоиш ёфта истодааст.
Оре, «иқтисоди сабз» – кафолати рушди устувор барои имрӯз ва фардои кишвар буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ин мавзуи рӯзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда иброз доштанд, ки «…бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад».
Вобаста ба ин, солҳои охир аз ҷониби олимону мутахассисон, то ҳатто аз ҷониби сарони давлатҳо ва роҳбарони сатҳҳои гуногуни давлатдорӣ, мавзуи «иқтисоди сабз» мунтазам мавриди баррасӣ қарор мегиред, чунки «иқтисоди сабз» ҳамчун шакли нави рушди иқтисод дар заминаи технологияи коркарди аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳсулот ба вуҷуд меояд. Дар баробари ин, сухан на доир ба миқдор, балки доир ба сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва роҳи нигоҳдории некуаҳволӣ меравад. Дар ин самт тавассути иқтисодиёти анъанавӣ, вобаста ба раванди истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба муҳити зист бетаъсир нахоҳад монд. Аз ин рӯ, ҳоло вақти он расидааст, ки ояндаи беҳтареро созем, ки ягона роҳи нигоҳ доштани некуаҳволӣ ва рушди босуботи кишвар маҳз «иқтисоди сабз» ба ҳисоб меравад.
Қобили қайд аст, ки барои кишварҳои минтақа ҳамчун нишондиҳандаҳои иқтисоди сабз ва роҳҳои расидан ба ҳадафҳои асосии рушди устувор гуногун мебошанд. Масалан, барои Ҷумҳурии Қазоқистон зиёд кардани ҳиссаи манбаъҳои алтернативии энергия бошад, барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Туркманистон истифодаи ратсионалии захираҳои об ва табиат, барои Ҷумҳурии Қирғизистон гузариш ба саноатикунонӣ мебошанд. Дар ин самт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан раванди саноатикунонии босуръати кишвар ва амалишавии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нақши калидӣ дорад, ки ба рушди устувори кишвар кафолат дода метавонад.
Инчунин, дар самти рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати мушаххас намудани ҳадафҳои асосӣ ва татбиқи саривақтӣ ва сифатноки «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037» саҳми асосӣ дорад, зеро «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи амал баҳри татбиқи он дар солҳои 2023-2025 ва индикаторҳои асосии стратегия замима мегарданд. Аз ин лиҳоз, татбиқи ҳадафу вазифаҳои Стратегия дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар воситаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад. Дар умум, 15 соли минбаъда миқдори маблағгузории «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037» ба маблағи 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ менамояд, ки аз якчанд марҳила иборат мебошад:
– якум ва дуюм, (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2028) чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот доир ба «иқтисоди сабз», таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя намудани онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад, ки барои онҳо маблағгузории давлатӣ ва шарикони рушд зарур аст;
– сеюм ва чорум (солҳои 2029-2031 ва солҳои 2032-2034) чорабиниҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту инфрасохтор, сохтмон, хоҷагию манзилии коммуналӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, инчунин, идомаи таҳкими асосҳои ниҳодии «иқтисоди сабз» дар кишварро дар бар мегирад;
– панҷум (солҳои 2035-2037) чорабиниҳо дар самти рушди «иқтисоди сабз», нигоҳ доштан, афзун намудан ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар асоси принсипи «иқтисоди сабз»-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳала бозори рушдкардаистодаи сармоягузории «сабз» дар кишвар ташаккул меёбад.
Мусаллам аст, ки шароити мусоиди экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дорои имконияти фаровон мебошад. Дар ин самт, яке аз масъалаи рушди устувор ва нишондиҳандаҳои асосии «иқтисоди сабз» энергетика ва истифодаи самаранокии он ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, ки «…истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус захираҳои об, яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди «энергияи сабз» ва рушди «иқтисоди сабз» ба ҳисоб меравад».
Боиси сарфарозист, ки бо иқдомҳои шоистаи Роҳбарияти олии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба роҳ монда шудааст, ки НБО-и «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, аз 6 агрегат иборат мебошад. Тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Дар ин самт ҳоло дар кишвар сатҳи истифодаи захираҳои обӣ бо мақсадҳои энергетикӣ 7%-ро ташкил намуда, соли 2024 сатҳи истифодаи захираҳои обӣ дар НБО-и «Роғун» ба 10,9 % ва соли 2030 ба 13,1% хоҳад расид, чунки Тоҷикистон дорои захираи бузурги барқароршавандаи энергия буда, тибқи ҳисобҳои назарӣ иқтидори захираи энергияи обӣ 527 млрд.квт/соат-ро солона ташкил менамояд.
Инак, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди «иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузошта, бо имконият ва захираҳои ғании мавҷуда дар соҳаи ҳаётан муҳимми энергетика, кишоварзӣ ва аз лиҳози экологӣ истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ беш аз пеш муваффақ гардида истодааст. Албатта, ҷомеа торафт бештару бештар дарк менамояд, ки барои нигоҳ доштани некуаҳволӣ мардум маҳз иқтисоди сабз нигаронида шуда, ба рушди иқтисодиёт ва маҷмӯи равандҳои истеҳсолӣ оварда мерасонад. Барои некуаҳволии мардум дар баробари пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ мардуми сарбаланди тоҷикро зарур аст, ки дар раванди ба маҳсулот табдил додани сарватҳои табиӣ саҳмгузор бошанд.
Ногуфта намонад, ки бинобар зиёд будани омилҳои асосии “иқтисодиёти сабз” боз ҳам ҷалби сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Дар ин росто бо иқдомҳои шоистаи Роҳбарияти олии кишвар ва татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, аксари корҳо давра ба давра ба сомон расонида шуданд. Хусусан, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои асосии кишвар дар самти «иқтисоди сабз» корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, оғоз аз самаранокии ислоҳоту роҳандозӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, то ба таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар бар мегиранд. Дар як муддати кӯтоҳ, таҷдиди якчанд неругоҳҳои обии кишвар ва вусъат бахшидан ба бунёди иншоооти бузурги аср – НБО-и «Роғун» аз зумраи хизматҳои шоёни роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб рафта, воқеан ҳам 95 дарсади барқ дар кишвар тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад ва итминони комил дорем, ки дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пештози “энергияи сабз” дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
Боиси ифтихор аст, ки сарзамини Тоҷикистон бо табиати сарсабзу хуррами дорои манбаъҳои зиёди табиӣ ва сарватҳои зеризаминӣ фарқкунанда мебошад. Аз ин лиҳоз, вусъат бахшидани чунин корҳоро зарур мешуморем:
- такроран коркард намудани ҳамаг уна партовҳоро барои ҳифзи муҳити зист зарур мешуморем. Воқеан ҳам, сӯзонидани партовҳои рангаю пластикӣ ба гармшавии иқлим ва саломатии ҷомеа осебпазир мебошад. Дар ин самт солимӣ ва некуаҳволии ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии давлат мебошад.
- татбиқи бештари барномаҳои ҳифзи муҳити зист бо шарикони рушд дар минтақа ва ҷумҳурӣ. Ҳамзамон, барои истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳавасмандгардони ҷорӣ намудан;
- зиёд намудани имтиёзҳои давлатӣ ба корхонаҳое, ки пурра аз истеҳсоли “неруи сабз” истифода менамоянд ва ба ширкатҳое, ки ба сохтмони биноҳои каммасраф ва замонавӣ машғул мебошанд;
- ҷалби бештари сармояи сабз ба тағйирёбии иқлим, зеро “иқтисодиёти сабз” боз ҳам ҷалби сармоягузории зиёдро тақозо менамояд.
Ҳамин тавр, татбиқи “лоиҳаҳои сабз” манбаҳои таҷдидшавандаи “энергияи сабз” ва ташаккули “иқтисоди сабз” ба рушди босуботи кишвар мусоидат хоҳанд намуд. Воқеан ҳам, солимии ҷомеа аз солимии табиат вобастагии калон дошта, дар баробари сиёсати комили Пешвои миллат барои ҳифзи табиат ва захираҳои он ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушд иқтисодиёти миллӣ пайваста талош намоем.
Муртазоев О.Қ., сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон