Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2023 мизи гирдро  дар мавзуи «Вазъи таъминоти кадрӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ» баргузор менамояд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш омӯзиш ва таҳлили вазъи кунунии таъминоти кадрии соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта мебошад.

Дар мизи гирд масъалаҳои зерин таҳлил ва баррасӣ хоҳанд шуд:

–низоми тайёр намудани кадрҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар

муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ;

–вазъи таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ;

–таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ дар таъмини кадрҳои соҳаҳои маориф ва

тандурустӣ;

–вазъи ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустӣ;

–сиёсати гендерӣ дар таъмини кадрҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ.

Дар мизи гирд олимону мутахассисон, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин, кормандони дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ ширкат меварзанд.

Масъул: Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС

Замони оѓози њамоиш: 9.00

Макони баргузорї: шањри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, толори ошёнаи 4.

Телефон барои тамос: 221-32-56;  918-42-91-84, 2-21-41-29.

Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед